Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми соли 2023 аз тарафи Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамагӣ 136790 ташхиси озмоишгоҳӣ барои 29961 нафар гузаронида шуд. Дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бошад, давоми соли 2023 аз ҷониби Озмоишгоҳ ба 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 10 137 ташхиси озмоишгоҳӣ гузаронида шуд.
Миқдори ташхисҳои гузаронидашуда дар соли 2023 136790 буда, нисбати миқдори ташхисҳои гузаронидашуда дар соли 2022 (130298) 4,98% (6492 ташхис зиёд) зиёд мебошад.
Барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи муассиса дар соли 2023 ба 1239 нафар маъюбон ба маблағи 59969 сомонӣ, ба 593 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 31105 сомонӣ, ба 225 нафари дигари гуруҳи осебпазирӣ ҷомеа ба маблағи 15939 сомонӣ, ба 9 нафар шаҳрванд дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 2173 сомонӣ, дар умум ба 2066 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 109186 сомонӣ ба тариқи ройгон 10137 ташхисҳои озмоишгоҳӣ (клиникӣ 3058, биокимиёвӣ 1419, вирусологӣ 5613 (3381 тояш Covid-19), иммунологӣ 37, бактериологӣ 10 гузаронида шудааст.
Дар ин давра дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба бошандагони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб 183 ташхиси умумии хун, 147 ташхиси умумии пешоб, 53 ташхиси умумии фазла ба маблағи 9258 сомонӣ ба тариқи ройгон гузаронида шудааст.
Соли 2023 аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (таҳқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 9 муассисаи тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шуд.
Баҳри иҷрои супоришҳо дар самти назорати амалисозии ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар чаҳорчӯби Барномаи саломатии ягона ҷиҳати дастгирии амалҳои афзалиятнок оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон», аз ҷумла назорати эпидемиологии E.Coli ESBL, устувории он ба доруҳои зиддимикробӣ ва баҳодиҳии берунаи сифати ташхисҳои бактериологӣ санҷиши озмоишгоҳи бактериологии 6 муассисаи тандурустии мамлакат гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ дар баробари пешравиҳо камбудиҳое, ки қариб дар ҳамаи озмоишгоҳҳо якхела мебошанд, ошкор карда шуданд. Аз ҷумла:
- Дараҷанокии мутахассисон пурра таъмин нашудааст;
- Тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС-СОП) нодуруст таҳия шудаанд;
- Воридгарии шахсони бегона ба озмоишгоҳ мушоҳида карда мешавад;
- Мӯҳлати мӯҳлати эътибори аккредитатсия гузашта мебошад;
- Воҳиди корӣ ва ё шартнома барои хизматрасонии техникӣ мавҷуд нест;
- Санҷишҳои назорати гузаронида намешавад;
- 7. Дар барномаҳои сифати ташхисҳои озмоиши иштирок наменамоянд ва ё назорати байниозмоишгоҳии сифати ташхисҳо дар дафтари махсус қайд карда намешавад;
- Ҷойгиршавии ҳуҷраҳои корӣ нодуруст ташкил шудааст, мебелҳо фарсуда мебошанд.
Барои баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон дар соли сипаришуда 42 дарси омўзишӣ дар алоҳидагӣ бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи фаъолият гузаронида шуда, тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС (СОП) аз нав баррасӣ шуданд. Дар ин давра 12 аудити дохилӣ ва салоҳиятнокии 30 мутахассисон, 29 маҷлиси системаи менеҷменти сифат гузаронида шуда, 270 номутобиқатӣ дар фаъолияти корӣ муҳокима шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд.
Рӯйдод ва дастоварди муҳими озмоишгоҳ дар соли 2023 — ин аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намудани Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Озмоишгоҳи миллии референсиро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии II Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои 2018-2023, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи зарурӣ кӯмак расониданд.
Тибқи баҳогузории ҳайати намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 хол соҳиби 96 хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз эътироф гардид.
Ҳамин тавр, 13 сентябри соли 2023 директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода номаи расмии Созмонро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Ба ғайр аз ин муассиса дар барномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва сертификат шуданд.
Бояд гуфт, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони озмоишгоҳ низ чораҳои муассир андешида мешаванд. Ҳамчунин онҳо бо ин мақсад дар семинару конфронсҳои байналмилалӣ, курсҳои омӯзишии дигар давлатҳо, аз ҷумла Фаронса, Дания. Голландия, Эрон, Туркманистон иштирок намуда, дар худи дохили кишвар низ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби сертификат мегарданд.
Бо баёни ин матлаб гуфтаниям, ки ҳоло иқтидори ташхисии озмоишгоҳ рӯз аз рӯз пурқувват гардида, мардум метавонанд бо боварии комил аз хизматрасонии Озмоишгоҳи миллии референсӣ истифода намоянд.
Баҳодур Холназар,
директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ


