
Коршиносон муътақиданд, ки саломатии пӯст аз ғизо вобаста аст. Аз ин рӯ, кайҳо муқаррар кардаанд, ки барои хуб шудани ҳолати пӯст чиро бояд хӯрд ва аз чӣ канора ҷуст. “Даво” дар асоси тавсияи коршиносон чанд маҲсулотро бароятон пешниҳод мекунад, ки баъди истеъмолашон пӯсти рӯй, даст ё баданатон ба тарзи намоён зебою дилкаш мешавад.
МАҲСУЛОТИ БАҲРӢ ВА МОҲӢ
Маҳсулоти баҳрӣ аз витаминҳои А ва Е бой буда, саломатии пӯстро беҳтар мекунанд. Дар таркиби онҳо, инчунин руҳ мавҷуд аст, ки ба истеҳсоли коллаген дар бадан таъсир расонида, чандирияшро меафзояд.
Дар байни маҳсулоти баҳрӣ аз рӯи фоида ба пӯст ҷои аввалро садафак мегирад. Чунки миқдори зиёди руҳ дорад. Интихоби моҳӣ ҳам барои пӯсти зебо кори осон аст: ҳар қадар фарбеҳ бошад, ҳамон қадар дар таркибаш зиёд омега-3 дорад.
МЕВАҲОИ СИТРУСӢ
Дар таркиби меваҳои ситрусӣ илова ба руҳ витамини С ҳаст, ки барои истеҳсоли коллаген зарур аст. Илман собит шудааст, ки истеъмоли ҳаррӯзаи 500-1000 мг ин витамин ба низоми масуният таъсири судманд расонида, пиршавии пӯстро бозмедорад. Дар таркиби шарбати афлесун ва дигар меваҳои ситрусӣ, инчунин исфаноқ, карами намакин ва хуч витамини С бештар аст.
САБЗӢ
Агар пӯсти шумо дар давраи тобистону тирамоҳ хушк шудан гирад, пас баданатон ба миқдори кофӣ витамини А надорад. Ин витамин, махсусан, дар таркиби сабзӣ, каду ва дигар сабзавоти норанҷӣ ба миқдори зиёд мавҷуд мебошад. Витамини А дар якҷоягӣ бо равғанҳо хубтар ҷаббида мешавад. Аз ин рӯ, ба оби сабзӣ ё шарбати каду каме қаймоқ илова кунед.
ЧОРМАҒЗ
Барои пӯсти солим чормағз низ муҳиму муфид аст, чунки витамини Е дорад. Ин витамин тавозуни дурусти намиро дар пӯст таъмин мекунад. Агар шумо мунтазам як каф чормағз ё бодом хӯред, дере нагузашта пӯстатон таранг мешаваду хушҷило. Махсусан, пӯсти рӯй, лекин дар хотир дошта бошед, ки арахис ин дараҷа фоиданок нест. Зимнан, пеш аз хӯрдани чормағз онро чанд соат дар об тар ва баъд дар тафдон хушк кунед.
РАВҒАНИ ЗАЙТУН
Зайтун витаминҳои A, D, E дорад, ки пӯстро тароват ва чандирӣ мебахшанд. Кислотаи олеин бошад, намии пӯстро нигоҳ медорад, мубодилаи липидиро фаъол намуда, ба ҷаббиши беҳтари дигар васоити ороишӣ мусоидат мекунад. Равғани зайтун ҳамчунин муҳофизи хубест аз нурҳои ултрабунафш, шамол ва ҳавои ифлос.
Таҳияи Мадинаи ДАВЛАТ



