
Табибон, хоса парҳезшиносон пайваста таъкид мекунанд, ки шириниҳо барои саломатӣ зарарноканду онҳоро камтар бояд хӯрд. Дуруст мегӯянд, чунки дар таркиби конфету шоколадҳо равғанҳои зарарнок, рангҳои ғизоӣ, эмулгатору таъми сунъӣ мавҷуданд. Бо вуҷуди ин ҳама, шириниҳое низ ҳастанд, ки ҳам бомаззаю хуштаъм ва ҳам муфиданд.
МЕВАИ ХУШК
Зардолу, мавиз, хурмо ва дигар меваҳои хушк дорои нахи солим, антиоксидант, минералу витаминҳо мебошанд. Моддаҳои табиии хушкмеваҳо системаи дилу рагҳоро аз бемориҳо муҳофизат намуда, масуниятро тақвият медиҳанд, кори рӯдаҳоро ба эътидол меоранд, барои майна ва зебоии пӯст муфиданд. Меваҳои қанддор ба гурӯҳи хушкмеваҳои муфид дохил нестанд, зеро аз ҳад зиёд шакар доранд.
ШОКОЛАДИ ТАЛХ
Бисёре аз парҳезшиносон шоколади талхро, ки зиёда аз 72% какао дорад, суперфуд меноманд. Он дорои антиоксидантҳо, калий, фосфор, калтсий, инчунин магний, оҳан ва натрий мебошад. Шоколади талх ба одам эҳсоси хушнудӣ бахшида, кори мағзи сарро беҳтар мекунад. Сарфи назар аз хосиятҳои судманд, бисёр хӯрдани шоколад ҷоиз нест — рӯзе сеяки як пачка кофист.
АСАЛ
Аз олитарин шириниҳои табиӣ, ки аз ҳар ҷиҳат аз шоколаду конфет “чанд сару гардан болост”. Асал таъсири антиоксидантӣ дорад, масуният ва хотираро мустањкам намуда, мубодилаи моддаҳо, кори меъдаю рӯдаро беҳ месозад, ба шарте, ки тоза бошад.
МАРМЕЛАД
Мармелад ширинии болаззат аст, ки пектин ва желатини таркибаш ба организм нафъи зиёд дорад. Пектин организмро аз моддаҳои заҳрдор тоза мекунад, кори узви ҳозимаро ба эътидол меорад ва дар хун холестеринро коҳиш медиҳад. Желатин ба ҳолати пўст ва мӯй таъсири муфид мерасонад. Мармеладро рӯзе 30 грамм бештар набояд тановул намуд.
МУРАББО
Мураббои хонагӣ як василаи хуби ивази шириниҳост, хусусан агар дар шарбати худ бо миқдори ками шакар пухта бошанд. Дар ин шакл мураббо тамоми хосияти муфиди худро нигоҳ медорад ва басо бомазза мешавад.
Таҳияи МАДИНА



