
Бемории ғадуди сипаршакл дар баробари бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва чанди дигар «душмани» саломатии занҳо гашта, ба яке аз мушкилоти љиддии тиббӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона, бисёр занон нишонаҳои онро ҳамчун хастагӣ, асабоният ё тағйироти муқаррарии синнусолӣ пиндошта, дер ба духтур мурољиат мекунанд. Дар натиља, беморӣ метавонад ба саломатӣ, қобилияти таваллуд ва ҳатто ба рушди тифли батн таъсири манфӣ расонад.
ҒАДУДИ ХУРД, ВАЛЕ НАҚШАШ БУЗУРГ
Ғадуди сипаршакл дар қисми пеши гардан ҷой гирифта, аз ду ҳисса иборат аст ва шоҳпараки болкушодаро мемонад. Дарозии ҳиссаҳо тақрибан 4 см, ғафсӣ — 2,5 см буда, маъмулан, ҳиссаи рост аз чапаш калонтар мешавад.
Вазни меъёрии ғадуд 15-20 г аст. Дар занҳо он, одатан, назар ба мардҳо каме калонтар асту дар давраи ҳомиладорӣ ҳаҷмаш метавонад муваққатан зиёд шавад. Бояд гуфт, ки андозаи ғадуди сипаршакл дар сурати норасоӣ ё барзиёдии йод, ҳамчунин зимни бемориҳои мухталиф тағйир меёбад.
Матои ин узв аз даҳҳо фолликулҳои хурд (ҳубобчаҳо) бофта шуда, ки дар онҳо ҳормонҳо тавлид меёбанд. Ҳормонҳо дар мубодилаи моддаҳо, кори дил, фаъолияти асаб, ҳарорати бадан ва рушди ҷисмонӣ нақши муҳим мебозанд. Табибон бар он назаранд, ки ҳар гуна нуқси фаъолияти ин ғадуд метавонад ба тамоми организм таъсири номатлуб расонад. Аз ин рӯ, ғадуди сипаршаклро метавон яке аз марказҳои асосии идоракунии равандҳои ҳаётии организм номид.
ЧАРО ЗАНҲО БЕШТАР ГИРИФТОРИ ИН БЕМОРӢ МЕШАВАНД?
Ба бемориҳои ғадуди сипаршакл занон нисбат ба мардон якчанд маротиба бештар мубтало мегарданд. Коршиносон ин ҳолатро, пеш аз ҳама, бо тағйироти ҳормонӣ дар организми зан вобаста медонанд. Давраи балоғат, ҳомиладорӣ, таваллуд ва менопауза марҳилаҳое мебошанд, ки дар онҳо сатҳи гормонҳо тағйир меёбанд. Ин дар навбати худ ба фаъолияти ғадуди сипаршакл таъсири номатлуб мерасонад.
Ғайр аз ин, чуноне ишора рафт, норасоии йод дар ғизо аз омилҳои асосии бемориҳои ғадуди сипаршакл ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки истеҳсоли намаки йоддор дар ҷумҳурӣ хеле афзуда, истифодааш низ аз ҷониби аҳолӣ зиёд шуда истода бошад ҳам, мушкили норасоии йод то ҳанӯз боқӣ мондааст.
НИШОНАҲОЕ, КИ НАБОЯД НОДИДА ГИРИФТ
Яке аз мушкилоти асосӣ дар ташхиси бемориҳои ғадуди сипаршакл аломатҳои монандӣ доштан ба дигар бемориҳост. Агар фаъолияти ғадуд коҳиш ёбад, яъне кам ҳормон истеҳсол шавад, хастагии музмин, хоболудӣ, афзудани вазн ба вуқуъ меояд. Дар занҳои ҷавон давраи ҳайз халал ёфта, ҳомилашавӣ душвор мегардад.
Дар сурати истеҳсоли аз ҳад зиёди ҳормонҳо бошад, мубодилаи моддаҳо шиддат гирифта, вазни шахс бо вуҷуди иштиҳои хуб якбора кам мешавад, бехобӣ азият медиҳад, таппиши дил тез мегардад, фишор боло рафта, бадан таб мекунад. Бисёр занҳо чунин аломатҳоро ба серкорӣ ё фишорҳои равонӣ рабт дода, барои муоина ба духтур муроҷиат намекунанд. Ин ҳолат метавонад боиси дер ошкор шу-дани беморӣ гардад.
ҲОМИЛАДОРӢ — ДАВРАИ МАХСУСИ НАЗОРАТ
Яке аз масъалаҳои мубрам таъсири бемориҳои ғадуди сипаршакл ба қобилияти таваллуд мебошад. Норасоӣ ё зиёдшавии ҳормонҳои ин ғадуд метавонад ба фаъолияти тухмдонҳо таъсир расонида, имкони ҳомиладоршавиро коҳиш диҳад. Ҳангоми ҳомиладорӣ назорати фаъолияти ғадуди сипаршакл аҳамияти махсус дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, бемории табобатнашуда метавонад хатари исқоти ҳамл, таваллуди бармаҳал ва баъзе мушкили рушди ҷанинро зиёд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар бисёр кишварҳо ташхиси фаъолияти ғадуди сипаршакл ба рӯйхати муоинаҳои ҳатмии занони ҳомила ворид шудааст.
ВАҚТЕ КИ МЎЙ МЕРЕЗАД, Ё…
Бешубҳа, беҳтарин илоҷи ба ин беморӣ низ мутало нашудан пешгирӣ ва ташхиси барвақтист. Истифодаи намаки йоднок, ғизои солим ва сари вақт гузаштани муоинаҳои даврӣ метавонад ба сарзании бемориҳои ғадуди сипаршакл садди боэътимод гардад. Ҳамчунин, ҳар зане, ки бе сабаби маълум аз хастагӣ, тағйирёбии вазн, рехтани мӯй, асабоният ё номунтазамии ҳайз шикоят дорад, бояд ба эндокринолог муроҷиат намояд.
Моҳнисо САИДОВА,
муовини сардухтури Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар


