
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар остонаи фарорасии Соли нави мелодии 2026 ҳамаи Шуморо, аз ҷумла кормандони донишгоҳ, муҳаққиқону табибони ҷавон, донишҷӯёни пурталош ва ҳамкорони гиромиро бо ин ҷашни пурсаодат самимона табрик мегӯям.
Соли сипаригашта барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли созандагӣ, дастовардҳои илмию таълимӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ буд. Мо тавонистем дар самтҳои таҳсилоти тиббӣ, тадқиқоти илмӣ, такмили заминаи моддӣ- техникӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб қадамҳои устувор гузорем. Ин ҳама муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати содиқонаи устодони масъулиятшинос, донишҷӯёни фаъол ва кормандони меҳнатдӯсти донишгоҳ мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки соли нави 2026 барои донишгоҳи мо соле хоҳад буд, ки дар он амалисозии барномаҳои ислоҳотӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои ҷадид идома ёфта, мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар фазои таълимию илмии кишвар ва минтақа боз ҳам устувортар мегардад.
Дилпурам, ки дар соли 2026 ҳар кадоми мо бо нерӯи тоза, бо масъулияти баланд ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ ва ҳадафҳои миллӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва боз ҳам боло бурдани сифати таълиму таҳсилот дар донишгоҳ саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Ба мардуми кишвар, аз он ҷумла ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва аҳли хонаводаашон сиҳатмандӣ, саодатмандӣ, файзу баракат, сулҳу суботи ҷовидон ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Соли нав барои ҳар яки Шумо соли муваффақиятҳо, ниятҳои нек ва дастовардҳои тоза гардад! Соли нави мелодии 2026 муборак!
Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ,
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор



