Саҳифае чанд аз кору рўзгори асабшинос, номзади илмҳои тиб, дотсент, духтури дараҷаи олӣ Мақсуд ИСРОФИЛЗОДА
РУҶӮИ ЯКУМ
Духтур, ман дигар нағз намешавам?”
Бемори ҷавонеро аз ноҳия оварданд, ки ҳолаташ ниҳоят вазнин буд. Падараш бо яъсу навмедӣ гуфт, ки ҷои набурдаашону духтури надидаашон намонд. Табибон рӯйирост ҳам набошад, фаҳмондаанд, ки шифо ёфтани фарзандаш дар гумон аст. Вай ҳам ба як дид пай бурд, ки бемори муқаррарӣ нест. Баъди чанд рӯзи муоинаи муфассал, нештарзании камарӣ, электромиография, таҷзия, гаштаю баргашта омӯхтани аломатҳои дард, маслиҳат бо ҳамкорони соҳибтаҷриба ба хулосаи яқин расид: ҷавон гирифтори бемории полирадикулонейропатия (Гийена-Барре) мебошад, ки аз касрати он на ҳама зинда мемонанд. Яъне торҳои асаб ва мушакҳо нуқсони ҷиддӣ ёфтаанд. Сабабаш бисёр: вирусҳо, омилҳои аутоимунӣ, илтиҳобгирии торҳои асаб, заҳролудшавӣ ва ғайра.
Онҳо аз сабақи устодону китобҳои дарсӣ, ки дар умқи хотирааш нақш баста буданд, ба имдодаш меомаданд. Аломатҳо низ: дарду заъф аз мушакҳои пой сар шуда, ба даст, мушакҳои кафаси сина ва ниҳоят ба мушакҳои ҳалқу ком мегузарад. Бемор аз роҳгардӣ монда, дар аввал сӯзишу сихзанӣ ва баъдан карахтӣ дар дасту по пайдо мешавад. Бемор эҳсоси ҳарорату дардро низ гум мекунад. Ниҳоят нафаскашӣ, обнӯшӣ ва ғизохӯрӣ душвор мегардад. Ин ҳама зуд – дар мудати якчанд рӯз ба амал меояд.
— Ҳодисаи, воқеан душвор буд. Дар оила дигар ба зинда монданаш умедро кандаанд. Аммо ман ҳамчун табиб ҳаққи ба чунин ноумедӣ дода шудан надоштам. Аз ҳазор як шонсаш монда бошад ҳам, онро бояд ҳатман истифода мебурдам. Ба қавле “сию ду раги” донишу таҷрибаи қариб 15-солаамро ҷамъ карда, шабу рӯз илоҷ меҷустам, ки ба по хезонамаш. Ҳатто ба духтурони шиносам дар Маркази асабшиносӣ ва нейроилмии Москва тамос гирифта, усулу воситаҳои табобатро муҳокима кардам. Онҳо нақшаи муолиҷаи маро дуруст гуфтанд. Аз пайи табобат шудем, — ёди он рӯзҳои вазнин мекунад асабшинос Мақсуд Исрофилзода.- Аҳволи касал оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ меовард. Ниҳоят баъди якчанд ҳафтаи табобат дарду карахтии дастҳо гум шуд, дертар мушакҳои дасту пой як андоза қувват гирифтанд. Чун аҳволаш хеле беҳтар шуд, салоҳ донистем, ки табобатро дар муҳити хона давом диҳад.
— Аз тақдири минбаъдааш хабар доред?
— Албатта. Вақте баъди ду моҳ рӯзе дари утоқи кориям кушода шуду вай бо пойи худ оҳиста қадамзанон бо табассум сӯям омад, шукри Парвардигор кардам, ки табибаму василаи шифои ҷавоне шудам, ки аз зиндагӣ дил шуста буд. Беихтиёр рӯзи дар беморхона бистарӣ кардан ёдам омад, ки аз ғояти дарду алам пурсид: «Духтур, ман дигар нағзнамешавам?»…
РУҶӮИ ДУЮМ
“Дар кўча бењуш шуда афтидам”
Дар аввали сӯҳбат Малоҳат (номи ҷавонзан дигар карда шуд) хиҷолат кашида, ба саволҳои табиб фақат “ҳа” ё “не” мегуфт. Ягона маълумоти дақиқи додааш нохост дар кӯча роҳравон афтиданаш буд. Бе ягон беморӣ ва бе ягон сабаб. Наз-ди асабшинос омаданро модари омӯзгораш маҷбур кардааст. Исрофилзода ин ҷавонзани дар назари аввал комилан солимро номаълум ба гап дароварда, тамоми маълумоти заруриро гирифт.
Табиб фаҳмид, ки аз рӯйи аломатҳо бемории саръ аст, яъне эпилепсия, ки чанд намуд мешавад. Он ногаҳон сурат мегираду аломати асосияш кашишхӯрии мушакҳои дасту пой ва аз ҳуш рафтани бемор аст.
Малоҳатро оромона дилпур кард, ки ин бемории хавфнок бошад ҳам, табобатшаванда аст. Лекин табобат тӯлонӣ мешавад. Барои ташхиси аниқ усулҳои муосир, мисли электроэнсефалография ва томографияи майнаи сарро истифода мебаранд. Чун ҷавонзан аз нафастангӣ ҳам шикоят кард, асабшиносро эҳтимоли мавҷудияти маризии ҷоғар пайдо шуд. Яъне вай бояд ҳолати ғадуди сипаршаклро ҳам муайян созад.
— Дар ҷое хонда будам, ки як сабаби пайдоиши саръ бемории волидон, яъне ирсият аст. Воқеан ҳамин тавр?
— Аз рӯйи ирсият на худи беморӣ, балки моилӣ ба он мегузарад, ки ҳамон ҳам ночиз аст. Агар яке аз волидон мубталои ин маризӣ бошад, хавфи такрори он дар фарзанд камтар буда, агар ҳарду бемор бошанд, ки ниҳоят кам воқеъ мешавад, хавф меафзояд. Бемории саръ дар ҳар синну сол пайдо шавад ҳам, ду марҳилаи авҷ дорад: дар солҳои аввали кӯдакӣ ва баъди 45-солагӣ.
Дигар сабабҳои ин беморӣ осеби мағзи сар, сироятёбии он, омоси мағзи сар, тарси ногаҳон ва стрессҳои сахт мебошанд. Агар ташхисот бемории саръ будани беморро тасдиқ кунад, тибқи протокол муолиҷа карда мешавад, яъне як вақти муайян доруҳои лозимаро бемор бояд истифода барад. Агар дар майна тағйироти эпилептикӣ мушоҳида нагардад ва бемор дорои хуруҷҳои ғашёнӣ бошад, бо доруҳои седативӣ ва оромбахш, сайру гашт дар ҳавои тоза, сӯзандармонӣ ва маҳс табобат мешавад.
РУҶӮИ СЕЮМ
Бе мураббӣ зери гардун…
“Пеши беморат зуд-зуд рав, китобро кушода, ҳамин бемориро такроран бин, ки чӣ нишона дорад ё надорад. Муқоисаю таҳлил карда хулоса барор. Ҳар рӯз даҳ бор назди беморонат рав, аҳволашонро дида, боз пурсуҷӯ намо, ки чӣ беҳбудӣ ё ориза ҳаст. Ҳангоми муоина ягон вақт ба шитоб роҳ надеҳ. Ҳозир фурсат надошта бошӣ, ба вақти дигар гузор, лекин ҳатман онро бо тамоми ҷузъиёташ пурсида гир. Ин амали духтури хуб. Чизеро нафаҳмидӣ, биёву бипурс, ҳеҷ гоҳ аз пурсидан шарм надор. Тавре бо одами касал муошират намо, ки ба ту бовар карда, таърихи бемориашро бароят бигӯяд. Ана он вақт табобат хуб мешавад”, — ӯ аз пандҳои устоди зиндаёдаш, яке аз асабшиносони номии кишвар досент Раҳим Ҳошимов бо меҳру сипос ёд оварда меафзояд, — Наздашон аксар вақт беморони вазнинеро меоварданд, ки дигарҳо ноилоҷ монда буданд. Ҳангоми муоширату муоина ва табобат маро ҳамроҳ сари бемор меоварданд, ки ин дарси беҳтарин буд бароям”.
Дар оғози фаъолият асабшиноси ҷавон раҳнамою маслиҳатгари дигаре ҳам дошт, ки ба қавли худаш, асабшиноси сатҳи ҷаҳонӣ метавон маҳсуб кард: шодравон профессор Раҳматулло Раҳмонов. Хизматҳои эшон ба ҳайси ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, узви шуъбаи тоҷикистонии
Академияи байналмилалии илмии Мактабҳои Олӣ, раиси Ҷамъияти асабшиносони «Нейрон», аз соли 2007 то охири умр мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино басо шоиста буда, дар камолоти касбии табибони ҷавон, аз ҷумла Мақсуд Исрофилзода хеле заҳмат кашидааст. Шоир барҳақ гуфта, ки “Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан”.
РУҶӮИ ЧАҲОРУМ
Ҳам омўзиш, ҳам табобат…
Имрӯз Мақсуд Исрофилзода аз табибони номии клиникаи асабшиносии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” шинохта шудааст. Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар шаҳри Саратови Федератсияи Русия дар мавзӯи “Нишонаҳои клиникию биокимиёии вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар” дифоъ намуд. Айни замон бо пажӯҳиши густурда рисолаи докториро дар мавзӯи муҳим — “Хусусиятҳои хоси раванди сактаи мағзи сар дар ҷавонон”- ро идома дода додааст. Ҳамчун дотсенти кафедраи асабшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ба муҳассилин сабақ медиҳад.
— Оё метавонед, бемориҳоеро номбар кунед, ки оқибати ногувор доранду ҳатто ба марг расонда метавонанд ва бо нахустин аломатҳояшон бояд фавран ба табиби асабшинос муроҷиат намуд?
— Ин бемориҳо ниҳоят зиёданду чандеро хотиррасон мекунам: сактаи майнаи сар, полиневропатия (Гийена-Барре), энсефалит, менингит, маризии Паркинсон, Алсгеймер, омоси мағзи сар, миастения, бемории саръ, бемориҳои музмини рагҳои майнаи сар ва ғайраҳо.
— Доктор Мақсуд, самти асосии пажўҳиши илмӣ, ҳамчунин табобатии шумо сактаи майнаи сар аст. Солҳои охир дар табобати он чӣ навгониҳо арзи вуҷуд карданд?
— Ҷиҳати муолиҷаи ин бемории хатарнок усули махсуси дар хориҷа маъмул ин тромболизис аст. Агар дар 4 соати нахустини рух додани сакта ба бемор ёрии аввалия расонида, тавассути доруворӣ зуд суддаҳои рагҳои мағзи сарро дар ҷои осебдида ҳал кунонем, маъюбшавӣ ва ҳатто фавти беморро метавон пешгирӣ кард, ки ин шаҳодати ниҳоят муфид будани усули муолиҷаи тромболитӣ мебошад. Мабодо аз ҳодиса беш аз 4 соат гузашт, таъсири дору кам шуда нейронҳои зиёд мефавтанд ва табобат ба ин усул дигар бефоида мешавад.
— Шумо гуфтед, ки ин усул дар хориҷа бисёр роиҷ аст.
— Дуруст фаҳмидед. Мо доруҳои зарурӣ дорем, лекин аз ин усул кам истифода мебарем, чунки касалро ба беморхона дер меоранд. Мешавад ҳолате, ки шахс нохост гирифтори инсулт шуд, лекин дар хона касе нест, ё беморро дар рӯзҳои аввал дар хона табобат мекунанд. Дар натиҷа, нишонаҳои клиникии беморӣ афзуда, табобату барқароршавии бемор душвор мегардад.
РУҶӮИ ПАНҶУМ
5 тавсияи доктор Мақсуд барои пешгирии сактаи майнаи сар
1. Назорати доимии фишор ва қанди хун. Асосан, баъди 40-45 солагӣ.
2. Пайваста фаҳмидани миқдори холестерин ва вақти лахташавии хун, ки метавонад сабаби инсулт шавад.
3. Фаъолнокии ҷисмонии доимӣ. Шиноварӣ, гардиши саҳар ва пеш аз хоб, ҳар субҳ 15-20
дақиқа машқи бадан кардан.
4. Тановули ғизои солим, парҳез аз ғизоҳои серравған ва бирён, фасфудҳо ва ширинии барзиёд.
5. Ҳар ним сол як бор кори дилу майнаи сарро аз озмоиши лабораторӣ гузарондан.
Аз сабаби он ки миёни мардуми мо профилактика маъмул нест, яъне дар 40-50-солагӣ худро солим пиндошта, касе фикри ташхис намекунад, дар мо беморони гирифтори сактаи майнаи сар назар ба баъзе кишварҳои Аврупо ва Амрико зиёд аст!
— Чунин бепарвоӣ, бешак, боиси таассуф аст. Изҳори умед мекунем, ки дар соли 2026 тавсияҳои шуморо ба инобат гирифта, ба саломатии худ ғамхортар мешавем ва ин ганҷи Илоҳиро бештар эҳтиёт менамоем. Аз шумо барои сӯҳбати ҷолибу муфид сипосгузорам. Саломату муваффақ бошед!
Хуршеди ҶОВИД,
“Даво”


