• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Ду ихтисоси нав дар Донишгоҳи тиббӣ

от user
в Хабарҳо
0

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н.Д., намояндагони воситаҳои ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 маълумоти муфассал ироа намуданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар давраи ҳисоботӣ мутобиқ ба сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба роҳ монда шуда, дар самтҳои таълим, илм, тайёр кардани кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Зикр шуд, ки дар соли 2025 шумораи донишҷӯёни Донишгоҳ ба 13 ҳазору 860 нафар расида, бо назардошти мутахассисони баъдидипломӣ шумораи умумии таҳсилкунандагон 15 ҳазору 766 нафарро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ 5 факултет, 63 кафедра, аз ҷумла 37 кафедраи клиникӣ, 12 марказ ва Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ фаъолият менамоянд. Дар Донишгоҳ таълим бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба болоравии нуфузи байналмилалӣ, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ низ афзоиш ёфта, айни ҳол 1645 нафар шаҳрвандони 28 давлати ҷаҳон дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” таҳсил менамоянд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи соҳаи тандурустӣ ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ ду ихтисоси нав – “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” илова гардида, қабул ба онҳо аз соли таҳсили 2025–2026 оғоз шудааст. Истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, симуляторҳои тиббӣ, платформаҳои рақамӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим васеъ ба роҳ монда шудааст.

Қайд гардид, ки Донишгоҳ аввалин муассисаи олии касбии кишвар мебошад, ки аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашта, барномаҳои таълимии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шудаанд.

Соли 2025 Донишгоҳро 2152 нафар хатм намуда, сазовори номи пуршарафи табиб гардиданд, ки аз онҳо 307 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамзамон, садҳо нафар ординаторони клиникӣ ва интернҳо аз аттестатсия гузашта, барои фаъолият ба муассисаҳои тандурустии кишвар сафарбар шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ олимони Донишгоҳ 26 лоиҳаи илмиро амалӣ намуда, даҳҳо монография, ихтироот ва ҳазорон мақолаи илмӣ ба табъ расонданд. Маҷаллаи илмии “Паёми Сино” ҳамчун аввалин маҷаллаи илмӣ-амалии минтақа ба пойгоҳи байналмилалии Scopus ворид гардидааст.

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ дар баробари фаъолияти таълимӣ ба беш аз 52 ҳазор бемор хизмати ташхисию табобатӣ расониданд.

Дар соли 2025 Донишгоҳ ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш дода, бо зиёда аз 100 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷӣ созишнома ба имзо расонд. Аз ҷумла, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Донишгоҳ ҳамчун рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, ба ӯ унвони “Профессори фахрии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дода шуд.

Роҳбарияти Донишгоҳ дар соли 2025 ба корҳои созандагию ободонӣ, таъмири биноҳо, сохтмони хобгоҳҳои нав, муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳо ва дастгирии иҷтимоии донишҷӯёну кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон 20 фоиз зиёд карда шуд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо такя ба натиҷаҳои бадастомада, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.

Дар охири нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н.Д. ба саволи намояндагони ВАО-и кишвар бо овардани далелу тавзеҳот ҷавоб доданд.

Мақолаи гузашта

Бори аввал ҷарроҳии саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ гузаронида шуд

Мақолаи навбатӣ

Миомаи бачадон: ташхис, табобат, пешгирӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
Миомаи бачадон: ташхис, табобат, пешгирӣ

Миомаи бачадон: ташхис, табобат, пешгирӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

Ваксина-сипар барои ҳифзи саломатии кӯдак

14.09.2026
Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ