
Яке аз ихтилофоти эҳсосот ин ғамбеморӣ (депрессия) буда, ҳангоми хурӯҷи он табъ нохуш, шавқу ҳавас гум, тафаккур суст, ҳаракатҳо заиф мегардад. Дар руҳияи одам нишонаҳои андӯҳгинӣ мушоҳида гардида, он метавонад то ба фикрҳои худкушӣ орад. Барои бемор гузаштаву оянда торику норавшан буда, воқеиятро дурусту возеҳ дарк карда наметавонад.
Ҳангоми сӯҳбат мариз ба суолҳо баъди чанд маротиба такрор кардан бо овози паст ҷавоби кутоҳ медиҳад, фикрашро пурра нагуфта хомўш мемонад. Чун пешина ихтиёран сари коре намегирад, коҳил мешавад.
Ба ғайр аз шаклҳои классикӣ ғамбеморӣ шаклҳои дигар низ дорад, ки зикр мекунам:
1) Ғамбемории пурҳаяҷон — дар бемор баробари ҳаяҷон ваҳму ҳарос ва таҳлука пайдо шуда, боиси амалу ҳаракатҳои гуногунаш мегардад. Дар ин ҳолат дар бемор эҳсоси ногувори руйдиҳии ягон фалокат пайдо мешавад. Ӯ ниҳоят беқарор шуда, ҷойи нишаст намеёбад. Дар чунин ҳолатҳо беморон мумкин аст даст ба худкушӣ зананд.
2) ғамбемории беҳиссӣ — ҳангоми он дар заминаи ғаму андӯҳ ҳиссиёти гарони хунсардӣ пайдо мешавад, ки бисёр вақт ба пурра гум шудани ҳама гуна ҳиссиёт, руҳафтодагии ботинӣ оварда мерасонад. Бемор шикоят аз беҳиссии ногувор мекунад, ки онро “кундагардӣ ва сангшавӣ” гӯянд. Ҳамчунин хобҳои даҳшатнок мебинад, субҳ бинобар хастаҳолӣ базӯр аз хоб мехезад, худро вазнин ҳис мекунад, кори муқаррарӣ ба назараш душвор менамояд.
Якчанд шакли ғамбемории сабук мавҷуд аст, ки дар зер шарҳ дода мегузарем:
1. Ғамбемории суст — ғамбеморӣ бо суст шудани хоҳиш;
2. Ғамбемории ғурбатӣ — ғамбеморӣ бо тундмиҷозӣ ва нохушнудӣ;
3. Ғамбемории неврозӣ — ғамбеморӣ бо носомониҳои асабӣ ва ғашёнӣ;
4. Ғамбемории музоҳим — ғамбеморӣ бо фикрҳои дилбазан;
5. Ғамбеморӣ бо ҳисси маризӣ — ғамбеморие, ки бо эҳсоси ногувори равонӣ падид меояд;
Яке аз маъмултарин шакли ғамбеморӣ ин ғамбемории ниҳонӣ (ба истилоҳ маскированная депрессия) буда, зимни он бемор аз дард ва эҳсоси нохуш дар мавзеи дил, аз дарди фишордиҳанда, буғикунанда, халанда, ҳисси сӯзишу таппиш шикоят мекунад. Дард ва ҳиссиёти нохуш дар мавзеи дил пайдо шуда, ба шона, шикам ва сар мегузарад. Ин ҳама ҳиссиёт ногаҳон субҳ пайдо гашта, шом таскин меёбад.
Ғамбемории ниҳонии димоғӣ, асосан баҳору тирамоҳ пайдо гашта, ба гайморит ё ринит монандӣ дорад.
Дар бемор нишонаҳои маҳкамшавии бинӣ, бо душвории нафаскашӣ, эҳсоси гарониву дард дар димоғ пайдо мегардад. Ин нишонаҳо боиси носомониҳои хоб, иштиҳо, хастаҳолӣ, ноороми қалб мегарданд.
Ҳангоми ғамбемории ниҳонии батнӣ беморон аз ташаннуҷ ва дард дар атроф ва худи меъда ва ҷигар шикоят мекунанд. Дард одатан фишор оварда, ҷойи худро иваз карда меистад. Дар ин ҳолатҳо бемор беиштиҳо гашта, шикам қабзият мекунад, рӯдаҳо овоз мебароранд.Саривақт ошкор кардани мубталоёни ғамбемориҳои ниҳонӣ душвор аст, зеро аз як тараф на ҳама табибони муолиҷавӣ дар ин бобат маълумоти кофӣ доранд ва аксари онҳо рӯҳбемориро ба психозҳо шабеҳ мекунанд. Аз тарафи дигар байни равонпизишкон ва табибони бемориҳои дарунӣ робитаи зарурӣ ба назар намерасад. Илова бар ин, бемороне, ки ба ғамбеморӣ гирифторанд, аз ҳиссиёти андӯҳгинии худ шикоят намекунанд. Зери мафҳуми ғамбемории ниҳонӣ вазъи субдепрессиявиеро мефаҳманд, ки зимни он ноҷуриҳои гуногуни асабию ҷисмонӣ дар тавсифи клиникии беморӣ ба сифати ғолиб амал карда, бо ҳамин гирифтагии табъро пинҳон медорад.
Ҳамин тавр, ҳаракати маънидор мумкин аст эҳсосотро идора кунад. Ин доим дар тарбия ва худтарбиякунии бешуурона истифода карда мешавад. Агар писарбачаро аз хурдсолӣ ба фурӯ нишондани ҳаракати маънидори дарду ҳарос одат кунонанд, ин тадриҷан боиси кам шудани худи ҳиссиёт мегардад. Ҳангоми «эркасозӣ» калонсолон ҳар як ҳаракати маънидори кӯдакро ҳамоно тарафдорӣ карда, ҳама хоҳишашро ба ҷо меоранд. Ин ба он оварда мерасонад, ки бача эҳсосоти зоҳириашро дидаву дониста тақвият медиҳад. Дар натиҷа кудак ё наврас тундмиҷози ҳардамхаёл тарбия меёбад.
Фарқи ҳаракати маънидор аз реаксияҳои вегетативӣ дар он аст, ки он ба танзими ихтиёрӣ тобеъ мебошад. Мо метавонем ҳаракати маънидорамонро нигоҳ дорем, «ба ихтиёри эҳсос дода нашавем». Малакаҳои худдорӣ ва худидоракунӣ ҳангоми тарбия ва худтарбиякунӣ ҳосил мешаванд, ки ҷиҳати беҳтарини маданияти баланди шахс маҳсуб меёбанд. Аз ин ру, мутахассисони соҳа пайваста таъкид менамоянд, ки барои сари вақт ташхису табобат кардани ғамбеморӣ бояд ҳатман ба равонпизишк муроҷиат намуд.
Муслима МАҲМУДОВА,
равонпизишки Маркази ҷумҳуриявии
клиникии бемориҳои равонӣ,
равонпизишки дараҷаи олӣ



