• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Нақши мондагори академик Мансуров

от user
в Хабарҳо
0

Моҳи декабри соли равон ба мавлуди яке аз саромадони тибби ватанӣ академик Ҳамид Ҳусейнович Мансуров (25.12.1925 — 25.08.2013) 100 сол пур мешавад. Ин вориси нодири Ибни Сино умри хешро бедареғ фидои рушди илми тиб ва табобати беморон кардааст. Дар ҳарду ҷабҳа олиму табиби худодод басо тадќиќотеро бо кашфиёти судманд ба ёдгор гузоштааст, ки имрўз ҳам дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон олимону табибон эътирофу истифода мекунанд. Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологии Тоҷикистон, воќеъ дар шаҳри Душанбе натанҳо дар собиќ Иттиҳоди Шўравӣ, ҳамчунин дар хориҷа низ бо номи асосгузору сарвараш чун “Клиникаи Мансуров” машҳур буду ҳаст. Дар бораи шаҳомати илмӣ ва фазилатҳои инсонии ў бисёр шунидаву хондаам, бо ҳамкорону шогирдонаш ҳамсуҳбат шудаам. Ҳикояту хотираҳои ҷолиб ниҳоят зиёданд. Инак, аз ин ҳама шаммае манзуратон мекунам, то аз якҷоя ба хотир оварданамон рўҳаш шод гардад.

СЕБИ СУРХРО НАДОДА МОНД…

Ҳамид Мансуров дар Самарқанд чашм ба дунё кушодааст. Овони кӯдакиро аз 4-5 солагӣ ёд дорад, ки бо модари силкасал, бибӣ ва апаи се сол аз худ калонаш мегузашт. Падар аллакай тарки ҳамсари бемору фарзандҳои хурдсол карда буд. Дар ҳафтсолагӣ аз модар низ маҳрум гашт. Рӯзи маргаш сӯзиши якумраи қалбаш шуд. Модари бемор дар хонаи алоҳида мехобиду танҳо бибияш медаромад ва онҳоро намемонд. Як субҳи баҳорӣ вақти мактабравӣ Ҳамид садои тирезаро шунида, дасти хароби модарашро дид, ки бо ишора назди худ мехонд. Вақте хона даромад, хоҳиш кард, ки як пиёла обаш диҳад. Баъди нӯшидан модар бо чашмони маҳзун дурудароз ба писараш нигарист ва ниҳоят гуфт: “Акнун ба мактабат рав, ҷони оча”. Дар роҳи мактаб як ҳамсояаашон ӯро дида, себи сурхе дод, ки ба назараш аҷаб зебо тофт. Гурусна бошад ҳам, нахӯрду ният кард, ки баъди дарс онро ба модари бемораш туҳфа мекунад. Аз дарс баргашта, дар ҳавлӣ занҳои бисёреро дид, ки баланд навҳа доштанд. Дилаш таҳ кашид: модараш гузаштаст! Ин дам бибии гирён ба оғӯш гирифташу пурсид, ки пиёлаи обро ба модараш вай дод? Чун тасдиқ кард, бибии ғамзада ба занҳо бо ҳасрат гуфт, ки духтари ғӯрамаргаш танҳо бо писараки ятимаш видоъ карда будааст. Себи сурхро Ҳамид ба модараш надода монд…

Баъди чанде ҷиянҳои ятиммондаро холаашон, ки ҳамсари нависанда Садриддин Айнӣ буд, ба хона меорад. Ҳамин тавр, бо амри тақдир домулло Айнӣ дастгиру муттакояшон мешавад. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ, ки ба забони тоҷикӣ буд, Айнӣ дурандешона Ҳамид, духтараш Холида ва писараш Камолро ба мактаби русӣ медиҳад. Зеро он ҷо таъминот бо китобҳои дарсӣ хубу омӯзгорон бақувват буданд. То ки дар оянда дар мактабҳои олии русзабон таҳсил кунанд.

ЯГОНА ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ СТАЛИНӢ

Ҳамиди аз синфи якум аълохон дар синфҳои болоӣ, махсусан ба фанни биология шавқ пайдо мекунад ва ба василаи он ба тиб. Зеро ҳар гоҳ пеши назараш симою нигоҳи маҳзуни модараш падид меомад, ки гӯё мегуфт: “Кош, калон мебудию маро табобату аз ин дард халос мекардӣ, ҷони оча”. Ин шавқ ба дараҷае боло мегирад, ки баъди синфи ҳафт ба техникуми тиббӣ гузашта, соли 1942 онро аъло хатм мекунад ва чун дипломи сурх дошт, бидуни имтиҳон донишҷӯйи Институти тиббии Самарқанд мешавад.

Дар ёддошти Ҳамид Ҳусейнович оид ба давраи донишҷӯияш қайди аҷибе ҳаст. Тибқи нақлаш таҳсил осон дасташ медод, зеро ҳофизаи басо қавӣ дошт. Дар дарсҳо, хоса анатомия, ҳангоми ҷавобдиҳияш омӯзгорону ҳамкурсон дарҳол китоби дарсиро кушода нигоҳ мекарданд ва ҳайрон мемонданд, ки матнро бо истилоҳоти лотинӣ бе ягон хато азёд мегӯяд, бо забони русӣ озоду равон нақл мекунад. Дар давоми панҷ соли таҳсил сардори курс, президенти маҳфили терапевтӣ Ҳамид Мансуров ҳамагӣ як баҳои чор дошт — аз физика, боқӣ ҳамааш аъло. Дар ин солҳо ягона донишҷӯйи институт буд, ки стипендияи сталинӣ мегирифт. Тибқи маълумоти мавҷуда, стипендияи мазкур соли 1939 ба ифтихори 60-солагии И.В. Сталин таъсис ёфт буд, ки моҳе аз 500 то 1000 рублро ташкил медод, маблағи дар он давра ниҳоят калон. Барои муқоиса: маоши миёна дар муассисаҳои тандурустӣ 189, сохтмон 224 рубл буд.

“ИН ҶАВОН МАЛАКАИ ҲАЙРАТОВАР ДОРАД!”

Бинобар ҳамлаи Германияи фашистӣ ба мамлакати шӯравӣ Академияи ҳарбии тиббии Ленинград ба номи С.М. Киров ва Академияи ҳарбии тиббии Куйбишев ба шаҳри Самарқанд кӯчонида шуданд. Бо ҳама генералитет — олимони барҷаста, академикҳо Н.Н. Аничков, С.С. Гирголав, В.Н.Тонков, А.В. Лебединский ва бисёр дигарон. Дар донишгоҳи тиббии Самарқанд ба фаъолият идома дода, онҳо ҳамчунин ба донишҷӯён лексия мехонданд ва машғулиятҳои амалӣ мебурданд. Ҳамид Мансуров ҳам то курси чор, яъне то анҷоми ҷанг ва ба шаҳрҳои худ баргаштани академияҳо ва зуфунунҳояш аз ин ганҷи шойгон баҳравар шуд. Ҷавони соҳибистеъдод чун дар таҳсил аз ҳамсабақҳо як сару гардан боло буд, ҳатто ҳанӯз институтро хатм накарда, ба кафедраҳои кимиё ва анатомияи патологии АҲТ ба кор гирифтан хостанд. Рад намуд, зеро таҳсилро дар донишгоҳҳои марказӣ идома додан мехост. Сардори академия Н.Н. Аничков аз ин густохии донишҷӯ наранҷида, пешниҳоди дигар кард: ба наздикӣ дар Москва Академияи тиббии нав кушода шуда, роҳбарияшро ба зиммаи ӯ гузоштаниянд. Мансуров метавонад дар аспирантураи он таҳсилро идома диҳад. Беҳтарин маслиҳат ва дастгирӣ!

Моҳи августи соли 1947 бо гирифтани дипломи аъло ва ҳуқуқи шомилшавӣ ба аспирантураи клиникӣ ба институти вилоятии илмию тадқиқотии клиникии Москва (МОНИКИ) рафт. Дар ин ҷо боз бахташ хандиду академик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати мукофотҳои Сталинӣ, Ленинӣ ва Давлатӣ, яке аз саромадони нефрология, гепатология, ревматология ва паразитологияи шуравӣ Евгений Михайлович Тареев роҳбараш шуд. Зимнан, Тареев аз ҷумлаи духтуроне буд, ки дар рӯзҳои вопасини Сталин сари болинаш қарор дошт. Кораш дар клиникаи Тареев соле ҳам накашид, зеро роҳбарашро барои табобати Георгий Димитров, котиби генералии КМ Ҳизби коммунист ба Булғористон фиристоданд. Лекин пеш аз он Евгений Михайлович зимни суҳбат бо проректори наздаш омадаи институти тиббии Самарқанд Т. С. Мнасаканов шогирди боистеъдодашро тавсиф кард, ки “ин ҷавон малакаи ҳайратовари ташхис дорад”.

Ҳамин тавр, терапевти номӣ, яке аз асосгузорони кардиологияи шӯравӣ, директори Институти терапияи АИТ СССР, академик А.Л. Мясников, ки ҳанӯз соли 1935 дар 35-солагияш барои монографияи “Бемориҳои ҷигар” бидуни дифои рисола унвони доктори илми тиб доданду он тӯли сӣ соли минбаъда якум ва ягона асари рӯимизии ин бахши тиб гардида, муаллифашро дар ҷаҳон чун мутахассиси ҷигаршинос маъруф сохт, Ҳамид Мансуровро ба шогирдӣ гирифт. Маҳз дар мактаби ин табибу олими барҷаста вай ҳамчун духтур, педагог ва олим ташаккул ёфт. Дар ин давра вай оид ба мушкилоти табобати атеросклероз тадқиқот бурда, рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Бо вуҷуди ин, бинобар якҷоя бо Александр Леонидович муҳокима ва ташхису табобат намудани бемориҳои ҷигар, бо шавқи беандоза омӯхтани китоби нодири “Бемориҳои ҷигар” роҳи минбаъдаашро муқаррар сохт.

ТАЪЛИМОТИ ПАВЛОВ ВА ШОГИРДИ МЯСНИКОВ

Номзади ҷавон соли 1951 ба Душанбе баргашта, ба ҳайси ассистент, дотсент ва и.в. мудири кафедраи терапияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кор мекунад. Дар ин миён ба омӯзиши баъзе масоили патологияи ҷигар машғул мешавад. Соли 1954 бо даъвати устодаш Мясников ба докторантураи институти терапияи Москва меравад, лекин танҳо пас аз дахолати бевоситаи котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Т. Ӯ. Ӯлҷабоев. Чуноне худ ёдоварӣ кардааст, дар донишгоҳи тиббӣ ва вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бо баҳонаи нарасидани кадр хоҳиши Мясниковро сарфи назар месозанд ва академики рус маҷбур мешавад ба Кумитаи Марказӣ муроҷиат кунад. Чаро ӯ маҳз олими ҷавони тоҷикро даъват кард?

Як хусусияти умдаи тибби солҳои 50-ум дар он ифода меёфт, ки аз ҳад зиёд саргарми таълимоти И. А. Павлов шуда, бисёр бемориҳои узвҳои даруниро низ дурусту нодуруст ба ихтилоли ибтидоии фаъолияти олии асаб нисбат медоданд, яъне таълимот таҳриф мешуд. Мясников пеши роҳи ҳамин равияи нодурусту зарароварро гирифтан мехост. Ва ба хулоса омад, ки аз миёни шогирдони сершумораш маҳз Мансуров аз уҳдаи ин супориши душвор мебарояд.

Олими ҷавон шогирди арзанда буданашро бори дигар амалан нишон дод. Дар рисолаи докторияш “Хусусияти муқоисавии фаъолияти олии асаб зимни баъзе бемориҳои дарунӣ” бори нахуст таҳлили муқоисавии ҳолати фаъолияти олии асабро ҳангоми бемории фишорбаландӣ, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, тарбод, бемориҳои илтиҳобии талха анҷом дод. Дар натиҷа муқаррар намуд, ки тағйироти фаъолияти олии асаб ҳангоми бемориҳои аз рўйи пайдоиш ва ангезаи дар назари аввал мухталиф амалан хусусияти умумӣ доранд. Яъне собит сохт, ки усули он вақт қабулшудаи махсус қайд кардани ихтилоли ибтидоии ханҷарӣ-висералӣ бебунёд аст. Пажӯҳиш дар доираҳои илмӣ баҳои баланд гирифт. Аз ҷумла, олими барҷаста, академик В.В. Парин рӯйирост гуфт, ки агар кори илмии Ҳ,Ҳ. Мансуров чанд сол пештар сурат мегирифт, миллионҳо рубл сарфа мегашт.

НАХУСТИН ПАЖЎҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГӢ ДАР ШЎРАВӢ

Пас аз ҳимояи рисола доктори навном Ҳамид Мансуров аз соли 1958 то соли 1974 мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мешавад. Таҳти сарварияш кафедра ба пойгоҳи нодиру муосири таълимӣ табдил меёбад. Чаҳор шуъбаи махсусгардондаи кардиология, нефрология, пулманология ва гастроэнтерологияро ташкил намуда, истеъдодҳои ҷавонро гирд меоварад, ки бо роҳнамоияш ба тадқиқоти илмӣ машғул шуда, рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ мекунанд. Яъне ин шуъбаҳо ба манбаи кадрҳои баландихтисос табдил меёфтанд, ки он солҳо тибби тоҷик ба онҳо ниёзи калон дошт. Соли 1959 Ҳамид Мансуров бо супориши махсуси Раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев ба таҷдиди Институти илмию тадқиқотии тибби минтақавии АИ Тоҷикистон машғул шуда, дар он шуъбаи клиникӣ ташкил мекунад. Соли 1962 сарвари институт таъин гардида, гастроэнтерологияро ба самти асосии тадқиқоти муассиса табдил медиҳад. Он соли 1965 нахустин дар Иттиҳоди Шуравӣ Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии гастроэнтерология мегардад. Ҳамид Мансуров то соли 2002 директор, баъдан то вопасин нафас президенти ифтихории он буд. Зимнан, ташкили пажӯҳишгоҳ таърихи аҷоиб дорад.

ЧАРО ЎЛҶАБОЕВ ХУДСАРИИ МАНСУРОВРО БАХШИД?

Барои пажӯҳишгоҳи нав бинои собиқ дармонгоҳи ҳукуматиро, ки ба Шаҳраки тиббӣ кӯчонида шуд, ҷудо намуданд. Таъмираш оғоз ёфт, аммо дар арафаи ифтитоҳи муасиса ногаҳон бюрои КМ қарор мебарорад, ки бино ба интернати кӯдакон дода шавад. Дар чунин вазъият Мансуров рафтори ғайричашмдошт кард. Ба таври оҷил, бо ёрии сардухтури беморхонаи пойтахт бо якчанд мошини «ёрии таъҷилӣ» беморони шуъбаи клиникиро ба ҳамин бино оварда, дар ҳуҷраҳо хобониданд. Зидди қарори бюрои КМ рафтан амали гӯшношунид буд. Мансуров интизори даъват ба КМ барои билетсупорӣ нашуд. Худ ба Ӯлҷабоев занг зада, боисрор хоҳиш кард, ки ҳамин рӯз қабулаш кунад, вагарна рӯзи дигар дер мешавад. Котиби якум бо ҳайрат шуниду ваъда дод, ки пас аз ҷаласаи бюро қабулаш менамояд. Соати 10-и шаб онҳо вохӯрданд.

«Ман масъаларо фаҳмонидам, бо таъкиди зарурати муассисаи гастроэнтерологӣ,- ба ёд овардааст Мансуров,- Ӯлҷабоев бо диққат гӯш кард ва гуфт, ки барои ин кирдор ҳамчун роҳбари ҳизб ман бояд талаб намоям, ки ҳизбиатонро болои миз гузоред. Лекин ин тавр накард. Аз ҷой хеста, маро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Агар ин қадар дилсӯзонаю ҷасурона дар ғами кор бошед, ба шумо барор мехоҳам. Ба интернат бинои дигар меёбем…”

Барои ташаккули босуръати аввалин дар Иттиҳоди Шӯравӣ пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ Вазорати тандурустии СССР Мансуровро якҷо бо академик В.Х. Василенко, ки мебоист дар Москва барои Федератсияи Русия пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ таъсис медод, ба марказҳои гастроэнтерелогии Англия фиристод. Онҳо тӯли як моҳ аз марказҳои Лондон, Кембриҷ, Оксфорд, Бирмингем ва Эдинбург дидан карданд, бо тарзу усули ташхису табобати ҳамтоёни англис шинос шуданд. Ҳамчунин, навтарин таҷҳизоти зарурӣ барои тадқиқоту табобат дастрас гардид, ба пажӯҳишгоҳ аспирантура дода шуд, ки кори омодасозии мутахассисон — гастроэнтерологҳо, эндоскопчиҳо, морфологҳо, рентгенорадиологҳо, иммунологҳо, биокимиёиҳо, ирсшиносон ва ғайраро осон сохт. Дар як муддати кутоҳ коллективи корсозе ташаккул ёфт.

ДАХОЛАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ КОРА КАРД

Аз хотири насли калонсол нарафта, ки дар соли таъсисёбии пажӯҳишгоҳ ӯ бинои якошёнаи собиқ беморхонаи ҳукуматиро гирифта буд, ки на он қадар барои кори муассисаи илмӣ мувофиқ буд. Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди профессор Мансуров солҳои 90-ум сохтмони нави пажӯҳишгоҳ оғоз ёфт. Ниҳоят, бинои муҳташами пажӯҳишгоҳ ба истифода дода шуд ва бо тамоми таҷҳизоти техникии тиббии муосир муҷаҳҳаз гардид. Бояд ёдовар шуд, ки сохтмони он 15 сол тӯл кашид ва танҳо бо дахолати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷараёни сохтмони онро таҳти назорати шахсии худ гирифт, соли 2005 кохи нави пажӯҳишгоҳ қомат рост кард. Бояд гуфт, ки имрӯз дар ин ҷо ҳамкорон ва шогирдони Ҳ.Мансуров кори оғоз кардаи ӯро муваффақона идома медиҳанд.

ШЎҲРАТИ АКАДЕМИК МАНСУРОВ

Ба туфайли талошу заҳмати Ҳ.Мансуров мактаби гастроэнтрологияи тоҷик дар ҳудуди ИДМ машҳур гардид, дар хориҷа низ ӯро ҳамчун яке аз мутахассиси беҳтарин ва олими барҷаста мешиносанд. Ҳамид Ҳусейнович Мансуров муаллифи зиёда аз 400 асари илмӣ ва кашфиётҳои тиббӣ мебошад ва ҳамчун академики барӯманд солҳои 1992-1995 дар вазифаи муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ илми тибби тоҷикро дар бисёр анҷуманҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар кишварҳои Ҷопон, Британияи Кабир, Чехословакия, Олмон, Маҷористон, Фаронса, Шветсия, Дания ва ғайра муаррифӣ карда, ҳамчун узви фахрии Асотсиатсияи байналхалқии табибони бомориҳои дохилӣ, Асотсиатсияи гастроэртерологҳои Булғория, Маҷористон ва Лаҳистон интихоб шудааст.

БЕМОРИИ МИРОЧНИК — МАНСУРОВ

Соли 1993 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва гуруснагӣ дар баъзе навоҳии вилояти Хатлон эпидемияи ихтилоли гелиотропии ҷигар хурӯҷ кард. Гелиотроп рустании заҳрноки худрӯйест, ки маъмулан, пас аз гандуму ҷав мепазад. Ҳамон сол ҷамъоварии ғалладона дер кашиду ин рустанӣ ҳам пухта расид ва якҷоя бо гандум даравида шуд. Гандумро ҳамроҳи донаи заҳрноки он орд карданду аз хӯрдани нони заҳролудшуда одамон оила — оила мефавтиданд. Чун шумораи қурбониён торафт меафзуд, вазъият дахолати фавриро тақозо дошт. Мансуров бо гурӯҳи олимон ба ҷои ҳодиса ноҳияи Фархор рафт. Вазъиятро мӯшикофона омӯхта, ҳамчунин қариб 100 беморро барои омӯзиши амиқи бевосита ба пажуҳишгоҳ оварданд. Маълумоти тамоман нав ба даст омад, ки барои ташхису табобати дуруст ҳалкунанда буд.

Мансуров бо тадқиқоти бофтаҳои ҷигари беморон исбот сохт, ки дар роҳҳои хунгузар аз меъда ба ҷигар тағйироти илтиҳобӣ, яъне зардпарвин ба амал намеояд. Балки ихтилоли рагӣ бо тағйироти минбаъдаи дистрофӣ ва склерозӣ, махсусан дар шаклҳои вазнини бемории ҷигар афзалият дорад. Дар заминаи тадқиқот ӯ истилоҳи нави дақиқтар — гепатоангиопатияи гелиотропиро пешниҳод намуд. Соли 1999 дар Тошканд Конгресси якуми интернистҳои Осиёи Марказӣ пас аз маърӯзаи академик Мансуров аз ин хусус тасмим гирифт, ки минбаъд бинобар саҳми арзандаи муаллифон дар омӯзиши ин беморӣ ва роҳҳои табобаташ он гепатоангиопатияи гелиотропӣ ё худ бемории Мирочник — Мансуров номида шавад.

Мавриди зикр аст, ки доктори илми тиб, Ходими шоистаи илми Ӯзбекистон Моисей Филиппович Мирочник гелиотропи заҳрнок, як намуди гепатити заҳрогинро, ки солҳои 30-40-уми асри гузашта боиси марги ҳазорҳо мардуми деҳоти ин ҷумҳурӣ шуда буд, омӯхта, роҳҳои табобаташро пайдо кард ва дар натиҷа беморӣ пурра аз байн бурда шуд.

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД…

Муҳоботе нахоҳад шуд гуфтан, ки Ҳамид Ҳусейнович Мансуров воқеан табибу олими камназир буд, ки тавонист дар тӯли беш аз ним аср ҳазорҳо беморро шифо бахшида, беш аз 400 асари илмӣ, чандин рисолаю ихтирооти зиёд ба ёдгор гузорад. Ватан низ заҳматҳои бедареғи фарзанди фарзонаи илмашро сазовор қадр кард: бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, Исмоили Сомонӣ дараҷаи 3, медали “Барои меҳнати шоиста”, унвони ифтихории “Ходими шоистаи илми ҶСС Тоҷикистон”, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ҷоизаи АМИТ ба номи Е.Н. Павловский. Ёддошти чанд шогирди академик Мансуров идомаи сухан хоҳад шуд, то ки аз ҳикояти ин шоҳидони бевосита сурату сирати Ҳамид Ҳусейнович ҳамчун табиб, олим, педагог ва роҳбар боз ҳам рӯшантар таҷаллӣ кунад.

“МАН ШУМОРО МУОВИНИ ДИРЕКТОР ТАЪИН КАРДАМ”

Ғиёсуддин МИРОҶОВ, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, академики АМИТ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ҷоизаи АМИТ ба номи Е.Н. Павловский:

— Устод Мансуровро ман бори аввал соли 1966 дидам. Он вақт дар курси панҷуми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил доштам. Он кас ҳам директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва ҳам мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи тиббӣ буданд ва ба мо лексия мехонданд, бисёр ҷолибу диққатангез. Дар ҷараёни он ҳатман саволу ҷавоб мекарданд. Баъзе донишҷӯён ҷавоби пухта медоданд, баъзеи дигар дармемонданд. Дар ин мавридҳо бештар аз ман мепурсиданд. Боре вақти саволу ҷавоб устод фамилияамро пурсида, гуфтанд, ки “Баъди лексия як назди ман дароед”. Росташро гӯям, нарафтам. Чанд вақт гузашту аснои дарсе муаллим накӯҳишам кард барои ин гарданшахӣ ва гуфт, ки зуд наздашон равам. Рафтам ва баъди саломуалейк барои наомадан бахшиш пурсида гуфтам, ки аввалан шарм доштам, сониян, гумон кардам, ки даъвататон ҳамту дар омади гап буд. Устод бо табассум узрамро шунида, ба ҷои сарзаниш барои ин густохӣ пешниҳоди ғайричашмдошт карданд:

-Писарам, шумо баъди дарс метавонед ба пажӯҳишгоҳ омада кам-кам кор кунед?

-Устод, аз дасти мани донишҷу чӣ меояд? — ҳайрон мондам ман.

-Шумо аллакай баъди як сол донишгоҳро тамом карда, духтур мешавед. Ман шуморо дар пажӯҳишгоҳ лаборанти калон таъин мекунам, корро ёд мегиред.

Ана ҳамин тавр, бо ғамхории падаронаи устод нисбати як донишҷӯи деҳотӣ банда моҳи марти ҳамон сол дар шуъбаи радиологияи Пажӯҳишгоҳ лаборанти калон шудам. Ҳамон шабу рӯз Пажӯҳишгоҳ бо яке аз проблемаҳои умда — гепатитҳои сироятӣ сарукор дошт. Тибқи супориши Ҳамид Ҳусейнович ман чун лаборант беморони зардпарвинро қабул мекардаму ҳаракати хунро дар дилу ҷигари онҳо меомӯхтам. Баъди омӯзиши 200 — 250 мариз маводи ҷолиби илмие ҷамъ шуд. Аслан, ин тадқиқотро як аспирантка бояд анҷом медодаст, лекин шавҳар карда рафтааст. Устод корамро таъриф намуда, фармуданд, ки аз натиҷааш мақола нависам. Донишҷӯи курси панҷ куҷою мақолаи илмӣ куҷо? Ба ҳар ҳол чанд саҳифа сиёҳ карда овардам. Хонда хандиданду худашон дуруст карданд. Баъд гуфтанд, ки бо штати пурра ба кор мегиранд, лекин бе моҳона: “Чунки маоши шумо ва чанд корманди ҷавонро ба муаллими забони англисӣ медиҳем, ки ба шумоён ин забонро омӯзонад. Англисиро донистанатон шарт”.

Бо даъваташон баъди супурдани имтиҳоноти давлатӣ ва хатми донишгоҳ, зимнан аз имтиҳони фанни устод баҳои аъло гирифта будам, наздашон рафтам. Бе муқаддима гуфтанд:

— Ман шуморо ба аспирантура, ба Москва фиристодан мехоҳам, чунки лаёқати хуб доред.

— Раҳмат, устоди азиз, барои боварӣ. Ба ҷону дил мерафтам, лекин… вазъи иқтисодиям хуб не. Фаҳмондам, ки модарам вафот карда, падарам зани дигар гирифту ман сағираи интернатӣ ҳастам. Хешу табор надорам, ғайр аз як бародар.

— Рафта бо бародаратон маслиҳат кунед. Дар масъалаи молиявӣ бошад, мо дастгирӣ мекунем.

Рашт рафтам. Бародарам хурсанд шуда гуфт, ки бахтам баланд будаст, ки чунин устоди ғамхор дорам. Хуллас, бо ҳидояти устод 18 ноябри соли 1968 Москва рафтам. Ба фикрам, пешакӣ маслиҳат кардаанд, ки устоди худашон олими барҷаста Евгений Михайлович Тареев ва академик Виктор Викторович Серов роҳбарам шуда, таҳқиқи як мавзуи бисёр муҳим — фаъолияти шушҳо дар норасоии дарғотҳои дил дар ҳолати ревматизмро тавсия доданд. Давоми се сол масъаларо амиқ пажӯҳиш намудам. Рисола омода шуд ва 4 октябри соли 1971 ҳимоя кардам. Бо сипоси зиёд гуфтаниям, ки дар ин се соли кору зист дар Москва бинобар дастгирии доимияшон ман мушкили молиявӣ надоштам. Моҳи ноябри ҳамон сол баргашта омадам. Ҳамид Ҳусейнович баъди табрик гуфтанд, ки як моҳ рухсатӣ, рафта истироҳат кунаму моҳи январ ба кор бароям. Вақти гуфтаашон омадам. Гапе гуфтанд, ки ман мутлақо интизор набудам:

— Шумо аз пагоҳ ҳамчун муовини директори Пажӯҳишгоҳ оид ба илм корро сар кунед. Ман фармонатонро аллакай имзо гузоштам. Ростӣ, даступо хӯрда, бо ҳайрату ҳаяҷон гуфтам:

— Устоди азиз, ин чӣ хел мешавад? Охир ман нав рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ҳоло ҳатто дипломашро нагирифтаам. Ҳамагӣ 27 — солааму ягон таҷрибаи роҳбарӣ надорам.

— Чӣ ман директор таваллуд шудам? – хандиданд Ҳамид Ҳусейнович, -Вақте ба ин вазифа таъин карданд, ман ҳам мисли шумо ҷавон будам. Дилам пур, ки аз ӯҳдааш мебароед.

Ҳамин тавр, зиёда аз 22 сол чун муовинашон кор кардам. Дар ин давра устоди муҳтарам, ки олими худодод буданд, доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҷигар корҳои барҷастаи илмӣ анҷом доданд. Ман ҳамеша дар паҳлуяшон будам, якҷоя 12 монография навиштем, таҳти роҳбарияшон зиёда аз 30 номзади илм тайёр кардем. Соли 1995 вазири тандурустӣ Аъламхон Ахмедов хоҳиш кард, ки ба вазорат омада, сарварии раёсати илм ва муассисаҳои илмиро ба зимма гирам. Устод аввал розӣ нашуданд: “Ин ҷо чӣ мешавад? Дар шароити ҷанг кор вазнину шумо партофта рафтанӣ?” Гуфтам, ки ин қадар сол дар паҳлуятон будам, мехоҳам каме мустақилона кор кунам. Ҳамин далел таъсир кард магар, ки фотеҳа доданд. Баъди панҷ сол, вақте Ҳамид Ҳусейнович ба нафақа баромаданд, баргашта омадам, чунки бандаро директор таъин карданд. Дар ин давра соли 1981 дар Москва рисолаи докторӣ ҳимоя кардам, соли 1991 узви вобастаи АИ Тоҷикистон шудам. Бо Ҳамид Ҳусейнович боз 13 соли дигар якҷо кор кардем, зеро то охирин рӯзҳои умрашон директори фахрии Пажӯҳишгоҳ буданд.

ОМӮЗИШИ ОСОРИ ОЛИМИ БАРҶАСТА ЗАРУР АСТ

Сайфулло АВЕЗОВ, доктори илми тиб, муовини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии гастроэнтерологӣ:

-Ман хеле хурсандам, ки шогирди олими барҷастаи тиб академик Ҳамид Ҳусейнович Мансуров будам ва солҳои тӯлонӣ дар паҳлуяшон фаъолият доштам. Ба шахсият ва инсонияти Устод баҳо додан барои ман душвор аст, зеро ин кори шахсони хеле наздик ва аҳли хонавода мебошад. Аммо арзёбии фаъолияти табибӣ ва илмии Устод барои ояндагон зарур аст. Дар ин бобат яке аз беҳтарин мақолаҳо ба қалами тарғибгари илми тоҷик, журналисти машҳур Олег Соболев тааллуқ дорад, ки соли 2008 дар сомонаи АМИТ “Ховар” интишор шуда буд. Худи номи мақола “Х. Мансуров — врач от бога” баёнгари ҳол аст. Устод доим такрор менамуд, ки табибӣ ба сари худ кори душвор аст, вале тайёр кардани табиб боз ҳам душвортар. На ҳар донишҷӯйе, ки донишкадаро хатм намуд, табиби ҳозиқ мешавад. Устод худ табиби ҳозиқ буд ва табиист, ки басо шогирдони болаёқат тайёр намуд.

Ҳама олимони барҷастаро бо як ё ду кашфиёти илмӣ номашон ҷовид мемонад. Барои зикри дастовардҳои илмии Ҳамид Ҳусейнович навиштани монография кам аст. Фақат зикри корҳои мондагори илмии эшон чандин саҳифа мешавад. Аз ин рӯ, аз осори ҷовидонаи Устод ба гунаи мисол пешниҳоди табақабандии бемории санги талха ва кашфи якчанд механизми гипертензияи порталиро зикр мекунам. Ёдовар мешавам, ки соли ҷорӣ дар маҷаллаи машҳури илмии “Терапевтический архив” мақолаи чанд олими барӯманди Русия нашр гардид, ки сарсухани он аз ҳамин табақабандии бемории санги талха шуруъ мешавад, ки бозёфти беназири Мансуров мебошад. Вақте ин мақолаи илмиро бо таъкиди махсуси номи Устод хондам, ҳам хурсанд шудам, ҳам ифтихор кардам.

Замони ҳамкориямон ман табиби ташхиси фаросадоӣ будам ва роҳхатҳои Устодро хуб дар хотир дорам. Вай кӯшиш мекард, ки кори маро осон созад: дар роҳхати худ шикояти бемор ва зарурияти диққати бештар ба кадом узв доданро сабт мекард. Масъалагузорӣ менамуд, ки ин ё он ташхиси фаросадоӣ объективӣ ҳаст ва аз чӣ далолат мекунад. Боре гуфт, ки кадом намуди сиррози ҷигар – макронодулярӣ ва ё микронодулярӣ бештар сабаби саратони ҷигар мешавад. Бо омӯзиши адабиёти ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои худ ба ин савол пас аз чандин сол ҷавоб ёфтам.

Хеле хуб мебуд, агар барои донишҷўён, табибон ва олимони соҳа омӯзиши асарҳои мондагори академик Ҳамид Ҳусейнович Мансуров, ки гастроэнтерологияи тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардошт, ба роҳ монда шавад, зеро ин ганҷ дар такомули касбӣ ва илмии онҳо омили муҳиму муассир хоҳад шуд.

АБАДИЯТИ ОДАМУ ОЛИМ

Ҷаҳон АЗОНЗОД, доктори илми тиб, профессор:

-Академик Мансуров Ҳамид Ҳусейнович яке аз бузургтарин олимони асри 20 ва 21 тоҷик ба ҳисоб меравад. Обрӯю эътибори ӯ ҳамчун олими барҷастаи соҳаи гастроэнтерология ва гепатология на ин ки дар Тоҷикистон, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва арсаи ҷаҳонӣ паҳн шуда буд. Ӯ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин институти гастроэнтерологияро ташкил намуда, солҳои зиёд сарварии онро ба дӯш дошт ва дар давоми кори пурбаракаташ шогирдони зиёдеро ҳам аз Тоҷикистони азизаш ва ҳам аз ҷумҳуриҳои дигари СССР тарбия ва соҳибунвон намуд.

Ман бо ин устоди гиромиқадр дар солҳои донишҷӯиям, ки дар Донишгоҳи давлати тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил мекардам, шинос шуда будам. Он вақт дар курси 6-ум мехондам ва дар баробари таҳсил инчунин дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол будам. Ва дар ин раванд бисёр ҷашнҳои шахсиятҳои барӯманди миллат ва вохӯриҳоро бо олимону шоирон ташкил мекардам. Соли 1978 ҷашнвора бахшида ба 100 — солагии Сардафтари адабиёти советии тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат Садриддин Айниро ташкил карда, ба ин маърака устод Ҳамид Ҳусейновичро низ таклиф намудем. Ман вазифаи ровию барандагиро низ ба дӯш доштам. Устод Бобохоҷаев Муҳаммад дар бораи ҳаёту фаъолияти Садридин Айнӣ маърӯза карданд, устодон Юсуф Исҳоқӣ, Аслиддин Осимӣ ва Ҳамид Ҳусейнович аз хотираҳои худ дар бораи устоди гиромӣ ҳикоятҳо намуданд.

Соли 1979 пас аз хатми донишгоҳ дар комиссияи тақсимот маро бо хоҳиши ректор шодравон Ю.Б. Исҳоқӣ дар донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи гигиенаи иҷтимоӣ ва таърихи тиб монданд. Соли 1982 огоҳ шудам, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология аз рӯйи ихтисоси фармакология аспирант қабул менамоянд. Аз лиҳозе, ки ман ба омӯзиши рустаниҳои шифоӣ завқу мароқ доштам, хостам ба он дохил шавам. Бо маслиҳати мудири шуъбаи патофизиология ва фармакотерапияи онвақтаи Пажӯҳишгоҳ профессор Нуралиев Ю.Н. бо ҳуҷҷатҳою ариза ба қабули Ҳамид Ҳусейнович омадам. Вақте ба утоқи корияшон ворид шуда, салом додам, устод сарашонро бардошта маро шинохтанд! Ҳайрон шудам, ки аз он ҷашнвора се — чор сол гузаштаасту ӯ як донишҷӯро то ҳол дар ёд дорад. Гузашта аз ин, бо табассум гуфтанд, ки “шеърҳои устодро муассир қироат намудеду ҷашнвора ҳам хеле хуб гузашт”. Чун мақсади омаданамро фаҳмиданд, ба аризаам имзо гузошта барор хостанд. Ва ман ба аспирантура дохил шуда, бомуваффақият хатм кардам. Бо изҳори сипос бояд гўям, ки давоми 18 сол таҳти роҳбарии инсони хайрхоҳу олими хирадманд адои вазифа намудам. Бояд як нуктаро ба қалам орам, ки одамият, маданияти баланд ва дониши худододаш омили асосии обрӯи баландаш буданд.

Устод ҳам сахтгир буд ва ҳам меҳрубон. Вақте барои тақриз мақолаҳои илмиямро мебурдам, мақоларо аввал то ба охир ором мехонд ва боз аз сари хат нигоҳ карда, оромона, розигии маро пурсида, таҳрир мекард, ки дар ниҳоят мақола тамоман тағйир меёфт ва мегуфт, ки “акнун бурда чоп кунед”. Дигар ин ки номи бузургвор ба ман ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докториям дар ш. Ленинград ва баъдан Санкт-Петербурги Русия бисёр мадад кард.

Абадияти ҳар шахсро худаш дар давоми зиндагияш бо корҳои некаш барои халқу Ватанаш таҳкурсӣ мегузорад. Академик Мансуров ҳазорон дардмандро аз дарду марг наҷот дод, шогирдони зиёде ба камол расонд, пажӯҳишгоҳеро ташкил карда, ба сатҳи ҷаҳонӣ бардошт, илми тибби тоҷикро машҳури офоқ гардонд. Имрӯз дар Тоҷикистону соири кишварҳои олам аз ӯ ёд мекунанд ва ин аст абадияти одаму олим. Ва бигузор номаш дар қатори алломаҳо Абӯбакри Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯмансури Муваффақ ва дигарон абадӣ боқӣ бимонад.

Хуршеди ҶОВИД, «Даво»

Мақолаи гузашта

Модарон сиҳатии худро эҳтиёт намоянд!

Мақолаи навбатӣ

Тарзи солимии ҳаёт

user

user

Мақолаи навбатӣ
Тарзи солимии ҳаёт

Тарзи солимии ҳаёт

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026
«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

09.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ