
Имрӯз дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, оғоз гардид. Намоишгоҳ имрӯз аз соати 10:00 то 17:00 ва рӯзҳои 19 — 20 июн аз соати 09:00 то 18:00 идома меёбад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Покистон ва Эрон иштирок менамоянд. Дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббӣ ва асбобҳои тиббӣ, инчунин ширкатҳои фарматсевтӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳҳо хизматрасониҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Иштирокчиён ва меҳмонон метавонанд бо платформаи IT — замимаи мобилӣ, ки ҳамчун хидмати онлайн барои ҷустуҷӯи доруворӣ фаъолият мекунад, шинос шаванд. Инчунин истеҳсолкунандагонӣ ватанӣ ва хориҷии маҳсулоти ороишӣ ва навъҳои гуногуни онро пешниҳод менамоянд.
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» як платформаи самараноки B2B ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин намоишгоҳ вохӯрӣ, рӯнамоӣ ва машваратҳо бо иштироки мутахассисони пешбари соҳа баргузор хоҳанд шуд.
Ҳамчунин намоишгоҳ барои мутахассисони соҳа (табибон, косметологҳо, соҳибкорон) ва ҳам барои доираи васеи шаҳрвандоне, ки ба тамоюлҳои тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ доранд, боз хоҳад буд.
Дар доираи намоиш меҳмонон метавонанд маҳсулоти соҳаи зебоӣ ва нигоҳубини шахсиро бо нархҳои тахфифӣ дастрас намоянд.


