— Як қошуқчагӣ решаи валерина, бобуна, барги мармарак ва баргҳои пудинаи боғиро (куфтаи ин растаниҳоро) гирифта ҳамроҳ мекунед ва як қошуқи калон аз ин маҷмўъ гирифта, ба зарфи сирдор мерезед ва то хунук шуданаш сарпўшашро аз болояш намегиред. Баъди хунук шуданаш, онро дар давоми рўз ба андозаи як қошуқ истифода мебаред.
Ҳолатҳое мешаванд, ки дар натиҷаи асабоният дар занҳо ҳайз манъ мешавад. Дар чунин ҳолат низ давоҳои аз гиёҳу растанӣ тайёршуда ба занҳо кўмак мерасонад. Яъне ҳайзро ба низом медарорад ва ҳам асабҳоро ором мекунад.
— Як қошуқӣ аз куфтаи решаи валериана, заргулак (чойкаҳак, зверобой), гулҳои олуро бо ҳам омехта, як қошуқ аз ин омехтаро ба зарфи сирдор андохта аз болояш як стакони оби ҷўшомада ҳамроҳ менамоед. Сипас 30 дақиқа (ним соат) онро нигоҳ медоред. Ин даворо шабона истеъмол намоед.
Баъзан духтарони ба шавҳар набаромада низ аз хунравии зиёд ранҷ мекашанд ва табиист, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат худро нороҳат ҳис мекунанд ва мумкин аст сабаби бемориҳо шавад. Тибби гиёҳдармонӣ барои аз чунин вазъият берун кардани духтарон тавсияҳои хуб дорад.
— Як қошуқ куфтаи алафи хуккардашудаи раҳдавакро дар зарфи сирдор андохта, аз болояш 1 стакан оби ҷўшомадаро резед ва сарпўши зарфро пўшед. Баъди 20-25 дақиқа даво омода мешавад. Ин даворо рўзе 4 маротиба як қошуқӣ истеъмол намоед.
— Як қошуқи миёна алафи ҷағ-ҷағ ва ҳамин қадар алафи зардсаракро якҷоя карда, ба зарфи сирдор андозед ва ба болояш 2 стакан оби ҷўшомада рехта, 30-35 дақиқа болояшро маҳкам нигоҳ доред. Истифодаи ин ду маротиба (субҳ ва шаб) як стакани боисӣ манъ шудани хунравӣ мегардад.
— Ду қошуқи миёна зиркро ба зарфи шишагин ҳамроҳ мекунед ва 6-7 рўз дар ҷои торик нигоҳ медоред. Онро рўзе ду маротиба 30 қатрагӣ истифода мебаред.
ШАМОЛХЎРИИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ
Дар мавриди иллати узвҳои таносул, аз ҷумла расидани таъсири хунукӣ ба он ҳатман бо маслиҳати духтур давоҳоро истифода бурдан лозим аст. Дар зер якчанд даво пешкаш мешавад.
— Як қошуқчаи миёна куфтаи решаи қоқу, ҳамин миқдор барги қорт ва газандакаҳакро гирифта, ба ҳам омехта мекунед. Ба як қошуқи ин омехта дар дохили зарфи сирдор як стакан оби ҷўшомада ҳамроҳ мекунед ва даҳони зарфро пўшида, 15 дақиқа нигоҳ медоред. Баъди хунук кардан, се маротиба дар як рўз ним соат пеш аз хўрок, як стаканӣ мехаред ва ё занҳо барои аз таг бардоштан истифода мебаранд.
— Як қошуқ барги пудинаи боғӣ, алафи зардсарак, барги газандакаҳакро омехта, ба як қошуқи ин омехта, ки дар зарфи сирдор андохта шудааст, як стакан оби ҷўшомада ҳамроҳ мекунед ва давоми 30 дақиқа нигоҳ медоред. Онро гармогарм як стаканӣ ду маротиба дар як рўз истифода мебаред.
— Як қошуқӣ алафи заргулак, чанорак ва ҷамилакро ба ҳам омехта ба зарфи сирдор мерезад ва аз болояш оби ҷўшомада ҳамроҳ мекунед (ба миқдори ду стакан ба як қошуқи омехтаи гиёҳҳо). Болояшро маҳкам карда, то хунук шуданаш нигоҳ медоред. Давои тайёркардашударо дар давоми рўз пурра истеъмол намоед.
ТАБОБАТИ СЎЗОК (ВАРАМИ ХИЧАК)
Барои табобати сўзок пеш аз ҳама растаниҳое истифода бурда мешавад, ки хусусияти пешобронӣ ва поккунанда доранд. Қамчинбутта, мухаллас, раҳдавак, пупаки ҷуворимакка, ҷамилак ва бобуна аз ҷумлаи чунин растаниҳост, ки аз маҷмўи он даво омода карда мешавад. Бояд донист, ки ин гиёҳҳоро бе истифода маҷмўи меваю растаниҳои таскинбахш (қорт, хулул, газандакаҳак ва ғайра) набояд мавриди истифода қарор дод. Тарзи тайёр кардани давоҳо ба мисли усулҳои дар боло баёнкарда мебошад.
ХУШКШАВӢ АЗ ҲАЙЗ, АСАБОНИЯТ
Агар ҳангоми хушкшавӣ аз ҳайз (климакс) дар занҳо асабоният пайдо шавад, растаниҳоеро мавриди истифода қарор додан лозим аст, ки пеш аз ҳама асабро ором намояд. Истифодаи гиёҳҳо инчунин дар майнаи сар нуқтаҳои баваҷдоварандаро бедор мекунад.
— Ду қошуқӣ меваи дўлона, хуч (хулул) ва як қошуқ ҷамилакро якҷо мекунед ва дар зарфи сирдор мерезед. Ба миқдори як қошуқӣ маҷмўи растаниҳо як стакан оби ҷўшомада ҳамроҳ мекунед ва 25 дақиқа нигоҳ медоред. Сипас як стаканӣ рўзе ду бор менўшед.
— Як қошуқи миёна решаи гулхор, се қошуқӣ алафи зардсарак, ҷағ-ҷағ, решаи маҳмилро ба ҳам омехта, дар зарфи сирдор ҷой медиҳед. Ба он оби ҷўшомада мерезед ва 10-15 дақиқа меҷўшонед. Сипас онро хунук карда, як стаканӣ рўзе ду маротиба истеъмол мекунед.
— Як қошуқӣ куфтаи хори марғелон, барги пудина ва алафи зардсаракро гирифта омехта мекунед ва ба зарфи сирдор меандозед. Аз болояш 3 стакан оби ҷўшомада мерезед ва даҳонашро маҳкам карда як муддат, то хунук шуданаш нигоҳ медоред. Ин даворо баъди ҳар 90 дақиқа як қултӣ истеъмол намоед.
ИЛОҶИ САХТШАВИИ ДАРУН ҲАНГОМИ ҲОМИЛАДОРӢ
Як қошуқӣ маҳмил, арпабодиён ва се қошуқи миёна ҷағ-ҷағро ба ҳам омехта, ба зарфи сирдор меандозед ва ба миқдори се стакан оби ҷўшомада ба як стакан маҷмўи гиёҳҳо ҳамроҳ карда, 10 дақиқа меҷўшонед. Ҷўшобаи тайёршударо ним стаканӣ, чор маротиба дар як рўз ним соат пеш аз хўрок истеъмол мекунед.
ТАБОБАТИ ТАЛХАДОН ҲАНГОМИ ҲОМИЛАДОРӢ
Табобати тамоми бемориҳои талхадони (варами талха, санги талха) занҳое, ки ҳомилаанд аз табобати то давраи ҳомиладории онҳо фарқ намекунад. Дар ин ҳолат парҳезро ҳатман бояд риоя кард. Хўроки қиммашуда, гўшти дар буғпухташуда, ҷўшобаи сабзавот ва ё пухташуда аз ҷумлаи ғизоҳои парҳезист. Илова ба табобате, ки духтур мефармояд, табобат бо гиёҳу растаниҳо низ фоидаи хуб меоварад. Ин аслан гиёҳҳои талхаронанд.
— Як қошуқи миёна решаи валерианка, ҳамин қадар пусти зирк ва пудинаи боғиро якҷоя дар зарфи сирдор меҷўшонед ва аз болояш 2 стакан оби ҷўшомада мерезед ва 20 дақиқа дам мепартоед (настаивать). Ҷўшобаи омодашударо ним стаканӣ ду маротиба дар як рўз менўшед.
— Ду қошуқӣ алафи қамчинбутта, зардсарак ва арпабодиёнро ба ҳам омехта, дар зарфе ҷой медиҳед ва аз болояш 2 стакан об ҳамроҳ карда, меҷўшонед. Баъди хунук шудан онро ба миқдори 1/2 стакан ду маротиба дар як рўз пеш аз хўрок истеъмол мекунед.
ДАВОҲОИ МАРДУМӢ ҲАНГОМИ ВАРАМИ ПОЙҲОИ ЗАНҲОИ ҲОМИЛА
Варами пой ва серобии бачадони зани ҳомила ҳангоми сустшавии кори гурда ба амал меояд. Дар ин ҳолат якчанд давоҳои таъсирбахши гиёҳиро тавсия мекунем.
— Як қошуқ думчаи (бандаки меваи олуча (олуболу)-ро гирифта дар зарфе меандозед ва як стакан оби ҷўшомадаро ҳамроҳ мекунед ва 20 дақиқа меҷўшонед. Баъди хунук шуданаш ба қадри 1\2 стакан ду маротиба дар як рўз менўшед. Махсусан, дар ҳолати серобии бачадон.
— Ба болои як қошуқ гулу меваи дўлонаи сурх ду стакан оби ҷўшомадаро ҳамроҳ карда, 30 дақиқа мемонед (дам мепартоед). Баъд онро меполонед ва ба қадри 1/3 стакан 2-3 маротиба дар як рўз истеъмол мекунед.
Бурҳониддин КЕНҶАЕВ, ҷарроҳ-эндоскопист, гиёҳшинос,
деҳаи Теппаи Самарқандӣ, ноҳияи Рўдакӣ.