• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Холаҷон, чӣ хизмат кунам?»

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Нисфи шаб марду зани солхӯрдае мушавваш ба дорухона даромаданд. Ҳаросон ба рафҳои сершумор чашм давонда, кадом як доруеро меҷустанд. Нигина, ки аз нигоҳи аввал шитобзадаю хавотир будани ин зану мардро фаҳмид, дарҳол пурсид:

— Холаҷон, чӣ хизмат кунам? Кадом дору ба шумо даркор?

— Мо то назди худат омадан 10 дорухонаро гаштему доруи даркориро наёфтем, духтарам. Шояд дар дорухонаи шумо бошад, гуфта даромадем. Писарам бемори вазнин аст, аз коронавирус сахт азоб мекашад. Ҷони хола, умракат дароз шавад, ба мо ана ҳамин ду доруро ёфта деҳ, — гӯён дорухатро дароз кард.

Дар он арбидолу азитромитсин навишта шуда буд. Буд дар дорухона чунин даво. Мӯйсафеду кампир хурсандона доруро гирифтанду дуои ҷонаш карда, бошитоб рафтанд.

— Он пиронсолон ҳоло чӣ аҳвол дошта бошанд? Оё писарашон шифо ёфт? Чаро он шаб суроға ё рақами телефонашонро напурсидам? – бо ёдовар шудан аз ин воқеа суҳбатамон бо Нигина Расулова, мудири шуъбаи дорухонаи №5-и шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ӯ дар муддати беш аз 30 соли фаъолият дар дорухона шоҳиди даҳҳо чунин воқеаҳо шудааст, ки аксарияташ бо сипосу дуои корафтодагон нисбаташ хатм меёфт. Нигина мегӯяд, ки аз бемории ҷигарбанд падару модар чунон ба изтироб меафтанд, ки дунё ба назарашон наменамояд ва тайёранд барояш доруи даркориро аз зери замин пайдо кунанд.

Нигина Расулова дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омада, ба воя расидааст. Модараш, ки омӯзгор буд, чунин хислатҳои накӯ, мисли инсондӯстиву нексириштиро дар қалби фарзандон парваридааст. Падараш, геологи шинохта, дар тарбияи онҳо сахтгир буду серталаб. Бале, муҳити созгори хонавода буд, ки фарзандон ҳар яке дар зиндагӣ мавқеи арзанда пайдо намуданд.

Ӯ, ки аз давраи мактабӣ рағбати беандоза ба фанҳои химия ва биология дошт, соли 1991 пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Ашт бо фотеҳаи волидон барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омад. Имтиҳонҳоро муваффақона супурда, донишҷӯи факултаи фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Замони таҷрибаандӯзӣ дар дорухонаи машҳури №1-и шаҳри Душанбе шавқаш ба пеша бештар афзуд. Ин ҷо Нигинаро ҳам ба дорусозӣ ҷалб мекарданд ва ӯ маҳсули заҳматашро дида, шод мегашт.

— Фаъолияти кориам дар соҳаи фармасевтика аз дорухонаи овозадори №1-и пойтахт оғоз ёфт. Мудири шуъбаи онвақта Нуралӣ Бозоров аз кори мо, гурӯҳи таҷрибаомӯзон қаноатманд шуда, се нафар, аз ҷумла маро ба кор гирифт. Ҳамин тавр, то хатми донишгоҳ мо аллакай ҷойи тайёри кор доштем, — бо табассум ёд меорад Нигинабону.

Имрӯз низ Нигина Расулова, ки беш аз 10 сол боз дар дорухонаи №5-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад, ба мизоҷону дардмандон ва корафтодагон бо муомилаи хуш хуб хизмат мерасонад. Ӯ мегӯяд, ки омӯзиши нозукиҳои пешаи дӯстдоштааш пас аз итмоми донишгоҳ хотима наёфтааст, баръакс ҳар рӯзаш аз омӯхтани таркиби маҳсулоти дорувориҳои нав оғоз меёбад.

— Ҳамеша дар фикри он ҳастам, ки сари вақт аз доруҳои нав огоҳ шавам, таъиноташонро дар хотир гирам. Бинобар собиқаи калони корӣ доштан, ҳарчи дар ин муддат андӯхтам, ба ҳамкасбони навкору ҷавонам меомӯзонам, чуноне ки дар вақташ ба мо ёд дода буданд, — изҳор медорад Нигина.

— Дорухонаи мо на танҳо ба мизоҷон доруҳои гуногун, атриёт, гиёҳдоруҳо, хӯрокҳои варзишӣ ва молҳои ортопедӣ пешкаш менамояд, инчунин дар тарбияи мутахассисони соҳаи фармасевтӣ саҳгузор мебошад, — бо ифтихор гуфт дар фарҷоми суҳбат Нигина Расулова.

Ҷ. ПАЙМОНА, “Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Ғамбеморӣ чанд намуд ва оқибат дошта метавонад?

Мақолаи навбатӣ

Дандон ҳам ғамхорӣ мехоҳад 

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дандон ҳам ғамхорӣ мехоҳад 

Дандон ҳам ғамхорӣ мехоҳад 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ