• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аутизм: беморӣ ё ихтилоли рушди равонӣ?

от user
в Бемориҳои асаб
0

 

Салом кормандони маҷаллаи хондании “Даво”!

Мехостам дар маҷалла дар бораи бемории аутизм маълумот диҳед. Набераи ман гирифтори ин беморӣ аст, аз ин рў маълумоти муфассалро дар бораи бемории аутизм донистан мехостем.

Амирбек Ҳакимов, сокини деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун

Аутизм як намуди ихтилоли равонӣ мебошад, ки зимни он дар бемор мушкилоти робитаи иҷтимоӣ ва намунаҳои ғайримуқаррарии рафтор мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, яке аз 160 кӯдаки ҷаҳон чунин ташхис дорад. Маҷаллаи илмии The Lancet Psychiatry (LanPsy) рақам овардааст, ки то моҳи декабри соли 2024 дар ҷаҳон тақрибан 62 миллион мубталои аутизм ба қайд гирифта шудааст.

Имрӯзҳо шумораи бештари равоншиносон бар ин ақидаанд, ки аутизм на беморӣ, балки танҳо ихтилоли рушди равонист. Гирифторони аутизм табиати ирсӣ доранд.

АЛОМАТҲО ВА НИШОНАҲОИ АУТИЗМ

Нахустин нишонаҳои аутизм дар кӯдакони то сесола зоҳир мегардад. Ташхиси ибтидоӣ дар сурати мавҷуд будани нишонаҳои «сегонаи аутизм» гузошта мешавад. Ҳар се гурӯҳи аломатҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун зоҳир шаванд: маҳдудияти ҳамкории иҷтимоӣ, маҳдудияти муошират, маҳдудият ва стереотипии моделҳои рафтор.

Набудани вокуниш ба ном, тарс аз ламс намудан ва садо, одамгурезӣ, зуҳуроти ғайримуқаррарии ҳиссиёт, мимикаи ночиз (набудани табассум, ханда, хушҳолӣ), надонистани забони имову ишора, мушкилоти ишора бо чашм, тамоюли танҳоӣ, набудани дӯстон, рушди сусти нутқ, надонистани интихоби рафтор дар асоси вазъият, надоштани шавқ ба бозӣ, ҳаракатҳои такрорӣ, риояи расму оинҳои муайян, такрори беназорати калимаҳои оддӣ, тарс аз хурдтарин тағйирот ва аз даст додани малакаҳои қаблан гирифташуда аломатҳои хоси ин беморианд.

АУТИЗМ ДАР КӮДАКОН

Волидон метавонанд ба осонӣ зуҳуроти бемориро ҳатто дар кӯдаки навзод пай баранд. Агар кӯдаки 8-моҳа ба номи худ ҷавоб надиҳад, ин аввалин ҳушдор аст. То дусолагӣ чунин аломатҳо метавонанд ба назар расанд:

* то 12-моҳагӣ — захираи хурди ишораҳо;

* то 18-моҳагӣ — канорагирӣ аз муошират, нофаҳмии нутқ, бозиҳои ғайриоддӣ;

* то 24 — моҳагӣ набудани рафтори тақлидӣ, канорагирӣ аз робитаи иҷтимоӣ, маиқдори маҳдуди калимаҳои истифодашуда.

АУТИЗМ ДАР КАЛОНСОЛОН

Дар калонсолон ду сенарияи рушд имконпазир аст. Якум, аутизми кӯдакон солҳои дароз давом мекунад. Дар ин ҳолат нишонаҳо метавонанд бадтар ё суст шаванд, ки он бо кумаки психотерапевтӣ ба даст оварда мешавад.

Дуюм, хислатҳои аутизм дар синни балоғат ба вуҷуд меоянд. Дар аввал, онро бо депрессия иштибоҳ кардан мумкин аст. Бо гузашти вақт бемор дар ҳаёти иҷтимоӣ азият мекашад, зеро ӯ:

* бо ҳама роҳҳо аз муоширати шифоҳӣ худдорӣ мекунад;

* наздиконро нодида мегирад, аз онҳо канорагирӣ мекунад;

* парешонхотир ва ғайрифаъол мегардад;

* таваҷҷӯҳ ба ҳавасҳои гузаштаро гум мекунад;

* бо одамони нав шинос шуда, муносибат барқарор карда наметавонад.

Дар ин ҳолат, ҳар сеюмин аутисти калонсол метавонад бе кӯмак кор кунад. Чунин одамон, сарфи назар аз мушкилоти муошират, дар касбу корашон муваффақ мешаванд. Мардон нисбат ба занон бештар чунин ташхис мегиранд.

Баъзе гирифторони аутизм дар соҳаи илм, санъат, адабиёт дастовардҳо доранд, аммо онҳо дар муошират бо дигарон душворӣ мекашанд, зеро дар кӯдакӣ мавриди масхара ё таҳқир қарор гирифтаанд. Барои кумак ба кӯдакони гирифтори ихтилоли спектри аутизм логопедҳо, дефектологҳо, равоншиносон, неврологҳо ва психотерапевтҳо ҷалб карда мешаванд.

Иштироки аъзои оила дар фаъолияти ислоҳӣ ва рушд зарур аст. Аз як тараф, он ба хурдсол ёрӣ мерасонад, ки намунаҳои муомила бо одамонро қабул кунад, аз тарафи дигар, хешовандон таҳти назорати мутахассис муошират бо кӯдакро меомӯзанд.

Калонсолони гирифтори аутизм ба кумаки психотерапевт ниёз доранд. Он одатан дар шакли терапияи маърифатӣ-рафторӣ дода мешавад, ки вазифааш ташаккули малакаҳои муошират ва мутобиқшавии иҷтимоӣ мебошад. Барои паст кардани сатҳи изтироб таъин кардани антидепрессантҳо имконпазир аст.

ПЕШГИРӢ

Азбаски ихтилоли спектри аутизм табиати генетикӣ дорад, пешгирии пайдоиши он ғайриимкон аст, аммо муайянкунии саривақтӣ имкон медиҳад, ки дарсҳои ислоҳӣ зудтар оғоз карда, дар оянда маъюбӣ пешгирӣ карда шавад.

Барои пешгирии бадшавии нишонаҳо психотерапевтҳо ба хешовандони беморон тавсия медиҳанд:

 онҳоро барои бемор буданашон қабул намуда, барои мувофиқат накардан ба интизориҳои ҷамъиятӣ сарзаниш накунед.

 талаботи баланд ба миён нагузоред, зеро бисёр беморон нуқсонҳои рушди равонӣ доранд.

 таъмини тасаллии равонӣ: маҷбур накардан ба муошират бар хилофи ирода, дар байни мардум танҳо нагузоштан.

Бояд гуфт, ки рад кардани эмкунӣ бар хилофи боварҳо рушди аутизмро пешгирӣ намекунад.

Фароҳамсоз

Сайфиддин СУННАТӢ

Мақолаи гузашта

Бигуфтам ин ҳадис аз дарду сӯзиш

Мақолаи навбатӣ

Имбир чӣ хосиятҳо дорад?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Имбир чӣ хосиятҳо дорад?

Имбир чӣ хосиятҳо дорад?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

Гармии шадид: тавсияҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ

18.07.2026
Ҷарроҳии нодир дар беморхонаи Данғара

Ҷарроҳии нодир дар беморхонаи Данғара

18.07.2026
ЭНДОКРИНОЛОГИЯ: ниёз ба мутахассисон бештар мешавад

ЭНДОКРИНОЛОГИЯ: ниёз ба мутахассисон бештар мешавад

15.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ