• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

от user
в Ғизои солим
0

Дар ҷаҳони муосир, ки зиндагӣ пайваста суръат гирифта, одатҳои ғизохўрӣ низ тағйир меёбанд, масъалаи таъмини организми одам бо моддаҳои зарурии ғизоӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Бисёр вақт ғизои ҳаррўзаи одамон аз маҳсулоти коркардшуда иборат буда, онҳо на ҳамеша тамоми витаминҳо ва микроэлементҳои лозимиро дар бар мегиранд. Дар чунин шароит, тиб яке аз роҳҳои самараноки беҳтар намудани ҳолати ғизоии аҳолиро дар ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ мебинад.

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО, КИ НАРАСИДАНД…

Ғанигардонии ғизо ин раванди илова намудани витаминҳо, микроэлементҳо ва дигар моддаҳои муфид ба маҳсулоти маъмулӣ мебошад. Ҳадафи асосии он пешгирии норасоии ғизоӣ ва баланд бардоштани арзиши биологии маҳсулот аст. Масалан, илова намудани йод ба намак, оҳан ва кислотаи фолий ба орд, инчунин витамини D ба шир аз ҷумлаи тадбирҳои маъмули ғанигардонӣ мебошанд, ки дар бисёр кишварҳо бо муваффақият амалӣ мегарданд.

Аз нуқтаи назари тибби муосир норасоии микроэлементҳо метавонад ба бемориҳои гуногун оварда расонад. Масалан, камбуди йод боиси ихтилоли фаъолияти ғадуди сипаршакл ва коҳиши қобилияти зеҳнӣ мегардад. Норасоии оҳан бошад, сабаби асосии камхунӣ (анемия) маҳсуб меёбад, ки махсусан дар байни кӯдакон ва занон бештар ба назар мерасад. Камбуди витамини D метавонад ба заъфи устухонҳо ва рушди нодурусти онҳо оварда расонад. Аз ин рӯ, ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ як усули пешгирӣ буда, имкон медиҳад чунин мушкилот пеш аз пайдо шудан бартараф карда шавад.

Афзалияти асосии ғанигардонӣ дар он аст, ки бидуни тағйир додани одатҳои ғизохӯрии аҳолӣ сурат мегирад. Яъне одам ҳамон маҳсулоти маъмулро истеъмол мекунад, вале ҳамзамон ба организмаш миқдори зарурии моддаҳои ғизоӣ ворид мешавад. Ин усул, махсусан, барои гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакон, занони ҳомила, модарони ширдеҳ ва шахсони калонсол аҳамияти калон дорад. Масалан, истеъмоли орди бо кислотаи фолий ғанишуда метавонад хатари нуқсонҳои модарзодии кӯдаконро коҳиш диҳад.

Илова бар ин, ғанигардонии ғизо аз ҷиҳати иқтисодӣ низ самаранок аст. Он нисбат ба табобати бемориҳое, ки азнорасоии витаминҳо ва микроэлементҳо ба вуҷуд меоянд, хеле арзонтар мебошад. Давлатҳо метавонанд бо татбиқи барномаҳои ғанигардонӣ саломатии аҳолиро беҳтар намуда, хароҷоти соҳаи тандурустиро коҳиш диҳанд. Аз ин лиҳоз, бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба ин масъала таваҷҷуҳи пайваста зоҳир карда, барномаҳои мушаххасро дар ҷумла кишварҳо роҳандозӣ мекунанд.

МАЪРИФАТИ ҒИЗОИРО БОЯД БОЛО БУРД

Бо вуҷуди ин, мавриди таъкид аст, ки раванди ғанигардонӣ бояд бо эҳтиёт ва дар асоси меъёрҳои илмӣ амалӣ гардад. Истеъмоли аз ҳад зиёди баъзе витаминҳо ва микроэлементҳо метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Масалан, барзиёдии витамини A метавонад боиси заҳролудшавии организм гардад, ё истеъмоли аз ҳад зиёди оҳан ба узвҳои дохилӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, назорати сифат ва риояи меъёрҳои муқарраршуда дар раванди ис-теҳсол ва истифодаи маҳсулоти ғанигардонида аҳамияти калон дорад.

Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифати ғизоии аҳолӣ низ муҳим аст. Одамон бояд дар бораи аҳамияти витаминҳо ва микроэлементҳо, манбаъҳо ва тарзи дурусти истифодаи онҳо маълумоти кофӣ дошта бошанд. Танҳо дар ин сурат ғанигардонии ғизо метавонад самараи матлуб диҳад ва ба беҳбуди воқеии солимии ҷомеа мусоидат намояд. Ба ибораи дигар, тақвияти маърифати ғизоии аҳли ҷомеа аз рукнҳои асосии тавсеаёбии тарзи ҳаёти солим мебошад. Яъне ғизои солим таҳкурсии тани солим аст.

Дар диёри мо низ ин масъала пайваста дар маърази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифта, ҷиҳати ҳаллаш тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ёдрас мешавем, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2019 барои пешгирии норасоии ғизонокӣ Қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо хӯроквории ғанигардонидашуда” қабул ва дар асоси он “Барномаи пешгирии норасоии мик-ронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” роҳандозӣ шуд. Мақсади барнома пеш аз ҳама ғанигардонии орд, равған, шир, маҳсулоти ширӣ ва беҳтар намудани сифати намаки йоднок аст.

Хулоса, ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ яке аз роҳҳои муосир ва самараноки ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Он имконият медиҳад, ки норасоии моддаҳои барои организм муҳим пешгирӣ карда шавад.

Бо татбиқи барномаҳои ғанигардонӣ ва назорати тиббӣ ин раванд метавонад дар таъмини амнияти ғизоӣ ва рушди ҷомеаи солим нақши бориз бозад.

Юсуф НАБИЕВ, парҳезшинос

Мақолаи гузашта

Мақолаи навбатӣ

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ баргузор гардид

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ баргузор гардид

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026
«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

09.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ