• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Бигӯ менеҷератон кист…»

Ё чанд сухан аз менеҷмент ва нақши он дар низоми тандурустӣ

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Яке аз шохаҳои муҳим дар ҷодаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ин ташкили сохтори нави идоракунӣ мебошад. Ду даҳсолаи охир дар фаъолияти гуногуни касбӣ истилоҳи нав – менеҷмент ба миён омад, ки идоракунии бомақсади истеҳсолоти муосирро ҷиҳати баланд бардоштани сифати онҳо ва истифодаи самараноки захираҳои кадриро дар ҳамаи соҳаи амалкунандаи ҷамъият мефаҳмонад.

Менеҷмент дар соҳаи тандурустӣ илмест, ки идоракунӣ, танзим ва назорати захираҳои иқтисодӣ, меҳнатӣ ва масолеҳиро дар муассисаҳои ҳифзи саломатӣ меомӯзонад.  Мақсади менеҷмент дар соҳаи тандурустӣ кам кардани беморӣ, маъюбият ва фавт бо назардошти захираву омилҳои мавҷуда мебошад.

Вазифаҳои менеҷмент дар тиб – расидан ба мақсади самарабахш бо роҳи баланд бардоштани сифати чорабиниҳои табобатӣ, ташхисӣ ва пешгирикунӣ ва ҳамчунин дуруст истифода бурдани захираҳои тиббист. Идоракунии муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ раванди хеле мураккаб буда, дар асоси интихоби дурусти тасмиму қарорҳо  бо назардошти мушкилоти дохилии на танҳо муассиса, балки вазъи тағийирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷомеа, ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин барои идоракунии самаранок бояд ба принсипҳои асосии идоракунӣ такя намуд.

Принсипҳои асосии менеҷментро вазифаҳои он ташкил медиҳанд. Ба вазифаҳои умумии менеҷмент дохил мешаванд: банақшагирӣ, ташкилкунӣ, асосноксозӣ ва назорат. Нақши муҳимро дар раванди идоракунӣ на танҳо механизми он, ҳамчунин тавсифи сифатноки он низ мебозад. Муошират барои муваффақияти босуръати муассиса аҳамияти калон дошта, ҳамзамон яке аз мушкилоти мураккаби менеҷмент маҳсуб меёбад. Услуби идоракунӣ аксаран аз шахсияти роҳбар вобаста буда, дар ҷараёни муносибати байниҳамдигарии роҳбар ва коллектив дар мавриди қабул ва амалисозии қарорҳо шакл мегирад. Усулҳои идоракунӣ – ин тарзҳои таъсиррасонии роҳбари муассиса ба тобеонаш бо мақсади самаранок истифода намудани онҳо барои иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда мебошад.

Илми идоракуниро дар ҳама соҳаҳо менеҷер намояндагӣ мекунад. Барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ на танҳо духтурони соҳибмалакаи шохаҳои гуногун, ҳамчунин роҳбарони босаводу кордон лозиманд. Дар замони муосир менеҷери соҳаи тандурустӣ аз касбҳои заруриву муҳим ба ҳисоб меравад. Талабот ба касби мазкур  дар муассисаҳои табобатии давлатию хусусӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Менеҷери соҳаи тандурустӣ фаъолияти муассисаи тиббиро дар асоси нақшаю ҳадафҳои мушаххас идора мекунад, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи солимии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида, роҳандозӣ менамояд. Мутахассиси ин соҳа бояд дорои дониши амиқи иқтисодиву молиявӣ, ҳамчунин маълумот оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие бошад, ки фаъолияти тиббиро танзим мекунанд.

Менеҷер дар соҳаи тандурустӣ вазифаҳои гуногунро баҷо меорад. Аз ҷумла:

  • Ҳаллу фасли масоили марбут ба пешгирӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ.
  • Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар муассисаи тиббӣ.
  • Чораҷуӣ ҷиҳати воридсозии технологияҳои муосири тиббӣ дар системаи тандурустӣ.
  • Баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ.
  • Таҳлили фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи тиббӣ.
  • Тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати кори муассисаи тиббӣ.
  • Роҳбарӣ ба тиҷорати дохилимуассисавӣ.

Ҳамаи чорабиниҳо ва стратегияи менеҷерон бо назардошти шароити ҷории иқтисодӣ пешниҳод ва арзёбӣ мегарданд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба дӯши онҳо вогузор мегардад, ин тақсимоти дурусти захираҳои молиявӣ мебошад.

Менеҷер вазифадор аст, ки масьалаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии муассисаро пайваста баррасӣ намояд, оид ба технологияҳои тиббиву иттилоотӣ маълумот дошта бошад  ва аз онҳо истифода карда тавонад. Ҳамчунин бояд барои пешбурди  кори муассиса ғояҳои ҷолиб, лоиҳаҳои навро тарҳрезӣ, шарикони боэътимодро ҷалб намояд, таҷрибаи пешқадами кормандони фаъоли муассисаро муаррифӣ созад.

Менеҷери соҳаи тандурустӣ метавонад дар муассисаҳои тиббӣ, ҳамчунин дар ташкилотҳое, ки ба мутахассисони соҳаи мазкур ниёз доранд, кору фаъолият  кунад:

  • Беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои солимии шакли кушода ва пӯшида.
  • Ташкилотҳои таъминоти иҷтимоӣ (хонаи пиронсолон, хона — интернатҳо)
  • Ташкилотҳои суғуртавии тиббӣ
  • Ассосиатсияи духтурон
  • Дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти тандурустӣ
  • Муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ
  • Дар ширкатҳои сайёҳие, ки дар самти сайёҳии табобатӣ фаъолият мебаранд.
  • Муассисаҳои барқароркунии солимӣ (муассисаҳои пешгирикунанда) – санаторияҳо, спа-салонҳо, салонҳои маҳс
  • Марказҳои ташхисӣ, корхонаҳои дорусозӣ
  • Ташкилотҳое, ки таҷҳизот ва дигар маводҳои тиббиро истеҳсол мекунанд.

Менеҷер метавонад ҳам дар муассисаҳои давлатӣ ва ҳам хусусие, ки ба соҳаи тандурустӣ алоқаманданд, кор кунад.

Барои менеҷери муваффақ шудан сифатҳои зерин заруранд:

  • Маданияти баланди муошират
  • Қобилияти ташкилотчигӣ, вазифагузорӣ ва назорати иҷрои онҳо
  • Ҳал карда тавонистани масъалаҳои идоракунӣ, аз ҳолатҳои ногувор баромада тавонистан
  • Ташкилкунӣ ва батанзимдарорӣ
  • Масъулиятшиносӣ
  • Муносибат барқарор карда тавонистан бо шарикону зердастон ва ҳамкорӣ намудан бо онҳо
  • Хушмуомилагӣ ва ахлоқи ҳамида
  • Ботамкинӣ

Дар раванди фаъолият менеҷер ҳам бо ашхоси идораҳои болоӣ ва ҳам бо шахсони ба ӯ тобеъ ҳамкорӣ мекунад. Аз ин лиҳоз ӯ бояд санъату маҳорати ҷалб карда тавонистани диққати мусоҳибонашро новобаста аз вазифаю унвонашон дошта бошад. Менеҷери боистеъдод метавонад бидуни мамонияту душворӣ равобити кориро бо маъмурият, шарикон ва зердастонаш мустаҳкам намуда, ҳолатҳои моҷароиро ҳал кунад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик дар ҷараёни ислоҳот дар соҳаи тандурустии кишвар менеҷер дар ташкилу таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои табобатӣ чеҳраи асосӣ хоҳад гашт. Дар ин зимн таъбире нав арзи вуҷуд хоҳад кард: “Бигӯ, ки менеҷератон кист, бигӯям, ки муассисаатон чӣ гуна аст”.

Умеда ВАЛИЕВА, 

омӯзгори кафедраи фанҳои тахассусии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Мақолаи гузашта

Олам афрӯз, Наврӯз!

Мақолаи навбатӣ

Дети-это деньги.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дети-это деньги.

Дети-это деньги.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

23.06.2026
Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

22.06.2026
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ