Равғанҳои растаниро бештар истифода баред
Кунҷид. Равғани кунҷид ширинмазза буда, аз руҳ (синк) ва калтсий бой аст. Аз ин рў, онро барои пешгирии остеопороз ва бемориҳои дилу рагҳо васеъ истифода мебаранд. Дар китоби «Алқонун»- и Абўалӣ ибни Сино қариб 100 дорухати аз равғани кунҷид тайёршаванда зикр шудааст. Равғани кунҷидро барои муолиҷаи бемориҳои шуш, нафастангӣ, сулфаи хушк, диққи нафас, диабети қанд, зиёд будани туршии меъда, нефрит, санги гурда, камхунӣ, тоза кардани кирм васеъ истифода мебаранд.
Хардал. Равғани хардал (горчичное масло) беҳтарин илова барои хўришҳо ба шумор меравад. Дар он витамини Д нисбат ба равғани офтобпараст 1,5 маротиба бештар аст. Равғани хардал аз витаминҳои А, К, Р бой буда, масуният (иммунитет)-и организмро қавӣ месозад. Бинобар хосияти антисептикӣ доштани он барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рўда, дилу рагҳо ва шамолкашӣ хеле муфид аст.
Каду. Равғани Каду аз витаминҳои В1, В2, С, Р флавоноидҳо, фосфолипидҳо бой аст. Истеъмоли он пайдошавии аденомаро пешгирӣ мекунад. Онро духтурон барои муолиҷаи атеросклероз, бемории ишемиявии дил, санги гурда ва роҳи пешобдон, ҷигар, бемориҳои меъдаю рўда, тақвияти масунияти бадан тавсия медиҳанд. Равғани каду хосияти зиддиилтиҳобӣ, зиддиҷароҳатӣ, антисептикӣ дошта, сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад. Онро бояд хом истеъмол кард, зеро ҳангоми гарм кардан равғани каду бисёр хосиятҳои худро гум мекунад.
Зағир. Равғани зағир антиоксиданти қавӣ ба шумор меравад. Дар таркиби он кислотаҳои чарбии Омега-3, ки барои дуруст инкишоф ёфтани мағзи сари кўдак муҳим аст, зиёд дучор меояд. Аз ин рў, истеъмоли равғани зағир барои занони ҳомила зарур аст. Истифодаи равғани зағир дар таом хатари инсулт заданро 40 фоиз кам мекунад. Равғани зағир миқдори зиёди витамини Е дорад, ки онро витамини ҷавонӣ ва дарозумрӣ меноманд. Ҳамчунин дар он витамини Ғ, ки барои кам кардани вазн муҳим аст, зиёд мебошад. Истеъмоли бардавоми равғани зағир барои ҷавон мондани ҳуҷайраҳои пўст мусоидат мекунад. Агар субҳ дили бенаҳор як қошуқ равғани зағир бихўред мўи саратон ҷилодор ва ранги пўстатон ҷаззоб мешавад.
Ҷуворимакка. Зиёд будани витамини E дар таркиби равғани ҷуворимакка ба мустаҳкамшавии масунияти организми инсон мусоидат мекунад. Истеъмоли он раванди пиршавиро суст карда, фаъолияти ҷигар, рўда ва талхадонро беҳтар менамояд. Духтурон онро барои бемориҳои занона ва асаб низ тавсия медиҳанд. Дар тибби халқӣ аз қадим онро барои муолиҷаи шамолкашӣ, диққи нафас ва шақиқа (дарди нимсар) истифода мебаранд.
Чормағз. Баъди гузаронидани ҷарроҳӣ ва бемории дурудароз истеъмоли равғани чормағз зуд организмро барқарор мекунад. Хўрдани он захмҳоро бо ҳам оварда, зуд сиҳат менамояд. Барои харобшавӣ ва ҷавонкунии организм воситаи беҳтарин аст. Равғани чормағз хатари бемориҳои кардиологиро кам месозад. Он ба ихроҷи радионуклидҳо аз организм мусоидат мекунад.
Зайтун. мекунад. Дар вақташ Гомер (файласуфи Юнони қадим) равғани зайтунро «тиллои моеъ» гуфта буд. Онро муфидтарин равған меноманд. Истеъмоли бардавоми равғани зайтун фишорро муътадил гардонида, фаъолияти дил ва узвҳои ҳозимаро беҳ мегардонад. Ҳамчунин хатари пайдошавии саратони сина якчанд маротиба кам мешавад.
Ангат. Равғани ангат (облепиховое масло) аз витаминҳои E, F, A, K, D ва моддаҳои фаъоли биологӣ бой буда, онро барои муолиҷаи бемориҳои гинекологӣ, роҳи нафас (фарингит, ларингит, гайморит), захми меъда, рўдаи дувоздаҳангушта атеросклероз, бемориҳои дандон васеъ истифода мебаранд
С. АМИНИЁН.