• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Бо кӯдакон муноқиша накунед!

от user
в Модару кӯдак
0

Агар кўдак бо падару модар якҷоя кор карданро рад кунад, серҳаракат бошад, падару модар бояд оромиро аз даст надиҳанд. Бо кўдак муноқиша сар кардани волидайн сабаби зиёд шудани мушкилиҳо мешавад. Агар падару модар назоратро аз даст диҳанд, кўдак бемасъулият шуда, рафторҳои манфии худро давом додан мегирад.

Падару модар дар муқобили рафторҳои ноҷои кўдак хомўш ва ором бошанд, кўдак худидоракуниро тезтар аз худ мекунад. Кўдак мебинад, ки бо ин рафтори ноҷояш ба ҳадаф намерасад (чизи хостаашро ба даст оварда наметавонад) аз ин рафтор даст мекашад. Баъдан кўдак барои тағйир додани қарори волидайни худ ба амалҳои номақбул даст мезанад, вале агар падару модар сукунати худро аз даст надода, қарори худро тағйир надиҳанд, дар кўдак оҳиста-оҳиста ҳисси худидоракунӣ пайдо мешавад. Баъд аз ором шудани кўдак ба ў фаҳмондан даркор, ки ин ҳаракатҳои ў қобили қабул нест ва ў бо ин рафтори ноҷояш чизеро ба даст оварда наметавонад. Ғайр аз ин, ба кўдак фаҳмонидан даркор, ки чизи хостаашро чӣ гуна талаб намояд. Ба ў фаҳмонидан лозим аст, ки ба ҷо овардани ҳамаи эҳтиёҷҳои (талабҳои) ў дарҳол номумкин аст. Баъзе талабҳо номақбул (нодуруст) буданаш мумкин, баъзан имкониятҳои дар даст буда нокофӣ шуданаш мумкин.

Баъзан бо вуҷуди кўшишҳои беохири падару модар кўдак рафторҳои ноҷои худро давом медиҳад. Косаи сабри падару модар лабрез мешавад ва онҳо оромии худро аз даст медиҳанд. Дар ин ҳолат беҳтарин амал аз назди кўдак дур шудан мебошад.

Вақте ки кўдак рафтори ношоистаи худро давом медиҳад, дарҳол ягон чора андешидан лозим аст. Баъзан беҳтарин ҳаракат беҳаракат (хомўш) истодан аст. Кўдаке, ки аз доираи адаб берун рафтор карда истодааст, панду насиҳат кардан фоида надорад, чунки калимаҳо аз як гўшаш даромада, аз гўши дигараш баромада меравад. Лату кўб, тарсу азоб ба сари кўдак овардан сабабҳои аввалини аз доираи адаб берун рафтор кардан мебошад. (Аслан барои калонсолон низ ҳамин тавр мебошад). Аз ин лиҳоз, ҳис ҳама вақт аз мантиқ боло меистад. “Ягон ҳаракат накардан” (“хомуш истодан”) кўдакро аз маркази таваҷҷўҳ берун мекунад. Нисбати амали кардааш, ки ягон аксуламал надид, худ аз худ аз ин амалаш даст мекашад. Агар рафтори кўдак барои падар, модар, ё ин ки барои дигар фарзандон хатарнок бошад, бояд ягон чора андешид. Фарзандони дигарро падар (модар) бояд ба оромӣ аз ҳуҷра берун намоянд. Падару модар ба кўдак бояд наздик нашаванд, ором дар як масофаи муайян истанд. Кўдак агар ба волидайн ҳуҷум кунад, барои боз ҳам бадтар накардани вазъият ҷавоб додан лозим нест. Оромона аз кўдак дур истода, бо чашми худ кўдакро назорат кунанд, то ки кўдак фаҳмад, ки волидайн ўро назорат карда истодаанд. Агар ин мумкин набошад, кўдакро ба оғўш гирифта, имкон надиҳанд, ки ў дасту пояшро истифода намояд. Ин ҳам барои бехатарии кўдак ва ҳам барои бехатарии волидайн зарур мебошад.

Рафторҳои ношоиста, ба монанди ҳуҷум кардан, дод задан, сухани қабеҳ гуфтан рафторҳое мебошанд, ки падару модарро бештар хафа менамоянд. Чунин рафторҳои ношоистаи кўдак боиси ўро дўстдорӣ накардан, қадр накардан, фикрашро ба эътибор нагирифтан ва бештар мавриди азоб, ҷанҷол ва ё тарс қарор гирифтани кўдак шуда метавонад. Вақте ки кўдак ором мешавад, падару модар ўро мисли ҳарвақта дўстдорӣ кунанд ва сабабҳои нороҳат, асабӣ ва тарс додани кўдакро муайян намоянд. Агар барои кўдак ягон чора андешиданӣ шаванд, оқибатҳои онро андеша бояд кунанд.

Аслан волидайн рафтори худро нисбати фарзанд дигар карда метавонанд. Вазъият чӣ гунае ки набошад, таҳлили ҳодиса бояд дар ҷойи ҳам барои кўдак ва ҳам барои падару модар бехатар гузаронида шавад. Ҳамин тавр, сабаби чунин рафтор кардани кўдакро низ муайян карда чора андешидан зарур аст.

Таҳияи Фаррухрўзи Ҷовид

Мақолаи гузашта

Кўдакон аз чандмоҳагӣ сухан мегўянд?

Мақолаи навбатӣ

Саломатии кўдаконатонро ҳифз намоед!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Саломатии кўдаконатонро ҳифз намоед!

Саломатии кўдаконатонро ҳифз намоед!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ