МУОЛИҶАИ ГЕПАТИТИ В ВА С
Бемороне, ки гирифтори Гепатити В ва С мебошанд, бояд дар беморхона муолиҷа кунанд ва ба сифати васоити кўмакрасон чанд нусхаро пешкаш менамоям.
— Оби сабзӣ 3 қисм, оби лаблабуи сурх 1 қисм, оби бодиринг 1 қисм. Инҳоро бо ҳам омехта карда, ҳар рўз аз ин даво истеъмол кунанд.
— 250 грамм решаи каҳзак (хрен)-ро аз мошин гузаронда, дар ним литр оби ҷўш 24 соат бихобонанд. Сипас дар қисмати ҷигар 40 дақиқа компресс (гармбандӣ) намоянд.
— Истеъмоли ҷўшондаи бомус (авёс) низ дар муҷодила ба муқобили илтиҳоботи вирусии ҷигар кўмаки босазо менамояд. Як истакон бомусро шуста, дар 2 литр об муддати 15 дақиқа дар оташи мулоим биҷўшонед ва як пиёлагӣ 3-4 бор дар як рўз истеъмол намоед.
ДАРМОНИ ТАШАММУЪ (СИРРОЗ)-И ҶИГАР
Гирифторони бемории сирроз бояд дар шароити бемористон бо истифода аз дастовардҳои тибби муосир муолиҷа шаванд. Он чӣ дар ин маврид пешниҳод мегардад, танҳо як василаи кўмакрасон ба шумор меравад.
— Решаи чоқла – 10 грамм, решаи коснӣ – 20 грамм, чилбуғум – 20 грамм, буймодарони маҳинбарг – 20 грамм чойалаф ва меваи хулул ҳар кадом 10 граммӣ.
Аз ин таркиб 20 граммро дар ним литр оби ҷўш муддате дам дода, соф кунанд ва рўзе 3-4 маротиба ба андозаи 3 қошуқӣ ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.
— Решаи ширинбаён ва решаи анҷибар (геран) – 20 граммӣ, решаи коснӣ – 40 грамм, зираи сиёҳ (чёрний тминь) ва чойалаф ҳар кадом 10 граммӣ. Ин нусхаро низ мисли нусхаи дар боло нишондодашуда истеъмол бояд кард.
— 2 қошуқи майдакардаи зарпечакеро, ки даври гиёҳи коснӣ (цикорий) печида бошад, дар 400 грамм оби ҷўш муддате дар дохили термос дам карда, соф намуда, 50 граммӣ аз ин дамкардаро 3-4 маротиба пеш аз ғизо ё як соат баъди ғизо истеъмол кунед.
ПАРҲЕЗИ ШАХСОНЕ, КИ ҶИГАРИ БЕМОР ДОРАНД
— Чарбии ҳайвонӣ, аз ҷумла чарбии байни пўсту гўшт ва дунба барои ҷигар бисёр зарар дорад. Гўшти моҳиро низ барои ҷигар зарарнок гуфтаанд. Ҳар он чи тезу талх ва бирёнӣ, ғизои шабмонда ва нўшобаҳои саноатӣ аст, барои ҷигари бемор ва заиф зарар дорад.
— Касоне, ки ҷигари танбал доранд, хўрдани оби сабзиро фаромўш накунанд.
— Тути заминӣ аз моддаҳои кимиёии табиӣ хеле ғанӣ буда, барои ҷигар фоидаи зиёд дорад ва агар пеш аз ғизо хўрда шавад, иштиҳо меорад.
— Олуи хушк барои касоне ки ҷигар ва рўдаи танбал доранд, хеле муфид аст. Агар пеш аз ғизои аслии худ вақти наҳору шом 10 донаи онро бихўранд, ба ҷигарашон нафъ мерасонад.
— Як қошуқча аз хокаи тухми гиёҳи бодовард (расторопша)-ро дар ним пиёла об омехта карда, рўзе 3 бор пеш аз хўрок истеъмол намоянд.
— Касоне ки ба ҳар навъ бемории ҷигар гирифторанд, агар чои рўзонаи худро аз гиёҳони зерин тартиб намоянд, беҳбудии чашмгире насибашон хоҳад гардид: гули садбарг, бодиён, газна, пудинаи боғӣ, меваи хулул ва решаи ширинбаён.
ГИЁҲДАРМОНИИ ЗАРДПАРВИН
— Як қошуқ реша ё пўсти майдашудаи зелолро дар 200 грамм об муддате биҷўшонед ва ин ҷўшондаро дар давоми рўз истеъмол кунед.
— Решаи коснӣ низ ҳамин хосиятро дорад ва тарзи истифодааш мисли нусхаи боло аст.
— Ҷўшондаи пўсти бодиринг дар муолиҷаи зардпарварин кўмак менамояд.
— Ҳамарўза 3 донагӣ бодоми талхро бо асал бихўред. Аз ин миқдор бештараш зарарнок аст.
— Шилми камолро ба андозаи донаи нахўд дар дохили дилаи нон ҷой дода, фурў баред.
— Хўрдани оби сабзӣ, анор, лимў, гашниз, турб, каду ва мош барои беморони зардпарвин хеле муфид аст. Беморон бояд аз тезӣ (тундӣ), бирёниҳо ғизоҳои вазнин ва дерҳазм, равғани ҳайвонӣ ва ғизои консервӣ бипарҳезанд.
БЕМОРИҲОИ ТАЛХАДОН
— Оби ним дона лимўро бо сеяки қошуқчаи чойнўшӣ аз содаи хўрокӣ омехта карда, ба андозаи як қошуқи ошхўрӣ 1-2 маротиба дар як рўз истеъмол намоед. Ин чораи фаврӣ барои таскини дарди шадиди талхадон аст.
— Як дона себи сабзро майда карда, 2 пиёла оби ҷўшро аз болояш бирезед ва муддати 15-20 дақиқа дам дода, як қошуқ асалро илова намуда, баъди ҳар ним соат як қултӣ бинўшед.
— Бемор бояд аз истеъмоли ғизои бирёнӣ, тезӣ, равғанҳои ҳайвонӣ ва машруботи масткунанда ҷиддан худдорӣ намоед.
МУОЛИҶАИ ИЛТИҲОБИ МУЗМИНИ ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (ПАНКРЕАТИТ)
— Як қошуқӣ реша ё пўсти решаи зелол, бўймодарони дуруштбарг, момирон, газна ва ҷағ-ҷағро гирифта, дар як литр оби ҷўш дар дохили термос 1-2 соат дам карда, соф намоед. Ба андозаи 50 граммӣ граммӣ ним соат пеш аз истеъмоли ғизо онро бинўшед.
— Як қошуқӣ хокаи решаи чоқла, пўсти лўбиё, гулу барги газна, пудинаи боғӣ, гули ҳамешабаҳор ва гули бобунаро мисли нусхаи дар боло тайёршуда истеъмол намоед.
— Тибби мардумии русӣ истеъмоли бонус (авёс)-ро пешниҳод менамояд. Тарзи истифодаи он чунин аст:
Ду қошуқ бомусро кўфта, дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷўшонанд. Каме дам дода, рўзе 3 маротиба ним пиёлагӣ, ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.
Парҳез: Аз пурхўрӣ, ғизоҳои сахту дерҳазм, машруботи масткунанда, равғани ҳайвонӣ ва тезӣ (тундӣ) худдорӣ бояд кард.
Садриддиншоҳ ҶАЛОЛӢ,
гиёҳшинос, сарвари маркази тибби “Ориён”.