
Имбир аз растаниҳои маъруфу нодири шифобахш ва пурқудрати табиист, ки аз қадим барои табобати як қатор бемориҳо ва беҳтар кардани ҳолати умумии бадан истифода мешавад.
БЕҲТАР КАРДАНИ ҲАЗМ
Имбир барои беҳтар кардани фаъолияти ҳазм ва рафъи мушкилоти меъда маъруф аст. Он ба афзоиши раванди ҳазм кӯмак расонида, барои рафъи газ ва нороҳатии рӯдаҳо, сактаи меъда ё коркарди норавоии хӯрок фоидабахш аст.
ЗИДДИИЛТИҲОБӢ ВА АНТИОКСИДАНТӢ
Имбир дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ ва антиоксидантӣ мебошад. Он бо истифода аз маводи фаъоли худ, аз ҷумла гиңгерол ва шогаол метавонад дар коҳиш додани дардҳо, илтиҳоб ва варамҳо мусоидат кунад. Ба ҳамин тартиб, барои табобати бемориҳои илтиҳобӣ, аз қабили артрит, остеоартрит, рематизм, зуком, шамолхӯрӣ он як воситаи кӯмаккунанда ва муассир аст.
ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА РАГҲО
Имбир метавонад бо коҳиш додани сатҳи холестерин ва беҳтар кардани гардиши хун дар рагҳо, дар пешгирии бемориҳои дил ва рагҳо кӯмак кунад. Маҳз ин хосиятҳо имбирро ҳамчун як воситаи табобати табиӣ барои нигоҳ доштани саломатии дил ва рагҳо табдил додааст. Истеъмоли мунтазами он сатҳи холестерин ва фишори хунро муназзам нигоҳ медорад.
ИММУНИТЕТ ВА ЗИДДИ ВИРУС
Имбир ба тақвияти системаи иммунӣ ва муқовимат бо бемориҳои вирусӣ ё бактериалӣ кӯмак мекунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки имбир барои кам кардани хастагӣ, хунукӣ ва табҳо ва дигар аломатҳои зуком ёрӣ мерасонад. Бо истифода аз хосиятҳои зиддивирусии имбир бадан метавонад бар зидди вирусҳо ва микробҳо муборизаи беамон барад.
БАРҚАРОРКУНАНДАИ ҚУВВАТ
Имбир як воситаи нодир барои барқарор кардани қувват низ мебошад. Вай метавонад дар коҳиш додани хастагӣ ва стресс кӯмак расонад, махсусан пас аз ҷаласаҳо, корҳои фикрӣ ё оғози стресс истеъмоли он хеле муфид аст. Барои афзоиши сатҳи энержии бадан ва беҳтар шудани њисси рӯҳии кас имбир дорои беҳтарин таъсир аст.
ШИФО БАРОИ БЕМОРИҲОИ РОҲИ НАФАС
Имбир бо хусусиятҳои зиддиилтиҳобӣ ва зиддибактериалии худ метавонад дар шифо ёфтани гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас, аз қабили сардӣ, зуком, ангина ва бронхит сахт кумак кунад. Вай бо доштани хосиятҳои муколитикӣ метавонад дар коҳиш додани сулфа, гулӯдард ва дигар мушкилоти роҳҳои нафас таъсиргузор бошад.
МАВОДИ ЗИДДИ САРАТОН
Имбир баъзе хосиятҳои зиддисаратониро низ дорост. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маводи фаъол дар имбир, ба мисли гиңгерол, метавонад рушди селулҳои саратонро суст кунанд ва дар мубориза бо саратон чун моддаи фаъол зиддият нишон диҳад. Бо вуҷуди ин, таҳқиқоти бештар лозим аст, то таъсири тӯлонӣ ва клиникии он дар ин соҳа бештар баррасӣ шавад.
БАРОИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ
Имбир дар раванди кам кардани вазн ва коҳиш додани фарбеҳӣ нақши муҳим дорад. Вай метавонад таъсири термогеникӣ дошта бошад ва барои сӯхтани чарбуи бадан ва афзоиши сӯзиш маҳаки қувватдиҳанда бошад.
МАНБАИ ВИТАМИНҲО ВА МОДДАҲОИ ФАЪОЛ
Имбир дорои моддаҳои фаъоли зиёде мебошад, аз ҷумла гингерол – моддаи асосии шифобахш бо таъсири зиддиилтиҳобӣ ва антиоксидантӣ, шогаол ва зингерон- барои беҳтар кардани ҳозима ва муқовимат ба вирусҳо. Ҳамчунин, имбир дорои Витаминҳои B6, C ва минералҳо, ба монанди магний, калсий ва оҳан мебошад.
МЕЪЁР ВА ТАРЗИ ИСТИФОДА
Имбирро метавон дар шакли тару тоза, хушк, хокаи ордшуда, чой ва ё доруворӣ истифода бурд. Миқдори миёнаи муфид аз 1–3 грамм дар як рӯз аст. Онро бо асалу лимон низ зиёд истеъмол менамоянд. Имбирро мардумони Шарқ бештар дар ғизои рӯзмарраи худ ва ҳангоми пухтупази рӯйи дастархон истифода менамоянд. Бо вуҷуди ин, истифодаи он бояд бо эҳтиёт ва тибқи тавсияҳои мутахассисон сурат гирад.
Ҷавонмеҳр Исматов,
Сарвиноз Набиҷонова,
омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент



