
Он иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯи 35 номина то моҳи сентябр идома меёбад. Ғолибон бо ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳадафи озмуни “Табиб сол – 2026” баланд бардоштани сатҳи касбият, ҳавасмандгардонии табибон ва қадрдонии онҳо дар рушди соҳаи тандурустии кишвар мебошад. Номинаи асосии озмун “Табиби сол” буда, барои ихтисосҳои асосии дармонӣ (терапевтӣ), клиникӣ ва ҷарроҳӣ пешбинӣ шуда, инчунин табибони озмоишгоҳӣ, мутахассисони соҳаи тадқиқоти дастгоҳӣ низ метавонанд ширкат кунанд. Номинаҳои “Беҳдошти сол – 2026”, “Дорусози сол – 2026”, “Корманди иҷтимоии сол – 2026” ва “Корманди солимии ҷамъиятии сол -2026” аз номинаҳои дигари ин озмун мебошанд ва ба мутахассисони ин соҳаҳо бахшида мешаванд.
Дар озмун ҳам табибони муассисаҳои тиббии давлатӣ ва ҳам хусусӣ метавонанд, иштирок кунанд. Ба иттилои масъулони озмун, хусусияти хоси озмуни иштироки фаъоли аҳолӣ буда, сокинони кишвар низ метавонанд табибон-иштирокчиёни озмунро бо баёни фикру мулоҳизаи худ дар сомонаи озмун samt.tj дастгирӣ кунанд.
Озмун дар се марҳала баргузор мегардад:
Аз рӯзи оғоз то 30-юми июн:
– бақайдгирии табибони иштирокчиён дар сомонаи озмун;
– пешниҳоди мақолаҳои тиббии илмию омавии табибон аз рӯи ихтисоси худ ва дар алоҳидагӣ пешниҳоди маълумот бо дастовардҳо ва навовариҳои касбии табибон тариқи почтаи электронии озмун;
– пешниҳоди варақаи касбӣ бо дастовардҳои эпидемиологҳо, фармасевтон, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тариқи почтаи электронии озмун;
Аз рузи оғоз то 30-юми июл:
– нашри мақолаҳои тиббии илмию омавии табибон бо муаррифии дастовардҳо ва навовариҳои касбии табибон дар варақаҳои Facebook-и озмун;
– ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳои аҳолӣ ба табибон, ки дар сомонаи озмун ҷойгир мешаванд;
– ҷамъоварии баҳогузории ҳамкасбон, коршиносон ва аҳолӣ ба мақолаҳои тиббии илмию омавии табибон, ки дар варақаҳои Facebook-и озмун ҷойгир мешаванд;
Аз 1-уми июл то 30 -юми август:
– баҳогузории муаррифии дастовардҳо ва навовариҳои касбии иштирокчиён бо ҳайати ҳакамони озмун иборат аз коршиносони миллӣ ва мутахассисони пешбари соҳавӣ;
• – интихоби ғолибон
Сентябр:
маросими ниҳоии тақдим ва ҷоизасупорӣ.
Ғолибон бо ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ қадр мешаванд.



