
Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” боз як дастоварди муҳими соҳаи тандурустии кишвар ба қайд гирифта шуд. Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи муассисаи мазкур бори аввал дар Тоҷикистон амалиёти нодир ва мураккаби ҷарроҳӣ — барқарорсозии масона ва девори пеши шикам ҳангоми экстрофияи такрорӣ — бо муваффақият анҷом дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, чунин беморӣ дар ҷаҳон миёни тақрибан 50 ҳазор кӯдак танҳо дар як ҳолат ба назар мерасад ва ҷарроҳии он аз амалиётҳои ниҳоят душвору нодир ба ҳисоб меравад.
Амалиёти мазкур бо иштироки табибони шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи МД “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва ҳамкории мутахассисони варзидаи Муассисаи федералии буҷетии тандурустии давлатии «Институти тадқиқотии ҷарроҳии таъҷилӣ ва травматологияи кӯдакон»-и Федератсияи Россия гузаронида шуд.
Табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар барои рушди ҷарроҳии муосири кӯдакона ва ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба таъкиди табибон, анҷоми чунин амалиёти сатҳи баланд далели пешрафти соҳаи ҷарроҳии кӯдакона дар кишвар ва баланд гардидани маҳорати касбии мутахассисони тоҷик мебошад.
Масъулини марказ иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо муассисаҳои пешрафтаи тиббии хориҷӣ густариш ёфта, барои расонидани ёрии баландихтисоси тиббӣ ба кӯдакон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.



