Мусоҳиба бо Файзалӣ Ҷумъаев, табиби мадҳушсоз ва эҳёгари Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
— Сактаи майнаи сар аз хавфноктарин бемориҳост, ки бо рагҳои хунгарди одам алоқамандӣ дорад. Дар кадом ҳолатҳо сакта рух медиҳад?
— Омилҳои хавфи гирифторшавӣ ба оризаи сактаи майнаи сар ё ба истилоҳ инсулт ин фишори баланди хун, сатҳи глюкозаи хун, тамокукашӣ, вазни зиёдатӣ ва камҳаракатӣ мебошад. Дар ин мавридҳо дар организм лахташавии хун ба вуҷуд меояд, ки он сактаро ба вуҷуд меорад. Эҳтимоли гирифторӣ ба дигар узвҳо вуҷуд дорад, ба мисоли сакта дар дил, майнаи сар, ҷигар ва шуш.
Маъмулан, дар натиҷаи норасоии гардиши хун (ишемия) ба майна ё хунравии майнаи сар майна бо оксиген ба қадри кофӣ таъмин намегардад ва ҳуҷайраҳои асаб дар муддати хеле кӯтоҳ нобуд мешаванд. Дар натиҷа, сакта ё худ инсулт ба амал меояд, ки табибони асабшинос тавассути ташхису таҳлил минтақаҳои осебдидаро муайян мекунанд.
— Сактаи майнаи сар бо кадом аломатҳо худро нишон медиҳад?
— Табиист, ки сактаи майнаи сар якбора ба вуҷуд намеояд. Пеш аз он аломатҳои огоҳкунанда пайдо мешаванд, ба мисоли фишорбаландии доимӣ, ки мутаассифона, аксаран ба он сари вақт аҳамият намедиҳем. Ҳамчунин, нуқси биноӣ дар як чашм, фалаҷи даст ё нисфи рӯй, осебпазирии ҳиссиёт дар рӯй, даст ё пой, халали нутқ ва дарки сухан аз ҷумлаи мушкилотанд, ки қаблан ба амал меоянд.
— Пештар ин ориза байни одамони калонсол бештар маълум буд, вале мутаассифона, солҳои охир дар байни ҷавонон низ шумори гирифторон кам нестанд. Сабаб чӣ бошад?
— Аслан, дар ҳама синну сол ба ин бемории хавфнок мубтало гаштан аз эҳтимол дур нест. Дар натиҷаи ҷароҳати вазнини варзишӣ ё садамаи автомобилӣ низ сактаи майнаи сар шудан мумкин аст. Вале бештари вақт сабаби гирифтории ҷавонон ин риоя накардани тарзи ҳаёти солим, асабхастагӣ, ки ба фишорбаландӣ меорад, мебошад.
Дарди гурда, санги ҷигару талха ва ғайра низ боиси фишорбаландӣ шуда, сактаи майнаи сарро ба амал меоранд. Истеъмоли нӯшокиҳои энергетикӣ ва хӯрокҳои серравған, ки имрӯз байни ҷавонон хеле маъмул аст, боиси фарбеҳӣ ва лахташавии хун низ мегардад.
— Чӣ тавр метавон худро аз сактаи майнаи сар ҳифз намуд?
— Чуноне қайд кардам, ин, пеш аз ҳама, интихоби тарзи ҳаёти солим, варзиш ва ғизои солим мебошад. Инчунин, хеле муҳим аст, ки беморон сари вақт ба табиби асабшинос муроҷиат намоянд. Муолиҷаи саривақтии сактаи майна метавонад оқибати гарони онро пешгирӣ созад.
— Даъвати ёрии таъҷилӣ дар ин ҳолатҳо амри яқин аст, лекин то омадани духтур бо бемор чӣ бояд кард?
— Кумаки аввалияро бояд аҳли хонавода расонанд. Чӣ тавр? Беморро зинҳор наҷунбонда, танҳо сарашро яктарафа кардан даркор аст. Баъди ин бояд ба ёрии таъҷилӣ занг зад. Духтури таҷрибадор нахуст фишори хун, набз, ҳарорати бадани беморро санҷида, баъди то андозае муътадил шудани ҳолаташ ба бемористон мебарад. Табобат ҳар қадар зудтар оғоз ёбад, ҳамон қадар имкони наҷоти бофтаҳои майнаи сар бештар мегардад.
— Имрўз сактаи майнаи сарро бо кадом воситаҳои муосир муолиҷа мекунанд?
— Усулҳои табобат дар ҳар ҳолат фарқ мекунанд ва аз дараҷаи осеби минтақаи дахлдори майна ва вазъи клиникӣ вобастаанд. Ҳоло дастовардҳои илми тиб дар ин самт басо назаррасанд ва зимни муолиҷа таҷҳизоту давоҳои муассир корбаст мешаванд. Бояд гуфт, ки мо аксар вақт ба гирифторони сактаи майна исти-фодаи доруҳои «Актовегин» ва «РеОвода» — ро тавсия медиҳем, ё ба мариз дар 14 рӯз 2 маротиба «Ксаврон» гузаронда мешавад. «РеОвода» гардиши хунро муътадил карда, барои бемор дар тамузи тобистон беҳтарин нӯшокӣ аст. Онро бидуни ин беморӣ ҳам бояд истеъмол намуд — барои пешгирӣ ва мӯътадил намудани ҷисм ва баланд бардоштани иммунитет.
Паймонаи ҶОВИДОН,
“Даво



