
Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон як қатор иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Маҳмадали Ғаффоров Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён» ба фаъолият оғоз кард. Ин муассисаи тандурустӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Мирзо Гадоев ва фарзандаш Хуршед Гадоев, инчунин Мирзозода Хушбахт ва Зуҳуршо бунёд гардидааст.
Беморхонаи «Мирзоён» дорои шаш шуъба ва 36 ҳуҷраи корӣ буда, барои расонидани хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ шароити заруриро фароҳам меорад. Дар сохтори он шуъбаҳои бемориҳои занона, дарунӣ, қалб, ҷарроҳӣ ва кӯдакона бо 50 кат фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин дар муассиса шуъбаи табобати физиотерапевтӣ ташкил гардида, имкони ҳамзамон то 55 беморро бо намудҳои гуногуни муолиҷа фаро гирифтан дорад. Беморхона барои зиёда аз 35 ҳазор сокини минтақа хизматрасонии тиббӣ пешниҳод намуда, бо ба истифода додани он беш аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Даҳана Маркази ташхису табобатии «Шифо-D» низ мавриди истифода қарор гирифт. Марказ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Тоировҳо бунёд шуда, барои расонидани хизматрасониҳои ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
«Шифо-D» дорои панҷ шуъба ва 23 ҳуҷраи корӣ буда, имкони ҳамзамон ҷойгир намудани 20 беморро дорад. Бо оғози фаъолияти марказ зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук» ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд шудааст.
Санги асоси беморхонаи нав моҳи октябри соли 2025 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Иншоот дар муҳлати муайян ва бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Беморхонаи «Тибби Ҳулбук» аз шуъбаҳои занона, асаб, кӯдакона, калонсолон, ҷарроҳӣ, эҳё ва дигар бахшҳои соҳавӣ иборат буда, барои ташхис ва табобати беморон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муассиса истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, истифодаи онҳо ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Яке аз имкониятҳои муҳими беморхона ташхис ва табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард мебошад. Барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири тиббӣ дар ин ҷо таҷҳизоти ангиографӣ ва гузоштани стент насб гардидааст, ки чунин имконият дар минтақаи Кӯлоб бори аввал ба роҳ монда мешавад.
Дар беморхона 50 нафар корманди дорои тахассуси баланди касбӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Инчунин муассиса дорои ошхона бо 30 ҷойи нишаст буда, барои табобатгирандагон хӯрокҳои парҳезӣ омода ва пешниҳод карда мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани чунин шароити муосири хизматрасонии тиббиро барои сокинон нишонаи ватандӯстӣ ва саҳми арзандаи соҳибкорон дар ҳифзи саломатии ҷомеа арзёбӣ намуда, ба табибон ҷиҳати содиқона иҷро намудани рисолати касбӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ифтитоҳи иншооти нави тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ, ҷалби соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳудуди муассисаҳои нави тандурустӣ низ бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.


