• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Парҳез аз пиршавии бармаҳал

от user
в Ғизои солим
0

Хӯрокҳое, ки истеъмол мекунем, ба мо энергия ва моддаҳои зарурӣ ба монанди сафедаҳо, чарбҳо ва витаминҳоро медиҳанд. Хӯрокҳои нодуруст метавонанд пиршавии бармаҳалро ба вуҷуд оранд.

РОБИТАИ БАЙНИ ХЎРОК ВА ПИРШАВӢ ЧИСТ?

Исбот шудааст, ки пиршавии бадан вобаста ба он чизе, ки мо мехӯрем, суръат мегирад ё суст мешавад. Баъзе хӯрокҳо метавонанд турш (кислотаҳо)-и бадани моро хеле зиёд намоянд.

Вақте ки кислотаҳо дар бадан зиёд мешаванд, илтиҳоби музмин дар бофтаҳо оғоз меёбад. Ҳуҷайраҳо энергияи кам истеҳсол намуда, равандҳои детоксикатсия хеле суст гардида, кори ҳамаи системаҳои дохилӣ вайрон мешавад ва ҳамаи ин боиси пиршавии бармаҳал мегардад.

ХӮРОКҲОЕ, КИ МОРО ЗУД ПИР МЕКУНАНД

Чипсҳо — боварӣ дорам, ки ҳайрон нашудед, аммо бидонед, ки чипсҳо ба системаи дилу рагҳо зарбаи мустақим мезананд! Ин ҳама аз сабаби миқдори даҳшатноки намак аст.

Қаҳва (агар аз меъёр зиёд шавад) калтсий, калий, натрий ва витаминҳои В-ро аз бадан шуста, инчунин ба сар задани инсулт мусоидат мекунад.

Ҳасиб — Олимони донишгоҳи Мичиган ҳисоб карданд, ки танҳо 1 гр ҳасиб 27 сонияи ҳаёти шахсро мегирад. Бинобар ин шумо метавонед худатон ҳисоб кунед, ки истеъмоли якчанд сандвич дар наҳорӣ ба шумо чӣ қадар арзиш доранд…

Гўшти бирён — Ҳангоми дар тафдон ё дар дег пухтан дар гӯшт моддаҳои зараровар ва ҳатто хатарнок ба вуҷуд меоянд. Агар шумо гӯшти бирёнро сӯиистифода намоед, пас хавфи гирифторӣ ба бемориҳои саратонӣ, диабети қанд ва бемориҳои дил зиёд мешавад.

Намакхобонӣ (солёние) — агар шумо бе бодиринг зиндагӣ карда натавонед, дар хотир доред, ки ин боиси халалдор шудани луобпардаи меъда мегардад ва дигар онро аз кансерогенҳо, токсинҳо ва дигар моддаҳои зараровар муҳофизат намекунад. Ҳамаи ин ба зудӣ ба шумо гастрит ё захми меъдаро «армуғон» меорад.

Бисёр меваҳо дар ин рӯйхат мебошанд, аммо! Агар шумо меваи зиёд бихӯред, ин метавонад боиси зиёд шудани истеҳсоли инсулин гардад. Ғайр аз ин, аз сабаби фруктоза, об ва нах, доштанашон шикамро варам мекунонад, ки дигар хӯрок хӯрдан намехоҳед. Инчунин агар шумо танҳо мева бихӯред, пас бадани шумо маводи ғизоии заруриро намегирад.

Оби кам — агар шумо ба қадри кофӣ оби тоза нанӯшед, пас ҷисми худро аз детокс пурра маҳрум мекунед! Илова бар ин, хастагӣ пайдо мешавад ва қобилияти корӣ коҳиш меёбад, равандҳои ҳазмкунӣ ва азхудкунии ғизо вайрон мешаванд.

Маҳсулоти зерин ғизои ҳақиқӣ мебошанд ва муҳимтар аз ҳама, метавонед ҳамаи ин маҳсулотро дар мағозаҳои наздик дастрас намоед.

ТУХМИ КАДУ

Тухми каду аз кислотаҳои чарбии серғизо, оҳан ва инчунин витамини Е бой мебошанд.

ГУЛМОҲӢ, Ё СКУМБРИЯ

Ҳар яке аз ин навъҳои равғании моҳӣ ба таври олӣ аз кислотаҳои равғании омега-3 бой ҳастанд. Бештар метавонед аз ин навъи моҳиҳо истифода намоед. Исбот шудааст, ки пайдошавии ожангҳои бармаҳалро пешгирӣ мекунанд.

ШОКОЛАДИ СИЁҲ

Шоколади сиёҳ флавоноидҳои зиёд дорад ва ин ба шоколади сиёҳ имкон медиҳад бо радикалҳои озод мубориза баред, ки ба пиршавии бармаҳал оварда мерасонанд.

ҶАЪФАРӢ

Дар ҷаъфарӣ (петрушка) витамини С, каротиноидҳо ва хлорофилл хеле зиёд аст, ки барои нигоҳ доштани калтсий дар бадан кумак мекунад. Ин моро аз пайдошавии варам муҳофизат мекунад. Ҷаъфарӣ антиоксиданти пурқувват аст.

ЛАБЛАБУ

Лаблабу аз гази набототӣ, кислотаи фолий, калий ва кислотаи гиалурон бой мебошад, ки ин витамини ҳақиқист! Хӯрдани лаблабу мунтазам ба рагҳо ва гардиши хун таъсири мусбат расонда, кори ҳозимаро беҳтар мекунад.

Мадинаи ДАВЛАТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Чаро сактаи майнаи сар «ҷавон» мешавад?

Мақолаи навбатӣ

Ваксинаи ҳорӣ барои кӣ ройгон аст?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ваксинаи ҳорӣ барои кӣ ройгон аст?

Ваксинаи ҳорӣ барои кӣ ройгон аст?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Провизор  мушовир ҳам ҳаст

Провизор мушовир ҳам ҳаст

01.06.2026
3 золотых правила Уэрхэма

3 золотых правила Уэрхэма

30.05.2026
Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

Пӯст аз ғизо ҳам зебо мешавад

29.05.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ