• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Саломатии кўдаконатонро ҳифз намоед!

от user
в Бемориҳои кӯдакона, Модару кӯдак
0

Мусоҳиба бо Мирзоалӣ Мухторов, ҷонишини директори Маркази саломатии кўдаконаи шаҳри Кўлоб

— Бемориҳои кўдакона гуногун ҳастанд, лекин кадоме аз онҳо бештар кўдаконро бистарӣ месозад ва сабабҳои гирифтор шудани кўдакон ба ин бемориҳо дар чист?

— Бемориҳои кўдакона, дар ҳақиқат фаслҳои худро доранд. Масалан, кўдаконро дар фасли тобистон бештар бемориҳои шадиди меъдаву рўда азият медиҳад. Дар фасли тирамоҳ бошад, онҳо бештар гирифтори бемориҳои шадиди роҳҳои нафас мешаванд. Кўдакон дар тобистон ба бемории шадиди меъда ва рўда бо сабаби гармии боду ҳаво ва риоя накардани гигиенаи шахсии онҳо аз тарафи волидонашон мубтало мегарданд. Инчунин, сабаби дигараш зиёд истеъмол кардани ғизо мебошад. Хушбахтона, солҳои охир ин намуди бемории кўдакона дар шаҳру ноҳияи Кўлоб кам шуда истодааст.

— Шири модар дар эмин нигоҳ доштани кўдакон аз ҳар гуна беморӣ чӣ таъсиреро хоҳад гузошт?

— Аз рўйи низоми ҳозира оид ба марҳилаҳои ширдиҳӣ ҳоло то синни шашмоҳагӣ бояд модарон танҳо шири худро ба тифлон бидиҳанд, баъдан ба додани дигар ғизоҳои кўдакона гузаранд. Дар даврони шўравӣ додани ғизои иловагиро ба кўдакон аз чормоҳагӣ сар мекарданд. Агар шири модар нарасад, метавон дар ин ҳол аз чормоҳагӣ ғизои иловагӣ дод, вале бояд танҳо шарбатҳои мевагӣ бошад. Бояд гуфт, ки бо хўрдани шири модар имунитети кўдак боқувват шуда, вай ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намешавад, аз он ҷумла ба бемории рахит низ.

— Аммо чаро солҳои охир гирифторони бемории рахит дар байни кўдакон бештар ба чашм мерасад?

— Дар ҳақиқат, шумо дуруст ишора кардед, нисбат ба солҳои шўравӣ ҳоло гирифторони бемории рахит дар байни кўдакон бештар ба назар мерасад. Он замон модарон дар вақти шашмоҳагии ҳомиладорӣ ҳатман витамини Д-2, Д-3-ро мегузаронданд ва тифли дар батни модар буда дуруст инкишоф меёфт. Ҳамчунин, ба кўдакони бо чунин нишонаҳо таваллуд шуда витаминҳои Д-2,ва Д-3-ро тавсия медоданд ва волидайни кўдакон ин витаминро дуруст истифода мекарданд. Онҳо таҳти назорати махсус ҳамаи ин витаминҳоро сари вақт истифода мекарданд. Ҳамчунин, бояд гўям, ки ғизое, ки он замон истеъмол мешуд, бештар табиӣ буд, консервантҳо камтар истифода мешуданд ва ин ба инкишофи дурусти организми тифлон мусоидат карда, ба гирифторшавии бемории рахит монеа мешуд. Ҳоло витамини Д-2 ба кўдак аз синни думоҳагиаш барои пешгирии бемории рахит дода мешавад, на барои табобат. Аммо, мутаассифона, ҳоло модарон то он вақте ки кўдак ба ягон беморӣ гирифтор нашавад, ба духтур муроҷиат намекунанд. Мо ба онҳое, ки гирифтори рахитанд, дору ва ё витаминҳои лозимаро тавсия медиҳем. Ҳамчунин, барои пешгирӣ аз бемории рахит модар бояд ғизоҳо аз моҳӣ, творог, кефир ва хурморо бештар истеъмол кунад, зеро дар таркиби онҳо калтсий ва витамини Д-2 мавҷуд аст. Ин витаминҳо ба воситаи шири модар ба организми кўдак мегузарад ва кўдакро аз бемории рахит нигоҳ медорад. Бемории рахит агар пешгирӣ нашавад, оризааш дар пойҳои инсон, қафаси сина ва мағзи сари инсон то вақти зинда буданаш мемонад ва ба инкишофи ақлии он низ таъсир мекунад.

— Сабабҳои паст будани маърифати тиббии модарони ҷавонро дар чӣ мебинед?

— Пушида нест, ки бисёр ҷавон ба шавҳар додани духтарон дар мо анъана шудааст. Масалан, духтар ҳамин, ки синфи 11 – ро хатм кард, волидайн дарҳол ўро ба шавҳар медиҳанд. Ҳол он ки духтари нав мактаби миёнаро хатмкарда худ ҳоло муҳтоҷи тарбия мебошад. Нафаре бояд худи ўро тарбия кунад. Духтари ҷавони муҳтоҷи тарбия ба шавҳар баромада, баъди як сол модар мешавад, ки дар бораи модар будану чӣ кор кардан, ростӣ, тасаввуроте надорад ва роҳгум мезанад. Волидайн бояд ба тарбияи духтарон ва писарони худ талош кунанд .

— Оид ба гузаштани ташхиси тиббии кўдакон пеш аз ба синфи якуми мактаби миёна рафтан андешаатонро донистан мехостам. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, кўдаки гувоҳномаи тиббиро гирифта ё аз бемории асаб ранҷ мекашад ё ки биноияш хуб нест…

— Ҳар як сол аз моҳи октябр сар карда комиссияи махсус, ки иборат аз табиби кўдакона, табибони асаб, гўшу бинӣ, гулў ва чашм аст, ба мактабҳо рафта, мактаббачагонро аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд. Дар ҳақиқат, чунин ҳолатҳо ҳастанд, ки кўдакон бо гувоҳномаи қалбакӣ ба мактаб қабул шудаанд. Кўдакони модарзод наздикбин таваллудшуда ва ба мактаб фаро гирифташуда бошад, ягон нафарашон айнак надоранд. Дар ин масъала ҳам фикри шумо дуруст аст. Мо худ духтури чашм надорем, вале барои ташхис ва аз комиссияи тиббӣ гузаштан мактаббачагони мактабҳои шаҳрро ба беморхонаи вилоятии бемориҳои чашм мефиристем. Воқеан, бояд гўям, ки ин мушкил дар ҳамаи мактабҳои шаҳру ноҳияи Кўлоб вуҷуд дорад. Ҳоло дар мактабҳои шаҳр ягон нафар мактаббачаи айнакдорро, ки ў наздикбин бошад, вонамехўрӣ. Ҳол он ки дар дилхоҳ мактаб на камтар аз 4-5 нафар мактаббачаи наздикбин ҳаст. Ба ин ҳам волидон ва ҳам омўзгорони синфҳои ибтидоӣ ва маъмурияти мактабҳо низ гунаҳгоранд, ки ғами чунин кўдаконро намехўранд.

Мусоҳиб Билоли Шамс, шаҳри Кўлоб

Мақолаи гузашта

Бо кӯдакон муноқиша накунед!

Мақолаи навбатӣ

Модари солим насли солимро ба воя мерасонад!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Модари солим насли солимро ба воя мерасонад!

Модари солим насли солимро ба воя мерасонад!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ