• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Дар гӯшаи серодами дорухона, миёни рафҳои пур аз доруворӣ, ҷавоне бо чеҳраи кушод ва нигоҳи ором мисли моку равуо карда, ҳар рӯз ба даҳҳо нафар хизмат мерасонад. Барои аксарият ӯ танҳо як дорусоз аст, аммо барои онҳое, ки боре аз маслиҳати муфиду муносибати гармаш бархурдор шудаанд, шахсест, ки каломи рӯҳбахшаш низ гоҳе на камтар аз худи дору таъсир мерасонад.

ДАР ОРЗУИ ХИЛЪАТИ САФЕД

Духтур шудан орзуи бачагии Асадулло Файзиев буд. Мисли иддае аз ҳамсолонаш ӯ низ худро дар хилъати сафед тасаввур мекард, ки дар утоқи корӣ ба беморон кумак мерасонад. Ҳангоми дидани кори табибон дар дилаш эҳсоси аҷибе пайдо мешуду ба назараш табибӣ аз волотарин пешаҳои рӯи замин менамуд.

Солҳо гузаштанд. Ӯ мактабро хатм намуд ва бо амри орзу довталаби донишгоҳи давлатии тиббӣ шуд. Аммо тақдир кори худро кард. Холҳои имтиҳонӣ барои дохилшавӣ нарасиданду Асадулло ноилоҷ ба коллеҷи тиббии ба номи Ю.Б Исҳоқӣ гузашт. Шояд чунин ноомад дигареро ба кӯйи навмедию шикастарӯҳӣ мебурд. Лекин Асадулло аз ин тоифа набуд. Хуб дарк мекард, ки муваффақият на ҳамеша аз роҳи кӯтоҳ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар коллеҷ бо азму иродаи қавӣ дониш андӯхт. Баъди хатми он бошад, ҷавони ташнаи дониш таҳсилро дар факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров идома дода, маълумоти олӣ гирифт.

ЯК ДОРУ ДУ ДОРУ МЕШАВАД

Асадулло беш аз шаш сол аст, ки дар соҳаи фармасевтика фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ ба ҳазорҳо ниёзманд хизмат расонда, дар ин зимн шоҳиди ҳолатҳои гуногун гардидааст. Аксар вақт корафтодаҳо мушаввашхотиру шитобзадаянд. Шояд беморашон вазнин бошад. Бо вуҷуди ин дар умқи чашмашон умеди шифо шӯъла мезанад. Дар ин мавридҳо Асадулло аввал бо чанд ҷумла сухани хуш тасаллояшон медиҳад ва танҳо баъди ин аз паси дарёфти доруҳои фармуда мешавад. Чун аксари онҳо хотирпарешонанд, дар руйи ҳар қуттӣ ҳатман миқдор ва вақти дорухуриро навишта, риояташро таъкид мекунад.

«Барои фаъолият дар беморхона ё дорухона мутахассис бояд, пеш

аз ҳама, гӯши шунаво дошта бошад. Зеро дард ё мушкили одами наздат бо умед омадаро нафаҳмида, напурсида илоҷи дуруст ёфтан душвор. Чун ҳолаташро дарк карда, дилашро бардоштӣ, як дору ду дору мешавад» — гуфт ӯ ва ин ташбеҳи охиринаш, ростӣ, ниҳоят писандам омад.

Шояд бар замми касбияти баланд ҳамин муносибати самимияш бошад, ки имрӯз бисёр мизоҷон махсус ӯро суроғ мекунанд. Онҳо бо ворид шудан ба дорухона дарҳол мепурсанд:

«Асадулло ҳастанд?» Ин савол аз ҳар гуна мукофоту ифтихорнома волотар аст. Зеро нишони боварӣ ва эҳтироми мардум бошад. Ва ҳар бори доруҳои заруриро гирифта, “раҳмат, писарам, баракат ёбед”, — гуфтани мизоҷон итминонаш меафзояд, ки касбро дуруст интихоб кардааст.

ЯК ИҚРОРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

Имрӯз Асадулло Файзиев дар Хуҷанд ба ҳайси фармасевти соҳибтаҷриба обрую эътибор дорад. Ҳамчунин мавсуф шавҳару падари меҳрубону ғамхор буда, бо баҳонаи серкорӣ вақташро барои аҳли оила “ихтисор” намекунад. Зеро хуб медонад, ки танҳо “ақибгоҳи мустаҳкам” доштан мардро муваффақ месозад. Зимнан, дар хонавода ва авлоди онҳо ягон нафар, ҷуз ӯ ба соҳаи тиб иртибот надорад.

Ҳамчунин, Асадулло бо эҳтироми хос аз роҳбари ширкати » Суғд-фарм» Муяссара Пӯлодова сухан мекунад. Ба гуфтааш, дастгирӣ, маслиҳатҳои муфид ва қадршиносии сарварашон дар ташаккули касбиаш нақши муҳим гузоштанд. Ҳамин муҳити созгор буд, ки Асадулло аз оғози фаъолият дар ин ҷода то кунун дар дорухонаи мазкур кор мекунад.

Дар фарҷоми суҳбатамон як иқрори ин фармасевти аллакай номошно бароям тамоман ғайричашмдошт буд. Орзуи духтур шудан дар умқи қалбаш ҳамоно побарҷой будаасту аз ин рӯ, ояндаи наздик ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, хондан мехостааст… Ба ӯ муваффақият мехоҳем!

Мадина ПОЧОЕВА,

«Даво», ш. Хуҷанд

Мақолаи гузашта

Ғадуди сипаршакл: мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

Мақолаи навбатӣ

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

30.07.2026

30.07.2026
Ғадуди сипаршакл:  мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

Ғадуди сипаршакл: мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

28.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ