• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

10 маҳсулоти ба саломатӣ муфид

от user
в Ғизои солим
0

Ғизоҳое, ки истеъмол мекунем, ба давомнокии умр, саломатӣ, хотира ва эҳсосоти мо таъсир мерасонанд. Инак, таваҷҷуҳ намоед ба фаъолиятнокии чанде аз онҳо

Чойи сабз

Ин нӯшокӣ манбаи антиоксидантҳо ва витамини С мебошад, ки раванди пиршавиро суст мекунад. Чойи сабз инчунин, ба саломатӣ ва зебоии пӯст таъсир мерасонад. Илова бар ин, он хатари бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад. Нӯшокӣ барои онҳое, ки дар назди компютер бисёр мешинанд, тавсия дода мешавад, зеро дар таркиби он моддаҳое мавҷуданд, ки бо радиатсияи зараровар мубориза мебаранд. Чой ҳамчунин, шуш ва бронхҳоро тоза мекунад.

Чормағз

Чормағз маҳсулоти солим ҳисобида шуда, манбаи сафедаи растанӣ, витамини С, инчунин йод ва витаминҳои гурӯҳи В мебошад. Чормағз барои коҳиш додани хатари бемориҳои дилу раг, ба эътидол овардани кори ғадуди сипаршакл ва ҳавасманд кардани фаъолияти майна мусоидат мекунад. Он ба системаи асаб таъсири бузург расонида, шиддатнокиро бартараф месозад.

Асал

Ғизоест чунанбори витаминҳо. Он масъуниятро беҳтар ва системаи асабро мустаҳкам намуда, ба узвҳои ҳозима таъсири хуб мерасонад. Асал, инчунин хобро мӯътадил гардонида, хастагиро рафъ месозад.

Тухм

Ин маҳсулот манбаи асосии протеин мебошад. Олимон тасаввуроти нодурустеро, ки гўё тухм рагҳои хунро бо холестерин «ифлос мекунад», рад карданд. Тухм хатари сактаи дил ва инсултро коҳиш дода, лахташавии хунро пешгирӣ мекунад.

Моҳӣ

Яке аз маҳсулоти муфидтарин моҳӣ мебошад. Махсусан, моҳии баҳрӣ фоиданокиаш хеле калон аст. Он дорои миқдори зиёди сафеда, Омега-3, Омега-6 ва оҳан мебошад. Кислотаҳои чарбӣ барои паст кардани сатҳи холестерин кумак мекунанд ва хатари сактаи дилро то 50% коҳиш медиҳанд.

Маҳсулоти ширӣ

Онҳо бояд ба парҳези инсон дохил карда шаванд. Чунин маҳсулот аз сафеда ва равғанҳои ба осонӣ ҳазмшаванда бой мебошанд. Ҷурғот ва йогурт ба солимии узвҳои ҳозима мусоидат намуда, микрофлораи рӯдаҳоро барқарор мекунанд. Хавфи саратони меъда низ кам мешавад.

Ғалладонагиҳо

Ба ғалладонагиҳои солим биринҷи қаҳваранг, ҷав ва тамоми ғалладонагӣ дохил мешаванд. Ин зироатҳо ғози набототии бисёр доранд, рӯдаҳоро тоза намуда, кори системаи ҳозимаро ба эътидол меоранд. Истеъмоли мунтазами ғалладона хатари саратони рӯдаро коҳиш медиҳад. Ғалладонагиҳо бо холестерини баланд, қанди хун ва фарбеҳӣ мубориза мебаранд.

Помидор

Помидор яке аз се ғизои солимтарин мебошад. Тавсия дода мешавад, ки он дар ҳама гуна шакл истеъмол карда шавад: тару тоза, дар шакли соус, хамира ва ғайра. Дар помидор миқдори зиёди ликопен мавҷуд аст, ки ташаккули ҳуҷайраҳои саратонро бозмедорад. Агар шумо мунтазам сабзавот истеъмол намоед, бадан ба истеҳсоли миқдори зиёди каротиноидҳо шурӯъ мекунад. Онҳо бо ҷамъшавии кансерогенҳо дар бадан мубориза мебаранд.

Себ

Ин мева яке аз муҳимтарин ғизоҳои солим барои инсон аст, зеро он дорои витаминҳои B1, B2, C, P ва E мебошад. Себ хатари гирифторӣ ба бемории Алтсгеймер, саратон ва бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад. Мева системаи масуният ва асабро мустаҳкам намуда, қувваи ҳозимаро ба эътидол меорад.

Лӯбиёгӣ

Тавсия дода мешавад, ки лӯбиёгиҳо ба парҳез дохил карда шаванд, зеро онҳо манбаи сафедаи сабзавоти ба осонӣ ҳазмшаванда мебошанд. Дар таркиби лӯбиёгиҳо оҳан, фосфор, калий, манган, йод ва витамини С мавҷуд аст. Онҳо, инчунин дорои витаминҳои В мебошанд, ки барои системаи асаб масъуланд. Лӯбиёгиҳо вазни зиёдатиро низ кам менамоянд.

Таҳияи МАДИНА

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Аслиддин Осимӣ — поягузори илми урологияи тоҷик 

Мақолаи навбатӣ

Бемориҳои модарзодии дил 

user

user

Мақолаи навбатӣ
Бемориҳои модарзодии дил 

Бемориҳои модарзодии дил 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Иқлим ва фишори хун

Иқлим ва фишори хун

01.09.2026
Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

31.08.2026
Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

31.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ