• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Рахит? Дандонҳои каҷу килеб!

от user
в Бемориҳои дандон
0

Дар борхалтаи саломатии ҳаёти ҳар шахс дандони солим боигарӣ маҳсуб меёбад. Бархе ақида доранд, ки дандонҳо танҳо барои хоида хўрдан лозим, баъзеҳо аслан, ба дандонҳои пеш аҳамият дода, онро як навъ хушрўии зоҳирии худ ҳисоб мекунанд, аммо кам касоне вомехўранд, ки ҳам ину ҳам онро ҷиддӣ қабул карда, дандонҳояшонро эҳтиёт намоянд. Ин тоифа муттасил мекўшанд нисбати гавҳари бебаҳои табиат – дандонҳои худ ғамхору эҳтиёткор бошанд.

Волидайни ғамхор ханӯз аз нахустин рӯзҳои ба дунё омадани фарзанд ба саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани дандонҳои онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамчун мутахассис борҳо шоҳиди он гаштаам, ки модарон бо дидани нуқсе назди дандонпизишки кӯдакон ҳозир шуда, аз рӯи маслиҳатҳои додашуда дандони фарзандашонро табобат кардаанд.

Чанде пеш зане тифли 3 — солаашро бо нуқсони дандонҳо наздам овард. Ба бемории рахит гирифтор будани писаракро дарк намудам, чунки кӯдак ноором, як навъ асабонӣ, як пояш кач ва дандонҳояш каҷу килеб баромада буданд. Аз модари тифл пурсидам, ки оё аз маслиҳати духтури кӯдакона – педиатр баҳра бурдааст ё не? Маълум шуд, ки модар оддитарин нишонаҳои бемории мазкурро намедонад.

Ин аст, ки калам ба даст гирифтам ва тавассути маҷаллаи «Даво»     чанд маслиҳатро барои модарон пешниҳод кардан хостам.

Мушакҳои суст, асабишавӣ, рехтани мӯи пушти сар, тез сахт нашудани обаки сар, каҷшавии пой — нишонаҳои бемории рахит мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, ба ин беморӣ 30 — 40 фоизи тифлакон мубтало мегарданд. Фоизи ин беморӣ ҳатто дар Ҳиндустони офтобӣ низ зиёд аст.

Барои бо рахит мубориза бурда тавонистани ҷисми тифл ба ӯ ёрдамчиҳои зерин лозиманд: сегоники минерал — витаминҳо: калтсий, фосфор ва витамини D.

1)Калтсий барои мӯътадилии фаъолияти системаи асаб, мушакҳо ва устухон лозим аст. Ин минерал устухонҳои кӯдакро мустаҳкам намуда, ба инкишофи дуруст имкон медиҳад. Ғайр аз ин, он ба гардиши хун низ мусоидат мекунад. Дар сурати норасоии калтсий дар сиришти кӯдак рахит инкишоф ёфта, устухонҳояш нодуруст ташаккул меёбанд. Модарон дониста бошанд, ки рахити дар тифлӣ пайдошуда даргузар нест. Онҳое, ки дар тифлӣ гирифтори ин беморӣ нашудаанд, яъне сиришташон аз ин минерал ба қадри кофӣ таъмин буд, дар пиронсолӣ камтар ба бемориҳои сутунмӯҳра мубтало мегарданд.

2) Фосфор якҷоя бо калтсий устухонҳо ва дандонҳоро мустаҳкам мекунад. Хунро дар ҳолати мувозина нигоҳ дошта, дар коркарди углеводҳо, сафедаҳо мусоидат менамояд ва туршиҳои равғанро мебарад. Ғайр аз ин, дар нигоҳдории бофтаҳои бадан таъсири мусбӣ мерасонад. Дар сурати норасоии фосфор устухонҳо зудшикан ва мушакҳо суст гашта, дандонҳо каҷу килеб мебароянд ва дар оянда санг пайдо мекунанд. Бадтар аз ин, шахс дар ҷавонӣ бедандон мемонад.

3) Витамини D. Онро байни системаи устухонҳо ва калтсию фосфор миёнарав номидан мумкин аст, чунки витамини D  барои беҳтар қабул намудани  минералҳои номбаршуда ба организми кӯдак кӯмак менамояд. Витамини D зери таъсири нурҳои офтоб ба организми тифл шараён мегирад. Бинобар ин, аз хурдтарин имконот истифода намуда, тифлаконро ба ҳавои тоза, ба офтобак бароред, аммо ин нуқтаро ҳам донед, ки ултрафиолет- нурҳои ултрабунафш аз шишаи тиреза ба хона намедарояд.

Барои тифлакони моҳи аввали умр дошта шири модар муқобили рахит беҳтарин доруст, вале агар духтур қабули иловагии витамини D — ро дар чакраҳо муайян кунад, онро қатъӣ риоя намоед. Вале бинед ва итминон кунед, ки хӯроки нав — шири сунъӣ аз витаминҳо ва минералҳо бой аст.

Оғоз аз шашмоҳагӣ ба кӯдак ярма (каша) додан имкон дорад. Чунки дар ярмаи гандум кислотаи фитинӣ бисёр буда, он калтсийро дар рӯдаҳо нигоҳ медорад.

Умуман, ҳангоми харид ва тайёр намудани хӯроки тифлакон – каша, шарбат, кӯфтаи картошка (пюре) маълумоти дар пушти қуттӣ додашударо хонда, бо витамин – минералҳои он шинос шавед.

Бояд таъкид намуд, ки дандон дар сиришти инсон нақши муҳим мебозад ва дар сурати тозаву озода нигоҳ дошта, ҳифз кардани он шахс дар синни камолот ҳам аз ин неъмати бебаҳои Худодод бебаҳра нахоҳад монд. Солимии дандон аз солимии сиришт вобастагии беш дорад. Бинобар ин, барои аз ҳар гуна бемориҳо эмин доштани тифл ӯро дуруст хӯрок дода, бо машқҳову сайругашт дар ҳавои тоза ҷисмашро обутоб диҳед. Ин муҳим аст.

 

 Низорамо Муродова, дандонпизишки

 дармонгоҳи кӯдаконаи стоматологии №2, ноҳияи Сино

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Ксеродерма

Мақолаи навбатӣ

Дандонҳо

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дандонҳо

Дандонҳо

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ