• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ба донишу таҷрибаи ӯ бовар доранд

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Ҳарчанд қаблан дар хусуси фармасевти собиқадор Иргаш Гуляев басо тавсифҳо шунида будам, вале чун вориди дорухона шудам, бидуни ошкори ҳадаф муносибаташ бо чанде аз корафтодаҳо ва гирумонашро мушоҳида карда, яқинам шуд, ки шунидаам муболиға набудаст. Чун дар савдо каме фосила ба миён омад, суҳбатамонро анҷом додем. Инак, намунае чанд аз воқеоте, ки мусоҳибам аз дирўз ба хотир оварду аз имрўз гуфт.

Ман замоне ба факултаи фармасевтикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудам, ки ҳама соҳаҳо давлатӣ буданд. Донишгоҳро аз ҳисоби давлат хонда, бо роҳхат ба дорухонаи марказии ноҳияи Шаҳритус омадам. Ҳамин тавр, соли 1982 дар он ҳамчун таҳлилгар — фармасевт корро оғоз намудам. Яъне вақти он буд, ки дониши назариявии худро дар амал татбиқ кунем. Албатта, ин кор бе кумаки нафарони таҷрибадор номумкин буд. Онҳо моро як моҳу ду моҳ таҳти назорат мегирифтанд, мефаҳмониданд, нишон медоданд. Дорухонаҳои замони шӯравӣ, аслан, корхонаҳои истеҳсолӣ буданд. Ман дорухонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳоро дар назар дорам. Дар онҳо ҳама шароит барои таҳияи доруҳои оддӣ мавҷуд буд. Агар ҳоло ба кормандони ҷавон қисса кунем, ки мо корро дар дорухона аз шустану безарарсозии пробиркаю зарфҳои доругирӣ оғоз кардем, шояд бовар накунанд. Ин таҷриба барои такомули касбии фармасевт хеле муфид буд, зеро ҳама раванди таҳияи дорувориро ҳам бо чашм медиду ҳам бо дасти худ мекарданд. Чуноне гуфтам, ин таҷриба ҳоло қариб, ки аз байн рафтааст ва ҳама доруворӣ дар шакли тайёр аз ширкатҳо ворид мешавад.

Баъди ду сол ба дорухонаи совхози “Бешкент-1”- и ноҳия гузаштам, аммо ин ҷо аз сабаби хати оби доимӣ набудан мо маводи доруворӣ тайёр карда наметавонистем. Онҳоро аз дорухонаи марказии ноҳия ва вилояти он замон Қӯрғонтеппа меоварданд.

Инак, беш аз 40 сол аст, ки дар ноҳияи Бишкент дар хизмати мардум буда, ниёзмандонро бо доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмин мекунем. Тӯли ин муддат то соли 2011 дар низоми давлатӣ кор кардам, баъдтар ба ширкати хусусии “Сомон-фарм” гузаштам. Ширкат моро бо тамоми дорувории зарурӣ таъмин мекунад. Ноҳияи мо дурдаст буда, дар беморхонаи марказияш табибон каманд. Баъзан мешавад, ки ба табибон низ баъзе маслиҳатҳо медиҳем, вобаста ба ин ё он намуди доруворӣ…

Ба қавли ин собиқадори соҳа фармасевтика як хариду фурӯши доруворӣ нест, балки соҳаест, барои ҳифзи тандурустии мардум. Аз ин рӯ, мутасаддиён бояд тарбияи кадрҳои ҷавони махсусан ноҳияҳоро бо дарки ҳамин масъулият ба роҳ монанд. Мутахассисони ҷавон ба он ширкатҳои дорусозие, ки дар дохили кишвар фаъолият мекунанд, ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шаванд. Боз ҳам беҳтар мебуд, агар хатмкунандагон ё донишҷӯёни курсҳои болоӣ ба ширкатҳои дорусозии кишварҳои дигар низ фиристода шаванд, то бо амалияи дорусозӣ бевосита шиносоӣ пайдо кунанд ва таҷриба андӯзанд.

Дар ин зимн аз давраи донишҷӯияш боз як иқдоми хуберо ёд меорад: сафарбар кардани донишҷӯён ба ноҳияҳои кӯҳистон барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш зери роҳбарии устодонашон. Ин кори хубро набояд ба гӯшаи фаромушӣ афканд…

Пас аз анҷоми суҳбат аз корафтодае, ки аз Иргаш-ака тарзи истифодаи доруи дар дасташ бударо фаҳмидан хост, шӯхиомез пурсидам, ки дар ҳамон дорухонаи харидаат нагуфтанд? “Не, гуфтанд, вале ман Иргаш-акаро дер боз мешиносам ва ба он кас бештар бовар дорам”,- шунидам дар ҷавоб. Ин изҳори самимона шаҳодати он буд, ки мардум ба донишу таҷрибаи ӯ эҳтиром мегузоранд.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ,

махсус барои “Даво”

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Озодагӣ асли пешгирии сироят аст

Мақолаи навбатӣ

Шоколад хӯрем ё мураббо?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Шоколад хӯрем ё мураббо?

Шоколад хӯрем ё мураббо?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Как воспаление простаты погубило космическую станцию

Как воспаление простаты погубило космическую станцию

13.06.2026
Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

12.06.2026
Чашми одам чаро «мепарад»?

Чашми одам чаро «мепарад»?

11.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ