Ҳар шахс, бахусус занон доимо мекўшанд, ки худро солиму зебо нигоҳ доранд, аммо ҳамагон ба хубӣ медонем, ки агар ҷисм ба ҳадди лозимӣ истироҳат накунад, ба ин мақсад расидан амри маҳол аст. Ин гуфтаҳо пеш аз ҳама ба хоб дахл дорад. Агар кас аз хоб сер нашуда бошад, тамоми рўз худро хаставу бемадор ва асабонӣ эҳсос менамояд. Шояд на ҳама медонанд, ки аз таъсири камхобӣ, пеш аз ҳама, пўсти бадан зарар мебинад.
Агар хоҳед, ки пўсти шумо солиму пурҷило бошад, дар як шабонарўз на камтар аз 8 соат хобидани шумо ҳатмист.
Ҳанўз мутахассиси маъруфи зебоӣ Коко Шанел гуфта буд, ки ба зебоии зан, пеш аз ҳама хоб ёрӣ мерасонад. Зеро танҳо шабона ва ҳангоми хоб ҷараёни барқароршавии пўсти бадани инсон сурат мегирад. Дар ин ҳол агар ҷисми шумо аз хоб сер нашуда бошад, таъсири он дар пўстатон эҳсос мешавад. Инро қабл аз ҳама дар пўсти нозук ва тунуки атрофи чашмон мушоҳида кардан мумкин аст. Пўсти атрофи чашмон нисбат ба пўсти дигар қисми бадан аз 3 то 5 маротиба нозуку тунуктар аст. Агар шумо бехобӣ кашед, дар атрофи чашмони шумо зуд доираи сиёҳу торик ва чинҳо (морщина) пайдо мешаванд. Маҳсулоти косметикии ҳозиразамон дар чунин ҳолат шояд кам ба шумо кўмак кунад, аммо ба пуррагӣ таъсири онро бартараф карда наметавонад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, нисбат ба мардон занон камтар мехобанд. Дар рўзҳои корӣ онҳо одатан 6 соат ва дар рўзҳои истироҳат 7 соат мехобанду халос, зеро онҳо дар баробари кори асосии худ боз ба тайёр кардани хўрок, шустушўй ва рўбучини хона машғуланд. Бар зимаи онҳо ҳамчунин дигар машғулиятҳо: тарбияи тифлони навзод ва пирони куҳансол, ки одатан шаб бедор мешаванд, гузошта шудааст
Чӣ бояд кард, то ки шаб ором ва осуда бихобед?
- Хонаи хоби шумо бояд доим ором бошад.
- Онро барои хоб мувофиқ гардонед.
- Хонаи хоб бояд салқин ва ҳавояш тоза бошад. Ҳатто пеш аз хоб шумо метавонед, оббозӣ кунед. Дар хонаи хоб телевизор ва компютер нагузоред. Бигзор он танҳо хонаи хоби шумо бошад.
- Агар шумо танҳо нестед, пас кўрпаҳои васеътар партоед, то бароҳат хоб карда тавонед.
- Пеш аз хоб хўрок нахўред.
- Нўшидани қаҳваро дар меъёри муайян нигоҳ доред. Кофеини таркиби қаҳва, чой, шоколад одамро ҳушёр мекунад.
- Болишти хоб аз маҳсулоти табиӣ пур карда шавад, беҳтар аст ва агар накҳати хуш дошта бошад, ба мисоли бўи растаниҳои табиӣ: ҳулбўй ва ё лаванда ба рафъи хастагии шумо кўмак мекунад.
Таҳияи Фаррухрўзи Ҷовид