
Фотима аз овони наврасӣ ёд дошт, ки падар чӣ қадар ботаассуф аз фавтидани одамон аз бемориҳои сироятӣ нақл мекард. Солҳои пешин дар беморхона ва дармонгоҳи ноҳияи Нуробод дар баробари норасоии духтурони асабшинос, момодояҳо ва дандонпизишк аз набудани табиби сироятшинос аҳолии ин ноҳияи дурдаст азият мекашиданд. Бемордорон 170 км роҳро тай намуда, маризонашонро барои ташхис ва табобат ба пойтахт меоварданд. Падар мегуфт, ки мариз гоҳо то беморхонаи шаҳр намерасид…
-Пешаи қиблагоҳам табибист, ки имрӯз ман давомдиҳандаи корашон буда, аз ин ифтихор мекунам. Воқеан, нақлҳои пурҳасраташон аз набудани духтурони сироятшинос дар ноҳия то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳанд. Шояд таъсири гуфтаҳои пурдарди падар маро дар интихоби касб раҳнамун гардид, — мегӯяд Фотимабону.
Ӯ соли 2008 пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, тибқи квотаи Президентӣ донишҷӯи ин даргоҳ шуд. Фотима таҳсилро дар интернатура ва ординатура низ давом дода, солҳои 2015-2018 дар Институти педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият намуд.
— Ҳангоми дар курси чоруми донишгоҳ таҳсил намудан мебоист донишҷӯён ба равияҳо ҷудо мешуданд. Ҳамсабақонам равияҳои гуногуни тиб, ба мисоли духтури табобатӣ, акушер — гинеколог, духтури бемориҳои дарунӣ, гӯшу гулую бинӣ ва ғайраро интихоб карданд.
Дӯстон маслиҳат доданд, ки духтури ҷарроҳ шавам ё бемориҳои занона, чунки мардуми ноҳияҳои дурдаст ба чунин мутахассисон бештар ниёз доранд. Вақте ман табиби сироятшинос шуданро пазируфтам, ҳама дар ҳайрат монданд. Табиист, ки кам донишҷӯён чунин равияро интихоб мекунанд, зеро аз нигоҳи аксарият сироятшинос шудан кори басо хатарнок буд, — иброз медорад Фотима.
Фотима Шарифова соли 2018 ба зодгоҳаш баргашта, то инҷониб фаъолияти худро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод идома медиҳад. Алҳол, ӯ дар шӯъбаи бемориҳои сироятии ноҳия дар хизмати мардум аст.
— Дар давраи хурӯҷи бемории KOVID-19, ки дунёро ба даҳшат оварду ҳазорҳо одам ҷон бохт, дар ноҳияи мо ҳам мардум ваҳмзада шуданд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои пуртаҳлука фаҳмидам, ки дар интихоби пеша иштибоҳ накардаам. Он шабу рӯзҳо ҳама умеди гирифторони коронавирус ба мо, духтурони вирусшинос буд ва аз ҷумла банда рисолати касбии худро баҷо оварда тавонистам.
Вақте эътимоди мардумро ба кори худ мебинам, онро беҳтарин баҳо шумурда, мекӯшам, ҳар лаҳзаи умрам сарфи хидматашон кунам, -мегӯяд Фотима Шарифова.
Пас аз барҳам задани авҷи коронавирус табибонро зарур омад, ки аҳолиро барои пешгирӣ аз беморӣ эмгузаронӣ намоянд. Фотима иқрор меояд, ки аксар мардуми деҳот аз ин кор сарпечӣ мекарданд, ҳатто ҳолатҳои бо духтурон даст ба гиребон шудан ҳам рӯй медоданд.
-Ягона василаи пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмгуза-ронии саривақтӣ мебошад, ки онро мо, кормандони тиб, тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии деҳот татбиқ менамоем. Вобаста ба фаслҳои сол мо медонем, ки кадом бемориҳои сироятӣ хурӯҷ мекунанд. Дар тирамоҳу зимистон зуком, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ ва зардпарвин авҷ мегирад, дар баҳору тобистон бошад, бахусус, кӯдакон аз бемории дарунравӣ азият мекашанд, — иброз медорад Фотимабону.
Ҳамсӯҳбатам меафзояд, ки дар бобати ин ё он бемории сироятӣ ва роҳҳои пешгирияш миёни мардум пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Бо ин мақсад дар рӯзномаи ноҳиявии «Нури Нуробод» низ мақолҳо нашр мекунанд.
— Ҳамчунин, бо беморони сироятӣ, ба мисоли ВНМО, ки алҳол 67 нафар гирифторонашро дар қайд дорем, сари ҳар вақт вохӯри гузаронда, барояшон хизмати тиббии ройгонро фароҳам овардаем. Зеро мубталоёни ин маризӣ аз нигоҳи равонӣ ошуфтаҳол ва аз зиндагӣ дилсарданду таваҷҷуҳи хосаро аз атрофиёну табибон талаб менамоянд. Дар натиҷаи табобату тавсияҳои судманди пизишкҳо ин беморон, ки аксаран мардҳоянд, бо истифода аз васоити худмуҳофизатӣ ҳамсаронашонро сироят накардаанд, — бо қаноатмандӣ изҳор медорад табиб.
Ин буд чанд лаҳзае аз кору рӯзгори табиби сироятшинос Фотима Шарифова, ки бо роҳи падар рафта, бо донишу заковати касбӣ ва муомилаи накӯ миёни мардуми ноҳия соҳибэҳтиром гаштааст.
Паймонаи ҶОВИДОН,
“Даво”



