• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Небулайзер-мушкилкушои нафастангӣ

от user
в Бемориҳои роҳҳои нафас
0

Тибқи тадқиқоту омори мавҷуда маргу мири одамон аз бемориҳои музмини шуш дар ҷаҳон дар ҷойи чорум қарор дорад. Дар кишвари мо низ теъдоди мубталоёни он, мутаассифона, кам нест.

— Ин беморӣ аз зумраи бемориҳои паҳнгаштаи шуш буда, онро бронхити музмин низ мегӯянд. Дар бемор нишонаҳои тез-тез сулфа кардан, нафаскашии ҳуштакдор ва дамкӯтаҳию мондашавӣ дида мешавад. Аслан, гирифторони ин беморӣ аз боду ҳавои чанголуд ва дуди тамоку азият кашида, худро нороҳат ҳис мекунанд, — мегӯяд табиб — аллерголог Гавҳар Ҳаётова.

Баъзан бо ин нишонаҳо аҳволи бемор якбора вазнин шуда, одатан он чанд рӯз давом меёбад ва табобати дурударозро тақозо мекунад.

Табиб иброз медорад, ки аксари беморон бо фарорасии фасли тирамоҳ ва то анҷоми мавсими баҳор, асосан, аз нишонаҳои бемориҳои аллергикӣ ва илтиҳоби роҳҳои нафас шикоят мекунанд.

— Фасли сармо давраест, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ намуда, одамон аз чангу гард ва сармохурӣ мубталои бемориҳои роҳҳои нафас мегарданд. Аксари онҳо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро аз аллергия фарқ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, антибиотикҳоро истифода мебаранд. Бехабар аз он ки барои нафарони ба антибиотикҳо ҳассос истеъмоли он оқибати ногувор дошта, ҳолаташонро якбора вазнин мекунад. Таъкид менамоям, ки аз антибиотикҳо танҳо бо маслиҳати табиб бояд истифода бурд.

Воқеан, байни бемориҳои аллергикӣ ва роҳҳои нафас тафовути ҷиддӣ вуҷуд надорад. Хориши гулӯ, сулфа ва тез — тез атса задан нишонаҳои бемориҳои аллергикӣ низ мебошад. Фарқият танҳо дар он аст, ки зимни маризиҳои роҳҳои нафас ҳарорати бадан баланд мешавад, — шарҳ медиҳад Гавҳар Ҳаётова.

Гавҳар Ҳаётова ҳамчунин изҳор медорад, ки сари вақт ба табобат фаро нагирифтани гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва шамолкашӣ хатари гирифторшавӣ ба маризии илтиҳоби шушро дар онҳо ба вуҷуд меорад. Ҳамчунин, беаҳамиятӣ ба маризиҳои аллергикӣ боиси мубтало гардидан ба бемориҳои асматикӣ мешавад, ки табобати он муддати дурудароз идома меёбад.

— Ҳангоми гирифторшавӣ ба бемориҳои роҳҳои нафас дар баробари истеъмоли дорувориҳо беморон аз маҳлулҳои махсус барои ингалятсия истифода мекунанд. Имрӯз, ки пешрафти технология дар ҳама соҳаҳо мушоҳида мешавад, дар соҳаи тиб низ рушди технологияи муосир чашмрас аст.

Небулайзер яке аз таҷҳизоти ихтироъшудаи замони муосир мебошад. Он чанд соли охир аст, ки барои беморони роҳҳои нафас чун ёрии аввалин ба таври васеъ истифода мегардад.

Тавассути небулайзер бемор маҳлули тавсияшударо нафас мекашад, ки ҳолаташро беҳ месозад.

Бояд гуфт, ки Небузайлерро на танҳо дар мавриди беморӣ, инчунин барои пешгирӣ аз маризиҳои роҳҳои нафас низ метавон истифода кард. Масалан, онҳое, ки нафастангӣ доранд, бо ин асбоб аз маҳлули небутамон истифода менамоянд. Дар шароити хона низ небулайзерро метавон истифода бурд. Ба шарте, ки маҳлулро табиб тавсия дода бошад, — мегӯяд табиб Гавҳар Ҳаётова.

Паймонаи Ҷовидон,

«Даво»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030 таҳия мешавад

Мақолаи навбатӣ

Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?

Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Роҳи осони ҳифзи саломатӣ-нӯшидани об

Роҳи осони ҳифзи саломатӣ-нӯшидани об

20.07.2026
Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

Боз як ҷарроҳии нодир дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт

19.07.2026
Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

18.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ