
Бемории зиққӣ нафас чӣ гуна беморист ва оё он табобатшаванда аст? Дар ин мавзуъ бо Муҳаммад Ҷўраев, доктори илми тиб, мудири кафедраи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсўҳбат гардидем.
— Беш аз 52 сол аст, дар соҳаи тиб фаъолият дорам ва аз ин 25 соли онро сарфи табобати гирифторони бемориҳои зиққи нафас намудаам. Он чизе, ки дар таҷрибаи корӣ андӯхтам, бароям маълум гашт, ки сабаби гирифторшавӣ ба ин намуди беморӣ ин варами ғадуди болои дил мебошад. Аз 100 кӯдаке, ки ба дунё меояд, эҳтимолияти варами ғадуди болои дил ҳаст. Албатта, дар нисфи бештарашон ин варам табиатан нобуд мешавад ва дар қисми камтар боқӣ мемонад, ки билохира, ба бемории зиққи нафас оварда мерасонад.
Дар давраҳои аввал сулфа кӯдакро азият медиҳад, ки аксаран, ба табибон муроҷиат менамоянд ва барои табобат антибиотикҳо ва дигар доруҳо тавсия дода мешаванд. Ҳатто шоҳид будам, ки волидон кӯдаки беморро аз ташхису муоинаи якчанд табиб гузаронида, дар як давраи на чандон тӯлонӣ то 15 маротиба аз антибиотикҳо истифода намудаанд. Коршиносон собит намудаанд, ки аз истеъмоли зиёди антибиотикҳо иммунитет паст шуда, хатари пайдо шудани дигар бемориҳо низ ба миён меояд.
Бале, аз истифодаи бемавриди антибиотикҳо дар назари аввал бемор шифо меёбад, вале ин муваққатан буда, бо гузашти чанде беморӣ аз нав хурӯҷ менамояд ва ҳолати маризро бад месозад. Баъдан, дар ҷисм пайдо шудани бемориҳои занбурӯғӣ низ сабабаш истеъмоли зиёди антибиотикҳо мебошад.
— Аломатҳои бемории зиққи нафасро чӣ гуна муайян кардан мумкин аст? Яъне, бемории зиққи нафас аз дигар маризиҳои роҳҳои нафас бо кадом аломатҳо тафовут дорад?
— Сулфаи хушк, ҳуштак дар шуш, дамкӯтаҳӣ, бо душворӣ нафас кашидан ва вазнинии қафаси сина аз аломатҳои бемории зиққи нафас мебошад, ки онро дар аксар вақт табибон ба дигар намудҳои бемориҳои роҳҳои нафас ташбеҳ медиҳанд. Аз ин хотир, барои муайян намудани он, пеш аз ҳама, ташхисро дуруст гузошта, сипас дар асоси он ба табобат оғоз кардан лозим аст.
— Шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ки бештари навзодон бо варами ғадуди болои дил таваллуд мешаванд… Яъне аксари гирифторони зиққи нафас кўдаконанд?
— Тақрибан ҳамин тавр. Кӯдакон то синни дусолагӣ бо иммунитети аз модар тариқи шири пистон гирифта зиндагӣ мекунанд ва се намуд вирусро, вируси герпес, ситомегаловирус ва Эпштейна-Барро ба ҳамин васила аз модар мегиранд. Хушбахтона, чанд соли охир аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бемории зиққи нафас байни кӯдакон камтар шудааст.
— Маъмулан, барои табобати бемории зиққи нафас ба духтури терапевт муроҷиат мекунанд. Лутфан, мегуфтед, ки ин гуна беморон бояд ба назди кадом табиб раванд, то роҳҳои табобат барояш мушаххастар гардад?
— Табиби умумӣ, ё худ терапевт низ метавонад, ки беморони зиққи нафасро табобат намояд, вале дар ҷараёни табобат машварати аллерголог ва пулмонолог ҳам ба инобат гирифта шавад, боиси ҳар чӣ тезтар шифоёбии бемор мегардад.
Аксар вақт беморонеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар давоми ҳаёти худ маризиҳои аллергикӣ доранд, ба мисоли ринити мавсимӣ. Ин беморон тамоми сол аз гардолудшавии гулу буттаҳо, алафҳо ва дарахтон, чангу гарди хонаю кӯча, истифодаи маводи кимиёвӣ ва ғайра аллергия доранд ва ба онҳо маслиҳати аллерголог зарур аст.
— Умуман, бемории зиққи нафас табобатшаванда ҳаст ё не?
— Бале, ин маризӣ табобатшаванда аст. Дар фаъолияти табибии худ шоҳиди шифоёбии беморони зиёд гардидаам ва бе ягон дудилагӣ мегӯям, ки табобат ёфтан аз бемории зиққи нафас муаммо нест. Фақат шартҳое назди бемор ва табиб аст, ки онро мебоист риоя намуд. Ин беморӣ ҷараёни музмин дорад, вале табобат ва мубориза бо беморӣ имконпазир аст. Авҷ гирифтани беморӣ ё ҳарчӣ тезтар шифо ёфтани бемор аз интихоби тарзи ҳаёт, ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ ва риояи тавсияҳои духтур оид ба табобати асосӣ вобаста аст. Бемор то давраи ба пуррагӣ табобат ёфтан бояд зери назорати духтур бошад. Барои таҷриба беш аз 210 кӯдак таҳти назорат буд ва ҳоло онҳо дар синни ҷавонӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо худро солим эҳсос менамоянд ва дар ҷараёни зиндагӣ фаъолона умр ба сар мебаранд.
— Солҳои охир тағирёбии иқлим боиси авҷ гирифтани аксари бемориҳо гардидааст. Оё вазъи боду ҳаво ба саломатии беморони зиққи нафас таъсири манфӣмерасонад?
— Албатта, ҳар мавсим боду ҳавои ба худ хос дорад. Дар фасли гармо беморони зиққи нафас бештар аз нафастангӣ азият кашида, ҳолаташон ноҷур мешавад. Аз гармии зиёд ва набудани шамол сатҳи гардолудии ҳаво зиёд мегардад. Барои онҳое, ки аз нафастангӣ ранҷ мебаранд, мувофиқтарин иқлим иқлими мулоим бо намии мӯътадил ва
ҳарорати мусбӣ мебошад.
— Ба беморони зиққи нафас ҳамчун мутахассис чӣ тавсия медиҳед?
— Табибон барои аксари бемориҳо парҳезро тавсия медиҳанд. Дар урфият низ мегӯянд, ки “парҳез-бархез”. Аввалан, ба мубталоёни бемории зиққи нафас парҳез аз шириниҳои гуногун, ба мисоли асалу қандинаҳо ва шоколаду қанд, ҳамчунин, парҳез аз донагиҳо ва лубиёгиҳоро тавсия медиҳам. Баъдан, беморон ақаллан то се сол бе танаффус аз назорати духтур дур намонанд ва ҳамеша аз машварату маслиҳати табибон баҳравар гарданд.
Паймонаи Ҷовидон,
“Даво



