
Дар даврони Истиқлолият дар соҳаи тандурустии кишвар арзи ҳастӣ кардани шохаи тибби хусусӣ аз муҳимтарин падидаҳои иқтисоди бозаргонист. Ташаккули он асосан ибтидои солҳои 2000-ум шуруъ шуда, алъон босуръат рушд дорад. Ба бозори хизматрасониҳои тиббӣ ворид шудани ширкатҳои хусусӣ чӣ тағйирот ба амал овард? Муносибати онҳо бо муассисаҳои давлатӣ чӣ гуна сурат мегирад: ҳамкорӣ ё рақобат? Аз фаъолияти муассисаҳои хусусӣ ниёзмандон чӣ манфиат бардошта метавонанд? Ташреҳи ин мавзӯъҳоро “Даво” аз раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Бунёди рушди тибби хусусӣ”, муассиси ҶДММ “Маркази тиббии Насл”, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин ҚУРБОНОВ хоҳиш намуд.
На духтур мерасиду на мошини ёрии таъҷилӣ
— Сароғоз як рақам меорам, ки бароятон, муҳтарам доктор, пӯшида нест, лекин аксарият эҳтимол надонанд. Соли 2005 дар ҷумҳурӣ ҳамаги 79 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекард. Аз байн 20 сол гузашт ва теъдоди онҳо беш аз 900 шуд. Шумо ин ҷаҳиши миқдориро чӣ тавр тафсир медиҳед? Инқилоб шуд ё ягон сабаби дигар дорад?
— Албатта, дар муддати нисбатан кутоҳ 10-11 маротиба зиёд шудани теъдоди клиникаю марказҳои хусусии тиббӣ касро ба ҳайрат меорад. Аммо ин инқилоб нест. Омилҳояш зиёданд, аввалтар аз ҳама болоравии ниёзмандии мардум ба хизматрасониҳои тиббист. Барои дарки амиқтари ин ва дигар ваҷҳҳо назаре ба гузашта ногузир аст. Вақте соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд ва Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ эъломи Истиқлолият карду баъди чанде ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо сар зад, тамоми рукнҳои рӯзгор — ҳам сиёсат, ҳам иқтисод, ҳам фарҳангу иҷтимоиёт варшикаста шуда буд.
Солҳои 1995-2002 ман саракушер-гинекологи Вазорати тандурустӣ будам ва даҳшатҳои он давраро ба чашми сар дидаам. Маргумири модар он вақтҳо ҳангоми таваллуд соле ба 140-150 ва ҳатто то 200 нафар ба 100 ҳазор тифли зиндатавлид расида буд, ки рақами ниҳоят калон аст. Махсусан дар навоҳию деҳоти дурдаст занҳо ҳангоми таваллуд натанҳо дар хона, балки дар роҳ ба суи таваллудхона ҳам мефавтиданд. Зеро на духтуру ҳамшира буд, на мошини ёрии таъҷилию на барқу на маводи сухт ва на хадамоти дурусте барои ташкил ва расонидани ёрии зарурии тиббӣ.
— Яъне низоми тандурустӣ низ фалаҷ шуда буд?
— Бале. Дар чунин ҳолати фавқулодда сангини ҳам давлат ва ҳам ҷомеа нафаре мебоист ба арса меомад, ки аз ин варта кишвар ва мардуми онро наҷот медод. Ба бахти миллату давлат дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси навинтихоб Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро ягона илоҷи ворастан аз ин варта гуфта, таъкид кард, ки ҳамин рукнҳоро барқарор кунем, зиндагӣ ҳатман рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо ҷонбозию раҳнамоии Абармарди миллат мо хонаамонро натанҳо аз нав сохтему обод кардем, мо коре кардем, ки дар олам назир надорад. Як мисол. Ҳама медонад, ки дар ҷумҳурӣ анқариб 70 шаҳру навоҳӣ ҳаст. Лекин на ҳама огаҳ аст, ки на камтар аз 15 шаҳру ноҳияи кишвар умуман беморхонаи марказии муносиб надошт! Беморхонаҳои гӯё марказӣ дар иморатҳои номуносиб ҷойгир буданд, бе ягон шароити кору табобат. Чун дар маҳалҳо имконияти зарурии ташхису табобат, ки нашуд, ҳар гуна беморӣ хуруҷ мекунад, фавт меафзояд. Як мисолашро дар боло овардам. Имрӯз бинои беморхонаҳои ин ноҳияҳо низ қасрро монад, таҷҳизоташон муосиру кадрҳояшон кордон. Ҷумла деҳоти дурдаст бошад, соҳиби бунгоҳи замонавии тиббӣ гашт. Инсон бояд кур бошад, ки ин дастовардҳои даврони Истиқлолро набинад ва ё эътироф накунад.
Аллакай баъди се сол дар фикри ЭКО мешаванд
— Шумо аз ғояти маргумири модарҳо дар солҳои навадум гуфтед. Вазъи кунунӣ чӣ гуна аст?
— Нишондиҳандаҳои маргу мири модарону кудакон чандин маротиб кам шудааст. Лекин ин ҳам зиёд асту мо минбаъд низ барои пешгирии фоҷиаи фавти модарону кудакон бояд бештар тадбир биандешем. Зимнан ҳоло кулли таваллудхонаҳо таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, кат ва асбобу анҷоми зарурии ҷарроҳӣ, рахти хоб, зоишгоҳҳои муносиб, васоити кӯмаки акушерӣ, миқдори кофии унсурҳои хун ва дигар дорую даво доранд.
Ман аз рушди бесобиқаи танҳо як самти соҳаи тандурустӣ чанд сухан гуфтам. Дар маҷмуъ тӯли ин солҳо сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ воқеан басо боло рафт. Ва ҳоло фурсати он фаро расид, ки оид ба нақши рӯзафзуни муассисаҳои хусусии тиббӣ дар ин пешрафт муфассалтар истода гузарем.
Як нуктаи муҳимро мехоҳам таъкид кунам. Назар ба 10-15 соли пеш зиндагии мардумамон хубтару имконияташ хеле зиёдтар шудааст. Барои исботи фикр як мисол аз “Маркази тиббии Насл” меорам. Мо онро соли 2010 ташкил кардем ва давоми қариб 15 сол дар ҷумҳурӣ ягона будем. Ҳозир чунин беморхонаҳоро туркҳою русҳо ҳам сохтанд, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ маркази нави ЭКО бунёд шуда истодааст, се чунин марказ дар Хуҷанд амал мекунад. Бубинед, ҳоло дар кишвар 6-7 муассисаи хусусии репродуктологӣ фаъолият дошта бошад ҳам, теъдоди ниёзмандоне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, кам нашудааст. Ин шаҳодати чист?
— Ба фикрам, эътимод ба касбияти баланди кормандони “Маркази тиббии Насл”.
— Ҳамчунин нишонаи зиёд шудани имконияти мардум аст. Панҷ ё даҳ сол пеш ба мо оилаҳои бефарзанде барои ЭКО муроҷиат мекарданд, ки зиёда аз даҳ сол кӯдак наёфта буданд. Ҳозир агар зани ҷавон баъди ду-се соли хонадорӣ ҳомила нашавад, бо шавҳараш ба клиникаи мо медавад.
Як ҳолатро шумо ҳам мушоҳида кардагистед. Ба кадом муассисаи тиббӣ наравед, чун дар “Насл” бемор ҳамеша бисёр аст. Дар Қарияи боло, “Истиқлол”, “Ибни Сино”, “Шифо”, “Мадади Акбар” ва дигарҳо одами зиёдро дида гумон мекунӣ, ки мардуми мо ҳама касал аст. Дар асл ин нишони болоравии маърифати тиббӣ ва афзудани имконияти молиявияшон аст, ки метавонанд ба марказу клиникаҳои хусусии ташхису табобат ҳам торафт бештар муроҷиат кунанд.
Давлат ва Ҳукумат ба ширкатҳои хусусӣ роҳ мекушоянд
— Ибтидои солҳои 2000-ум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи соҳаи тандурустӣ, ки дар солҳои 90 шикасту рехти ҷиддӣ дид, ба татбиқи барномаи ислоҳоти он шуруъ кард. Дар ин росто тасмими таърихии Ҳукумати кишвар иҷозат додани фаъолияти ширкатҳои хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ буд.
— Комилан дуруст қайд кардед. Соли 2002 қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти тибби хусусӣ” табаддулот дар соҳаи тандурустӣ буд, ки бори аввал дар таърихи соҳа ба фаъолияти ширкатҳои хусусӣ иҷозат дод. Соли 2017 дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин нукта расман ифода ёфт. Дар ин давра Ҳукумати кишвар барои рушди тибби хусусӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешид, қарору қонунҳои зарурӣ қабул карда, заминаи меъёрию ҳуқуқии онро муттасил тақвият медод. Тартиби литсензиядиҳӣ ҳарчӣ соддатар карда, таҷҳизоту технологияи пешрафтаи тиббӣ бидуни боҷи давлатӣ ворид мешуд. Дар маҷмуъ давлат барои ривоҷи фаъолияти ширкатҳои хусусии тиббӣ наздики 100 номгуй имтиёз дод.
Боз як нуктаи муҳимро мехоҳам махсус ва бо сипос зикр кунам. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир пайваста моратория эълон мекунад, яъне манъи тафтишҳои сершумори фаъолияти ширкатҳои хусусӣ. Ба он маъно, ки монед, озод (албатта дар доираи қонун) амал кунанд, қоматашон росту пулдор шуда, марказу клиникаю беморхонаю бунгоҳҳои замонавию муҷаҳҳаз сохта, ба мардум хизмати муосири тиббӣ расонанд. Вақту соаташ, ки расид, корашонро тафтиш мекунем. Ва ин ҳама тадбирҳо ба авҷу тараққии тибби хусусӣ, беш аз пеш ба ниёзмандон манзур шудани хизматрасонии тиббӣ тавассути муосиртарин таҷҳизоту технология ва усулҳои пешқадами ташхис, ҷарроҳӣ ва муолиҷа оварду меорад.
Яъне ин сиёсати ҳадафмандонаи ҳукумат ҷиҳати дастгирии амалии соҳибкорону сармоягузорони худию хориҷӣ аз ҷумла дар соҳаи тандурустист. Аз ин рӯ, беш аз 10 маротиба зиёд шудани шумораи муассисаҳои хусусии тиббӣ на тасодуф, балки натиҷаи ҳамин сиёсати созанда аст.
Клиника муштарак, маблағ муштарак
— Агар дар марҳилаи аввали ташаккули тибби хусусӣ муассисаҳои табобатӣ бо маблағгузории соҳибкорони худӣ таъсис меёфта бошанд, солҳои охир теъдоди ширкатҳои муштарак ё сирф хориҷӣ низ меафзояд. Бозори хизматрасонии тиббии Тоҷикистон ба соҳибкорони бурунмарзӣ низ ҷолиб шуда истодааст?
— Воқеан чунин аст ва ин раванд торафт тақвият меёбад. Чунки талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир босуръат меафзояд ва ин бозор барои сармоягузорони хориҷӣ ҳам судбахш аст. Чун натиҷа марказу клиникаҳое ифтитоҳ ёфта истодаанд, ки муасссису сармоягузоронашон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Эрон, Чин, Русия, Туркия, Ҳиндустон ё давлатҳои дигар мебошанд. Мавриди тазаккур аст, ки онҳо мутахассисонро худ меоварда бошанд ҳам, қисме аз табибон, кормандони миёна ва хурди тиббӣ мутахассисони маҳаллиянд.
Ҳамчунин марказҳои тиббие ҳастанд, ки бинояшро соҳибкорони тоҷик сохта, мутахассисони бурунмарзӣ бо иҷораи он таҷҳизоти навтарин оварда, хизмати муосири тиббӣ мерасонанд. Дар онҳо танҳо қисме аз табибон хориҷиянду аксарият мутахассисон тоҷиканд.
Музофотро набояд фаромӯш кард
— Ба Шумо, муҳтарам доктор, пӯшида нест, ки аксарият ширкатҳои хусусии чӣ ватанию чӣ хориҷӣ дар пойтахт чун маркази тиббӣ, инчунин дар шаҳрҳои калон фаъолият доранд. Музофот бошад, аз доираи дастрасии хизматрасониҳои замонавиии тибби хусусӣ то андозае берун мемонад.
— Шумораи чунин муассисаҳои замонавии тиббӣ натанҳо дар Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳо низ меафзояд. Аз ҷумла дар Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Кулобу Бохтар фаъоланд. Чуноне маълум аст, теъдоди асосии муассисаҳои хусусӣ дар Душанбе ва вилояти Суғд мебошад. Вақтҳои охир онҳо дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон низ зиёд мешаванд.
Ин ҳама дар 10-15 соли охир ба амал омада истодааст ва дар чунин як муддати кутоҳ дар шаҳру навоҳии дурдаст ва камнуфус ҳам дидан ва ё хостани фаъолияти марказу клиникаҳои хусусӣ имкон надорад. Барои ин вақт даркор, талаботи бозор даркор.
Албатта, масъалаи муҳим аст, сарфи назар аз маҳалли зист ба хизматрасонии муосири тиббӣ яксон дастрасӣ доштани аҳолии диёр. Алалхусус ба хизматрасониҳои муосири стоматологӣ, кардиологӣ, репродукологӣ, ортопедӣ, урологӣ ва ғайра. Яъне ашхос ва ниҳодҳои масъул минбаъд бояд ҷиҳати ҷуғрофии ҷойгирсозии муассисаҳои хусусиро низ ба эътибор гиранд, то ки адолати иҷтимоӣ пойдор бошад.
Бемор имкони интихоби клиникаю табибро ёфт
— Чун сухан аз нахустин ширкатҳои хусусӣ равад, маркази тиббии “Шифо”-ро ном мебаранд. Аз “Марказии тиббии Насл” ёдовар мешаванд, ки Шумо, муҳтарам доктор, бунёдгузораш ҳастед ва бори аввал дар ҷумҳурӣ ба дарди оилаҳои бефарзанд марҳам шуда, ЭКО (ҳомилашавии сунъӣ)-ро роҳандозӣ намудед. Клиникаи хусусии «Солим MED» (маркази байналмилалии тиббии “Риэлт Со”) ҳам, ки лоиҳаи муштараки Тоҷикистону ИМА мебошад, аз аввалинҳо маҳсуб меёбад. «Солим MED» якумин маротиба дар Тоҷикистон ба ҷарроҳии лазерии глаукома ва оризаи ба диабет алоқаманди чашм ибтидо бахшид. Ин ширкатҳо собит карданд, ки ниёзи мардуми кишвар бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ дар асоси технологияҳои пешрафта бошад. Дар фаъолияти муваффақонаи муассисаҳои хусусии солҳои охир таъсисёфта низ ҳамин омил нақши муҳим мебозад. Ё назари Шумо, муҳтарам доктор, дигар аст?
— Ба гуфтаи Шумо комилан мувофиқам. Воқеан ҳам, унсури муассири рушди муассисаҳои хусусӣ ин пешниҳоди хизматрасониҳои муосири тиббӣ, кӯшиши такрор накардани он хизматрасониҳое, ки дар муассисаҳои давлатӣ аллакай мавҷуданд. Пеш аз идомаи сухан як мисол меорам. Айни замон дар Маркази тиббии генетикии “Вита” дар пойтахт тамоми намуди муоинаи генетикиро баҷо меоранд, ки панҷ сол пеш ҳатто орзу карда наметавонистем дар Тоҷикистон имконпазир будани гузаронидани чунин озмоишҳоро.
Дар муолиҷаи муосири бемориҳои дилу рагҳо, сутунмуҳра, чашму гушу гулу, қафаси сина, ҷигару гурда, системаи ҳозима ва ғайра дастовардҳои табибони мо бисёр назаррасанд. Ҳам дар муассисаҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ. Яъне рушди тибби хусусӣ ва дар бозори хизматрасонии тиббӣ ҳарчи бештар мавқеъ гирифтанаш ба нафарони бемор бори аввал имконияти интихоб кардани ҳам муассисаи тиббӣ ва ҳам табибро фароҳам овард, ки аз муҳимтарин дастоварди соҳаи тандурустӣ дар давраи Истиқлол маҳсуб меёбад.
Аз нуқтаи назари банда ҳамчун яке аз ташкилотчиёни собиқадори соҳаи тандурустӣ, мо бояд он дастовардҳои тибби пешрафтаи ҷаҳониро биёрем, ки муассисаҳои давлатӣ айни замон қудрати ба мардум пешниҳод кардани онҳоро надоранд. Беҳтар он аст, ки буҷети давлатии тандурустӣ ба ҳалли масъалаҳои умдатарин равона карда шавад, яъне ба ниёзи маъюбон, модару кудак, иммунизатсия, пиронсолон, камбизоатҳо, ҷарроҳиҳои оҷил ва ғайра. Дар ин сурат маблағ ҳадафманду самаранок харҷ мешавад. Дар ин сурат метавон хеле зиёд намуди хизматрасонии тиббиро чи дар муассисаҳои давлатӣ ва чи дар муассисаҳои хусусии тиббӣ пулакӣ анҷом дод. Бигузор оҳиста оҳиста мо ба системаи бима ва ё суғуртаи тиббӣ гузарем. Зимнан, ин раванд, гумон мекунам, тадриҷан дар пайи амалишавӣ аст.
“Барои шифо ба Тоҷикистон меравам”
— Дар паҳлуи тибби давлатӣ торафт тавон гирифтани тибби хусусӣ барои ниёзмандон ҷиҳати мусбати молиявӣ ҳам дорад.
— Саргардониҳои тулонӣ ва баъзан сафарҳои чандинкаратаи онҳоро ба хориҷи кишвар дар назар доред?
— Бале.
— Дар ҳақиқат солҳои пеш бемордорон иддаи беморонро барои табобат ночор ба Эрон, Ҳиндустон, Русия, Туркия, ҳатто Аврупо мебурданд, чунки дар худамон хизматрасониҳои ба онҳо зарурӣ набуд. Аълон аксари ин хизматрасониро бахши хусусӣ манзур мекунад, хориҷиравиро хеле кам карда. Ин аз як ҷиҳат далели боло рафтани дараҷаи касбӣ ва техникии табибону муассисаҳои хусусии ватанӣ бошад, аз тарафи дигар шаҳодати пайваста тавсеа ёфтани намудҳои хизматрасонии муосири тиббист. Ба ин васила мардуми мо ҳам дар хона табобати зарурӣ мегиранд, ҳам овора нашуда, маблағи ҳангуфти сафару будубош дар дигар давлатҳоро сарфа мекунанд.
Масъала боз як паҳлуи ҷолибу муҳим дорад. Марказу клиникаҳои хусусӣ аллакай хизматрасониҳои тиббиро натанҳо ба халқи худ, ба мардуми хориҷи кишвар низ пешниҳод мекунанд, ки ба Тоҷикистони муъҷизатабиат натанҳо барои тамошо ё меҳмонӣ, балки барои тафреҳу табобат ҳам биёянд, саломатияшонро беҳтар созанд. Барои ин шароити зарурӣ ташаккул ёфта истодааст ва солҳои наздик “Ман барои табобат ба Тоҷикистон меравам” гуфтани ҷумла хориҷиёни дуру наздик муд мешавад. Ба ин банда итминони комил дорам. Ин аз муҳимтарин самтҳои рушди минбаъдаи тибби хусусӣ дар кишвар хоҳад шуд.
Ва охирин. Гуфтание дорам то ҳол нуҳуфта доир ба асолату рисолат. Асолати тоҷик дар давоми якуним ҳазор соли охир дар донишандӯзӣ таҷассум шудааст. Генетикаи тоҷик омузгор аст, аз ин ру, ахлоқу одобу фаросат, гуфтору рафтору кирдор ва модели рузгораш аз дигар халқу миллатҳо фарқ мекунад. Табиб буданаш ҳам аз ҳамин рукнҳо бармеояд. Мутмаъинам, ки табиб наздиктарин бандаи Худост, чунки аснои ҳам таваллуд, ҳам марг ва ҳам вазнинтарин ҳолатҳои зиндагӣ, ки одам аз ҳама зиёд ёди Худо мекунад, маҳз табиб дар бараш мебошад. Ман ин ду пешаро аз муҳимтарин рисолати одамӣ меҳисобам. Аз ин рӯ, агар ҳар кадоми мо воқеан худро табиб бишмарем, сарфи назар аз давлатӣ ё хусусӣ будани ҷойи корамон, бояд холисанлиллоҳ ва беминнат ба мардум хизмат кунем.
— Парвардигор Шумо ва ҷумла ҳамкасбҳоятонро дар ин ҷода ёру мададгор бошад.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, “Даво”



