• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Ҳангоми вориди дармонгоҳ шудани мо доктор Фирӯз модари ҷавон ва писарчаи тахминан сесолаи ӯро гусел мекард. Рухсораи кӯдак каме сурх буду бо дастони кӯчакаш лабу даҳонашро медошт.
— Хайр, ҷӯраҷон зиқ нашав, ана дандони дардмандатро гирифта партофтам, дигар дард намекунад.
Канӣ, як биханд,- гуфт доктор бо меҳрубонӣ ба мизоҷи хурдсолаш ва даст ба хайрухуш дароз кард.
Писарча бо табассум даст ба духтур дод.
— Раҳмат духтур, аз шумо миннатдорем. Чанд рӯз боз аз дарди сахти дандон гиря мекард, ҳоло бинед, табассум дорад,- гуфт модар ва бо фарзандаш хушнуд аз дармонгоҳ берун шуданд.
Фирӯз низ хушҳолона як оҳи сабук кашида, хост ба ҳуҷраи кориаш баргардад, ки маро дид ва бо табассум хайрамақдам гуфт.
— Акаҷон, хуш омадед, чӣ хизмат кунам?
— Саломат бошед, ҳамин хел сари қадам як зиёрат кунем, гуфтам.
Корҳо хубанд?
— Раҳмат акаҷон, ана ҳамин тавр ба қадри тавон ба мардум хизмат мерасонем. Мехоҳам мизоҷонам ҳамеша аз дармонгоҳ мисли ин писарчае, ки дидед, қаноатманду хушҳол раванд. Дар чунин ҳолат хастагиам рафъ ва табъам хуш мешавад ва шукр мекунам, ки боз ба нафаре тавонистам кумак намоям.
Бале, Фирӯз Солиҳов бо вуҷуди ҷавон будан аллакай ҳамчун дандонпизишки “дасташ сабук” ном баровардааст. Донишу малака, одаму одамгарӣ ва одобу рафтори хубаш аллакай ӯро соҳиби иззату эътибор гардондааст.
Вай соли 2020 пас аз хатми Коллеҷи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳсилро дар коллеҷи базавии тиббии шаҳри Перми Федератсияи Русия идома дод.
Онро бо дипломи сурх хатм намуд ва ӯро ҳамчун ҷавони болаёқат устодонаш барои кор дар клиникаи стоматологии “Зуб-здоров”-и шаҳри Екатеринбург тавсия доданд. Дар он ҷо муддати се соли фаъолият таҷрибаи хуб андӯхт ва ба зодгоҳ баргашт.
Бо маслиҳату дастгирии падараш Фарҳод Солиҳов, ки соҳибкори ботаҷриба аст, маркази стоматологии “Эмал” – ро созмон доданд.
Инак, соли дуюм дар ин дармонгоҳ ба ниёзмандон хизмат мерасонанд. Дар он ҳамроҳи доктор Фирӯз дандонпизишкони болаёқат Наҷибулло Ниёзов, Наврӯз Абдураупов, Умеда Мадаминова ва чор корманди техникӣ ифои вазифа мекунанд.
Маркази стоматологии “Эмал” дар маҳаллаи Ховарони пойтахт воқеъ буда, барои расонидани сатҳи баланди хизмати тиббӣ ҳуҷраҳои корӣ бо каткурсиҳои стоматологӣ, таҷҳизоти замонавӣ, компютер, рентген ва асбоби дандонсафедкунӣ муҷаҳҳазанд. Доираи амалиёти дандонпизишкон низ густурда аст: аз табобату кандани дандон то сафедсозии он ва имплантгузорӣ.
— Шукрона мекунам, ки бо дуои неки волидон ва сабақҳои устодони азиз соҳиби касби дандонпизишк шудам, — мегӯяд доктор Фирӯз. — Зеро ҳар коре, ки барои шифои бемор карда мешавад, дар маҷмуъ ҷомеаро солим медорад. Яъне мо, табибон, новобаста аз он ки дар муассисаи тиббии давлатӣ фаъолият мекунем ё хусусӣ, барои ҳифзи саломатии мардуми диёри азизамон масъулем. Маркази стоматологии “Эмал”-ро низ маҳз аз ҳамин хотир ташкил кардем, то ки ба ниёзмандон ҳарчи бештару беҳтар хизмати тиббӣ расонем.
Торафт афзудани теъдоди муроҷиаткунандагон шаҳодати он аст, ки доктор Фирӯз ва ҳамкоронаш барои мардуми маҳаллаи “Ховарон” аллакай “стоматологи худӣ” шудаанду чун дарди дандон азияташон дод, рост ба “Эмал” меоянд. Ин эътирофи касбияти баланди дандонпизишкони марказ аст.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
махсус барои “Даво”

Мақолаи гузашта

Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

23.06.2026
Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

22.06.2026
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ