• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Тарзи солимии ҳаёт

от user
в Равоншиносӣ
0

Аз рўи  маълумоти Созмони  Ҷаҳонии Тандурустӣ  истеъмоли  алкогол  баъди бемориҳои  дилу  рагҳо  ва  саратон дар ҷои  сеюм  меистад. Се  сабаби  бузурги  марги  майпарастон инҳоянд:  Якум, заҳролудшавии  алкоголӣ. Ҳар сол  танҳо дар Русия  30000  нафар  аз заҳролудшавии  алкоголӣ  мефавтанд. Нўшидани 1,5 литр  шароб  дар зарфи  1 соат меъёри марговар барои марди солим аст.

Дуюм, ҳангоми сўиистифода  аз нўшокиҳои спиртӣ  бинобар вайроншавии фаъолияти дил марг фаро мерасад.

Сеюм, мастшавӣ  боиси  гирифторӣ ба  фалокатҳои маишӣ, лағжидан, сармозанӣ, ғарқшавӣ, барқзанӣ ва  садамаи  нақлиётӣ  мегардад.

Дар 65% мардон  заифшавии нерўи  ҷинсӣ  ба истеъмоли  машруботи  спиртӣ  вобастагӣ  дорад. Мардони истеъмолкунандаи  май аз ашхосе, ки  май намехўранд 15%  камтар  умр  мебинанд. Шахси  майзада  мавқеи  худро  дар ҷомеа  аз даст  дода, дар  назди  зану  фарзанд  ва хешовандон  муттаҳаму  сархам  мешаванд. Фарзандон  аз ў  ҳазар мекунанд.  Агар  зан ба  шароб  одат  кунад,  даҳшаташ дучанд  мешавад.  Чунончӣ, истеъмоли  машруботи  спиртӣ  ҳангоми  ҳомиладории зан ба  вайроншавии  нафаскашии тифл  сабаб  шуда, боиси пайдошавии  фалаҷ, эпилепсия, камақлии  модарзодӣ ва  дигар  бемориҳо  мегардад.

Ба гуфтаи  олимони  тиб  дар оилаи  ашхоси  майнўш 43,9  дар сади  кўдакони  навзод  мемиранд ва 38,6  дар сади  онҳо  нокифоя  инкишоф ёфта, бемор  мешаванд.

Як  духтури  бачагона  аз Швейтсария  аз таҷрибааш ҳодисаеро  чунин нақл  кардааст. Боре  ўро  барои  ташхиси тифли  шашмоҳае  даъват  намуданд, ки рўзҳои  муайяни  ҳафта (душанбе ва панҷшанбе)  бемории саръ (припадка)  авҷ  мегирифт. Дар  дигар  рўзҳо  кўдак  солим  буд. Вақте ба кўдак  зани  дигар  шир  дод,  ҳодисаи  мазкур  рўй  надод. Духтур муайян  кард, ки  модари  тифл  ҳафтае ду рўз (якшанбе  ва чаҳоршанбе) рўзи  истироҳат  дошта, дар ин айём шароб менўшидааст. Аз ин рў,  шароб  рўзи дигар ба  шири  модар  таъсир  карда, боиси сар  задани  саръ  мегардидааст. Вақте ба тифл  шири  модари  солимро  доданд,  дар ў дигар  рагкашӣ  мушоҳида  нашуд.

Аз рўи  мушоҳидаи  табибон  қариб 90%  кўдаконе, ки гинетори  оризаҳои  равонию ҷисмонианд,  волидайнашон  майзада  аст.  Муайян  шудааст, ки  бемориҳои  дилу  рагҳо дар ашхоси  машруботи спиртӣ истеъмолкунанда  нисбат ба  наменўшидагиҳо  22 маротиба  зиёд  мебошад.

Бемориҳои  эпилепсия (саръ), шизофрения, истерия, психопатия, неврастения ҳангоми истеъмоли май  вазнинтар  гузашта, табобат  намешаванд. Вазнинтарин  оқибати  алкоголизми музмин камақлӣ  аст.  Бо таъсири  машрубот  мубодилаи  моддаҳо дар  ҳуҷайраҳои  мағзи  сар тағйир  меёбад.  Фаъолнокии  мағзи сар, ки ба  рафтор ҷавобгаранд, паст мешавад.  Рафта-рафта дасти  майпараст  ларзонак  шуда,  қувваи  биноӣ  ва шунавоиаш  паст  мегардад.  Аз таъсири  алкогол  узвҳои ҳозима  осеб  мебинад. Гастрит, панкреатит, захми  меъда, дарди  ҷигар  ва дигар  бемориҳо домангири  ашхоси  майзадаанд.

Ҳазрати  Муҳаммад (с) шаробро  модари нопокиҳо  ва  калиди  бадиҳо  шумурдаанд.  Зеро  шароб  ақл ва  шарму ҳаёро  аз байн  мебарад.  Орифе  фармудааст:

Тамоми  фисқу  исён  аз шароб аст,

Касонро  чашми  гирён  аз шароб аст.

Шароб ин хамри  нопокест, медон,

Ба дил  сад  оҳу  афғон  аз шароб аст.

Тавре  маълум  гардид, заҳри  шароб  мардро  аз  нерўи мардӣ  ва занро  аз  қобилияти  таваллуд  солим  маҳрум  месозад.  Ҷавонони  зебову  нерўманд бо таъсири  шароб  сустиродаву  заиф  ва беобрў  мешаванд.

Ба гуфтаи  шоир:

Писароне, ки  бадхоҳ шаванд,

Аз майи  сурх рўсиёҳ  шаванд.

Оқилонро  зарур аст, ки  худу  фарзандон  ва наздиконро  аз ин  манбаи  фисқу  исён ва душманию  беморӣ  нигоҳ  доранд.

С. Наҷмиддинзода

Шири гов норасоии  витамини Д-ро  рафт  мекунад

Олимон  дар хусуси  фоидаовар ё зарарнок  будани  шири гов  фикри ягона надоранд. Баъзеҳо  ақида  доранд, ки он  метавонад боиси  аллергия  шавад.  Дигарон  шири говро  беҳтарин  моеъи физиологӣ барои  ҷисм мешуморанд.

Таҳқиқоти охир  нишон дод, ки  истеъмоли  шир хатари  авҷгирии  норасоии  витамини Д-ро  бартараф  мекунад.  Витамини Д  яке  аз моддаҳои  асосӣ барои инкишоф ва шаклгирии  бофтаҳои  устухону  мушакҳо  ба ҳисоб  меравад.

Мутахассисон  миёни 3821 нафар  кўдакони  солими  аз  як то  шашсола  таҳқиқот  гузарониданд.  Аз онҳо 87  дар  садашон  ҳамарўза  шири гов  истеъмол  менамуданд. Боқимондаҳо (13%)  умуан  шири гов  намехўрданд.

Таҳқиқот нишон дод, ки кўдакони  шири  говистеъмолкунанда  ду маротиба бештар ба норасоии витамини Д  гирифтор  шуданд. Мутахассисон чунин меҳисобанд, ки  дар сурати  бардошт  карда  натавонистани шири гов ба кўдак  ягон  маҳсулоти  дигари ҳамин гуна  фоидадошта додан  лозим аст.

С. Сайфиддин.

 

Мақолаи гузашта

Панҷ усули рафъи стресс

Мақолаи навбатӣ

Дорухонаи «Дармонбахш».

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дорухонаи «Дармонбахш».

Дорухонаи «Дармонбахш».

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ