«Аҳди шифо» номи дорухонаест дар маркази ноҳияи Деваштич-шаҳраки Ғончӣ.
Зимни сўҳбат маълум гардид, ки сарвари ин дорухона собиқадори соҳаи дорусозӣ Ином Мавлонов буда, беш аз 30 сол инҷониб заҳмат мекашад. Ў дастпарвари Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро бо роҳхати Вазорати тандурустии кишвар соли 1988 дар дорухонаи марказии ноҳияи Зафаробод ба сифати кимиёгар-таҳлилгар оғоз намудааст. Соле баъд, соли 1989 хоҳиш кардааст, ки барои идомаи фаъолият ўро ба зодгоҳаш ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) гузаронанд.
-То соли 2000-ум дар дорухонаи марказии ноҳия таҳти роҳбарии собиқадори соҳаи дорусозӣ, дастпарвари Донишкадаи тиббии шаҳри Тошканд Ҷумъабой Назаров фаъолият бурдам, — нақл менамояд ў. Баъдан, чун замони ташкили дорухонаҳои шахсӣ расид, дорухонаи худро бо номи ҶДММ «Аҳди шифо» таъсис додам. Ва инак, беш аз 20 сол мешавад, ки дорухонаи мо дар таъмини аҳолӣ бо доруворӣ ва маводи тиббии зарурӣ саҳми худро мегузорад.
-Номи дорухонаатон аҷиб аст. Он чӣ маъно дорад?- пурсидем аз Ином Раҳмонович, ки дар ҷавоб гуфт:
-Ҳангоми таъсиси дорухонаи шахсии худ хеле андеша кардем, ки ба он чӣ ном диҳем? Бо аҳли оила ва ҳакасбон маслиҳат кардему гуфтам, ки «Аҳди шифо» номгузорӣ мекунем. «Аҳди шифо» маънои онро дорад, ки аҳд, ният дорем, бо доруҳоямон беморро шифо бахшем.
Бо чанде аз сокинони ноҳия, аз ҷумла сокини ҷамоати деҳоти «Далёни боло»-и ноҳия Абдувалӣ Ҳакимов ва сокини ҷамоати деҳоти «Калининобод» Султон Холов оид ба хизматрасонии ин дорухона пурсон шудем. Онҳо андешаҳояшонро ба мо чунин иброз намуданд:
Абдувалӣ Ҳакимов:
-Аввал ин ки нархи дорувориҳо басо дастрас аст. Духтари калониам Самараи Бобозодаи 31-сола бо амри тақдир чанд муддат гирифтори касалии косахонаи сар гардид. Чанд муддат дар беморхонаи марказии ноҳия табобат гирифт. Духтурон ин ё он дорувориро мефармуданд. Чун ба ин дорухона меомадам, мушоҳида кардам, ки на танҳо нархи дорувориҳо ин ҷо арзон аст, балки муомилаи неки кормандони дорухона табъи касро болида медошт.
Султон Холов:
-Муомилаи нек нисфи табобат аст, мегўянд бузургон. Камина ҳам чанд маротиба корафтода шуда, ба ин дорухона муроҷиат кардам. Дорусозон чунон муомилаи нек доранд, ки мондан гиред. Хусусан, вақте мутобиқ ба тавсияи духтурон дар ҳолати набудани ин ё он намуди дорувориҳоро маслиҳат медиҳанд, ки «ана ин намудашро ба ҷояш истифода баред» ё ин ки «ин миқдор доруи таъинкарда андаке аз меъёр зиёд асту камтари онро истеъмол кунед, баъд ба ҳолати бемориатон нигоҳ карда, истифодаи онро давом диҳед» касро хурсанд месозад. Охир таҷрибаи омўхтаашон таи ин солҳо анқариб онҳоро ба духтур мубаддал кардааст.
Иқрор бояд шуд, ки рўзҳои паҳншавии пандемияи короновируси «Ковид-19» чанде аз доруфурўшон аз рўи мақоли халқии «бардорад, зам кун» амал карда, нархи оддитарин ҳабҳои бар зидди ҳарорати баданро ду ва се карат қимат фурўхтанд. Аммо аз фикру мулоҳизаи сокинони ноҳия бармеояд, ки дар ин дорухона онҳо ба ин амали носавоб ҳаргиз даст назадаанд:
-Он шабу рўзҳо ҳолате шуд, ки чанд нафар аз оилаи мо ҳарорати бадан карданд,-мегўяд сокини ноҳия Ҳамроқул Юлдошев,- мешунидам, ки дар Хуҷанду навоҳии атроф бо «истифода аз фурсати муносиб» нархи дорувориҳоро баланд бардоштаанд. Гумон кардам, ки дар дорухонаҳои ноҳия низ чунин аст, аммо чун вориди дорухонаи «Аҳди шифо» шудам, аз арзонии нархи дорувориҳои зарурӣ оҳи сабук кашидам. Худ ба худ гуфтам, ки дар дунё одамони неку худотарс ҳам бисёранд.
— Имрўз мавсим аст. Пагоҳ чӣ? Фардои дигар ман бояд бо мизоҷон вохўрам. Пас, бо кадом рўй ба онҳо нигоҳ мекунам?! Виҷдонам ба ин кор роҳ надод,-мегўяд Иномҷон Мавлонов,-баръакс, пайрави Роҳбари олимақоми давлат шуда, кўшидам то аз дастам омад, дар таъмини корафтодагон бо дорувориҳои заруриву нархашон қобили қабул саҳм гузорам.
Ногуфта намонад, ки ҳамсўҳбати мо барои ин муддат хизмати тўлонӣ ба аҳолӣ бо чандин Сипосномаву Ифтихорномаҳои замони шўравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ сарфароз гардонида шудааст. Аммо, мукофоти аз ҳама баландро барои худ эҳтироми халқ медонад, ки мардуми ноҳия барояш арзонӣ доштаанд.
М.Маҳмудов.
Дар сурат: Иномҷон Мавлонов бо ҳамкораш Мўниса Ҷўрабоева.
Сурат аз муаллиф.



