• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Тавсияҳо баҳри хонандагон

от user
в Маслиҳатхонаи даво
0

Чаро арақ мекунам?

Салом ба аҳли қалами маҷаллаи «Даво»! Хурсандам, ки бо ҷавобҳои аниқу дақиқ ба пурсишҳои хонандагони худ ҷавоб медиҳед. Аз ин рў, хостам аз мушкилоти худ, ки ҳаллашро пайдо карда наметавонам, ба шумо арз намоям. Ҳамеша бадан ва сару рўям арақ мекунад ва аз ин дар хиҷолат мемонам. Дезодорант ҳам кўмак намекунад. Чӣ бояд кард?

Сабурбек, ш. Истаравшан

Маслиҳати «Даво»:

Дар мубориза бо арақкунӣ (гипергидроз) симпатэктомияи торакалии эндоскопӣ (эндоскопическая торокальная симпатэктомия-ЭТС)-ро истифода мебаранд. Дар асаб клипси метлиро мегузоранду дар давоми 30 дақиқа ҷарроҳиро анҷом медиҳанд. Ҷарроҳӣ бе асар мегузарад. Ин тарзи табобат барои дигар арақ накарданатон дар тўли ҳаёт 100% кафолат медиҳад.

Шарбати помидор менўшам.

Хунам хеле кам, гемоглобинам паст шудааст. Духтур маслиҳат дод, ки ҳарчи бештар шарбати помидор хўрам. Дар асл ҳам чунин мекунам. Аммо алҳол натиҷае нест. Чӣ бояд кард?

Марҷона, ш. Душанбе

Маслиҳати «Даво»:

Маслиҳати «Даво»: Шарбате, ки аз помидор ё афшураи тару тозаи он ҳосил карда мешавад, бўю таъми хуш дорад ва манфиатбахш аст. Он дар ҳақиқат ҳам, сатҳи гемоглобинро баланд бардошта, холестеринро паст менамояд. Шарбати помидор масунияти баданро баланд менамояд, ҷигарро тоза карда, кори ғадудҳои зери меъдаро муътадил мегардонад ва кори рўдаро фаъол менамояд. Агар шарбати помидорро шабҳангом, вақти хоб нўшед, таъсираш боз ҳам бештар мегардад.

Ҷарроҳии пластикӣ кунам?

Мехоҳам ҷарроҳии липосаксия гузаронида, чарби зиёдатии баданамро гиронам. Чӣ гуна аз муоина гузарам ва барои ташхис чӣ бояд супорид?

Зайнура, аз шаҳри Қўрғонтеппа

Маслиҳати «Даво»:

Албатта, барои гиронидани чарби зиёдатии бадан аз ташхиси пурра гузаштанатон зарур аст. Ташхиси клиникӣ ва биохимиявии хун ҳатмист. Ғайр аз ин, хунатонро барои муайян кардани резус-фактор ва бемориҳои венерикӣ, ВИЧ, гепапити В ва С супоред. Аз муоинаи ЭКГ гузашта, пешобатонро ба озмоишгоҳ супоред. Баъди ҳамаи ин махсус он қисмҳои баданатонро, ки чарбашро бояд гиранд, тадқиқ менамоянд. Азбаски ҷарроҳӣ махсус барои равонидани чарб нигаронида мешавад, қаблан сабабҳои пайдоиши он муайян карда мешавад. Барои муайян кардани сатҳи ҳормонҳо ва гемоглобини глипиронӣ ташхиси хун лозим аст.

Мўи сарам дер месабзад

Чӣ тавр бо роҳи гиёҳдармонӣ сабзиши мўйро тезонидан мумкин? Ростӣ, аз харидани шампунҳои гуногун хаста шудам. Хосияти шампунҳо ба он навиштаҷоте, ки дар танаи бастаҳо навишта шудааст, хеле кам мувофиқат мекунад.?

Одил, шаҳри Ваҳдат.

Маслиҳати «Даво»:

Як бандчагӣ испаноқ (шпинат) ва карафс (селдерей)- ро фишурда, обашро гиред. Шарбати мазкурро ба пўсти сари қаблан шусташуда хуб бимолед. Ин табобат сабзиши мўйҳоро метезонад.

Сабр гулмиҷҷаро табобат мекунад?

Тез-тез дар пилки чашмам гулмиҷҷа мебарояд. Гуфтанд, ки онро ба воситаи сабр (алоэ) табобат кардан мумкин аст. Чӣ гуна бо алоэ гулмиҷҷаро табобат кунам?

Зебо, аз ноҳияи Рўдакӣ

Маслиҳати «Даво»:

Растании алоэ дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ мебошад. Бо ин растанӣ махсусан, ҳар гуна бемориҳои аз шамолкашӣ пайдошударо табобат кардан мумкин аст. Масалан, агар дар чашматон гулимиҷҷа «рўяд», барги андозааш миёнаи ин гиёҳро бо корд майда реза карда, дар як истакон оби ҷўшонидашудаи хунук рехта, 7 соат даҳонашро пўшонида нигоҳ дореду баъдан матои пахтагиро дар он тар карда, дар ҷои дардманд гузоред. Ин амалро рўзе 3-5 маротиба такрор кардан ҷоиз аст.

Мақолаи гузашта

Равғанҳои растаниро бештар истифода баред!

Мақолаи навбатӣ

Модарон сиҳатии худро эҳтиёт намоянд!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Модарон сиҳатии худро эҳтиёт намоянд!

Модарон сиҳатии худро эҳтиёт намоянд!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ