
Аслан, дар бораи одамони наҷибе, ки умри хешро сарфи хизмати Ватану миллат намудаанд, ҳарф задан осон нест. Ва инро аз забони нафароне шунидем, ки бо поягузори урологияи тоҷик, ҷарроҳи номӣ, профессор Аслиддин Сайфиддинович Осимӣ ҳамкор буданду шогирд.
Назаре ба рўзгору пайкори ин марди нексиришт кофист, то дарк намоб, ки Холиқ маҳз барои табибӣ халқаш кардаву истеъдод арзонияш дода. Ҳамин аст, ки теғаш беморонро шифо мебахшиду донишу маҳораташ шогирдонро тавони касб
Аслиддин Осимӣ соли 1959, пас аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудан дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси табиби ҷарроҳ ба фаъолият оғоз кард. Чун ташнаи илм буд, соли 1963 аспиранти кафедраи ҷарроҳии донишгоҳи мазкур шуд. Соли 1969 бо роҳбарии профессор Дунчик В.Н. дар мавзӯи «Табобати бемории пешобдон дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм» рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуд.
Олими ҷавонро бинобар фаъолияти хуб дар кафедраи ҷарроҳии интихобӣ бо таъсиси кафедраи урология соли 1972 сарвари он баргузиданд, ки то соли 2010 роҳбарии онро бар уҳда дошт. Тавассути донишмандию кордонии Аслиддин Осимӣ кафедра чун маркази ташкилию методӣ, таълимӣ ва илмию амалии соҳа дар пешрафт ва рушди бомуваффақияти хадамоти урологии Тоҷикистон саҳми беандоза гузошт.
Ҳамзамон, Аслиддин Осимӣ аз соли 1972 то соли 1992 ҳамчун декани факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ифои вазифа намуда, басо ҷавонони ташнаи илмро тарбия ва соҳибихтисос кард, ки то ҳол аз устоди худ сипогузоранд.
Неъматулло Ибодов, директори Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологии Тоҷикистон, ки аз шогирдони Аслиддин Осимӣ ба зисоб меравад, чунин мегўяд:
— Агарчи дар бораи устод беҳтарин суханҳоро гуфтан ҷоиз аст, вале дар гуфтанаш оҷизам, зеро ҳарчӣ дар васфи хислатҳои накӯяшон, донишмандию маҳорати волои ҷарроҳияшон бигӯем, ин ҳама бузургияшонро наметавонад баён кунад.
Замони донишҷӯӣ аз таълиму дарсҳои устоди арҷманд баҳравар шудам ва соли 1989 таҳсил дар курси такмили ихтисоси донишгоҳ маро бо эшон боз ҳам наздиктар намуд. Беш аз чор моҳи омӯзиш дар курси мазкур таҷрибаам дар самти ҷарроҳӣ афзуд, ки ин натиҷаи сахтгирӣ ва серталабии устод дар азхудкунии нозукиҳои кори ҷарроҳӣ буд. Аслиддин Осимӣ, ки касби худро ниҳоят дӯст медоштанд ва содиқ ба пешаи худ буданд, мекӯшиданд, бо насиҳату маслиҳатҳои падарона дар ҷисму ҷони шогирдон муҳаббати касбро ҷо созанд.
Неъматулло Ибодов бо ишора ба расми болои мизи кориаш суханашро идома медиҳад:
— Ин расми устод чун поси хотира ва эҳтирому сидқ ба заҳматҳояш дар соҳибкасб шудан ва ҳамчун як пизишк ба камол ёфтанам бошад. Ҳар субҳ пеш аз оғози кор ба ин чеҳраи азиз нигариста, гӯё неру мегирам ва он қувва маро ба сӯи беморону ниёзмандон мебарад. Ҳарфҳои сипосеро, ки аз дардмандон мешунавам, пеш аз ҳама, барои хушнудии арвоҳи устод ҳисоб мекунам, зеро заҳмати ӯ буд, ки имрӯз мо, шогирдон, сазовори миннатдорӣ ва боварии мардум гаштаем. Дар баробари дастовардҳои зиёде, ки устод ҳамчун нобиғаи тибби тоҷик барои пешрафти илми тиб, бахусус, дар самти урология намуданд, дар тарбияи шогирдони соҳибтахассус низ бемисл буд.
Равшан Мираков, мудири кафедраи урологияи ба номи А. С. Осимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, номзади илмҳои тиб, дотсент, яке аз шогирдони Аслиддин Осимӣ, дар ҷараёни суҳбат аз ҷумла ҳикоят кард:
— Замони мактабхонӣ шоҳиди марги яке аз хешовандон гардидам, ки маро ба оянда табиб шудан водор намуд. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаби деҳа азми пойтахт кардам ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шудам.
Нахустин дидор бо устод Аслиддин Осимӣ дар курси аввали таҳсил моҳи ноябр сурат гирифт. Мушкили за-мони донишҷӯиро аллакай дар моҳҳои аввали таҳсил, ки дарк намудам, тасмим гирифтам, то ҷойи коре пайдо кунаму маблағе болои стипендияам зам шавад.
Аз рӯзҳои нахустини донишҷӯӣ бо вуҷуди ҷавонӣ дар чеҳраи устод Осимӣ самимияти хоса ва хайрхоҳиро эҳсос намуда будам ва ба худ андешидам, ки барои ҳалли мушкил наздашон равам. Хушбахтона, устод Осимӣ маро хуш пазируфтанд. Напурсиданд, ки аз кадом маҳалу кадом минтақа ҳастам. Тавсия доданд, ки аз навбатдории шабонаи шуъбаи урологӣ корро оғоз кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Яъне, ман аз ҷумлаи шогирдони Аслиддин Осимӣ ҳастам, ки бо дастгириҳои падаронаи устод соҳиби илм ва касб шудам.
Аслан, тарбия намудани шогирд дар роҳи илм ва касб ин хислати шоистаи устод буд, ки онро бояд ҳар соҳибпешаи таҷрибаандӯхта дар зиндагӣ роҳандозӣ намояд. Ба гуфтае тарбия намудани шогирд мисли боғест, ки бо мевааш комҳо ширин мегардад ва имрӯз дастпарварони устод, ҳосили заҳматҳои чандсолаашон барои солимии ҷомеа ва беҳдошти саломатии миллат саҳм гузошта истодаанд.
Устод Осимӣ ҳамеша ба мо, шогирдон, пеш аз оғози дарсҳо панд мегуфтанд. Ҳикмат аз рӯзгору инсондӯстӣ мегуфтанд. Муносибати самимӣ ва дастгириҳояшон дар бобати таҷрибаандӯзӣ ба шогирдон қувваю неру мебахшид. Мегуфтанд, ки барои обрӯ ёфтан меҳнат кунед ва рӯзе мерасад, обрӯ бо қадрдониҳои зиёд бар ивази заҳматҳои кашидаатон бармегардад. «Дурӯғ нагӯед!» — шиори зиндагиашон буд.
Имрӯз ман низ чун шогирди содиқи устод Аслиддин Осимӣ аз гуфтаҳо ва таҷрибаҳои ӯ дар кори худ истифода менамоям.
Чанде пеш китоберо ба хотири гиромидошти устоди зиндаёд Осимӣ бо номи «Чтобы оставить след» ба табъ расондам. Дар китоб сухан дар бораи онҳое меравад, ки дар рушди урологияи тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Вале ҳикояти асосӣ дар бораи ин абармарди тиб аст. Ростӣ, боре ба устоди азизам ваъда дода будам, ки рӯзе мерасад, то заҳматҳои шуморо баргардонам. Устод пайваста мегуфтанд, ки ҳар кас бояд дар зиндагӣ аз худ кору номи нек боқӣ гузорад ва шояд аз нашри ин китоб рӯҳи устод шод шавад.
Ҳамчунин, тасмим гирифтаем, ки маркази нави ташхисию табобатии бемориҳои урологиро, ки дар арафаи ифтитоҳ аст, ба номи устоди гиромӣ Аслиддин Осимӣ гузорем. Мавриди ёдоварист, ки маҳз бо ташаббуси профессори кафедраи урологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Аслиддин Сайфидинович Осимӣ дар аксари беморхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар, ба мисоли Хуҷанду Бохтар, Кӯлобу Хоруғ, Турсунзодаю Истаравшан шуъбаҳои урологӣ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, шуъбаи ёрии таъҷилии урологӣ дар шаҳри Душанбе маҳз бо ибтикори ӯ ба фаъолият оғоз намудааст.
Бо роҳбарии табиби шинохта Аслиддин Осимӣ фаъолияти илмию амалии кормандони кафедра такмил дода шуд. Факултаи такмили ихтисоси духтурон, ки соли 1976 ташкил гардид, барои омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи тиб нақши босазо гузошт.
Иқбол Ҷумъаев, духтур-уролог, корманди Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» андешаҳояшро нисбати устод Осимӣ чунин баён дошт:
— Нахустин бор устод Аслиддин Осимӣ ба мо, донишҷӯён, дар соли чоруми таҳсиламон дар Донишгоҳи тиббӣ дарс гуфтанд. Дарси устод аз насиҳат оғоз меёфт ва таъкидашон ин буд, ки барои солимии миллат ва хизмат ба мардум ҳамеша омода бошем.
Пас аз хатми донишгоҳ омӯзиш дар интернатура ва ординатураи клиникиро пеш гирифтам. Устод дар мавриди ташхису табобати бемор басо пухтакор буданд ва тавсия медоданд, ки беморро ба ҳуҷраи ултрасадо шахсан бурда, бо чашми худ ташхисро дида, табобат кунед. Он вақт ҳамчун табиби кордон ба боварии мардум сазовор мегардед.
Бо беморон хушмуомила буданро ҳар вақт таъкид мекарданд. Мегуфтанд, ки чун хилъати сафед дилро дар иҷрои рисолати табибӣ софу пок нигоҳ доред. Мутаассифона, устод имрӯз дар байни мо нестанд, вале хотираашон, маслиҳату машварати эшон ҳамеша роҳнамои шогирдон аст.
Заҳматҳои профессор Аслиддин Осимӣ бо унвони «Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон», Грамотаи фахрии Совети Олии ҶСС Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» ва медалҳои «Ветерани меҳнат» ва «Шафқат», мукофоти тахассусии «Теғи тиллоӣ» қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз соли 2011 буданд.
Шоир гӯё дар ҳаққи эшон фармуда:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Паймонаи ҶОВИДОН,
махсус барои “Даво”



