• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Чашми одам чаро «мепарад»?

от user
в Бемориҳои чашм
0

Қариб ҳар одам бо ҳодисаи «паридан»-и чашм дучор шудааст. Ин ҳолатро дар илми тиб «миокимия» меноманд.

Мутахассисон чашмпариро ба стресс ва норасоии витаминҳои гурўҳи В нисбат медиҳанд. Агар чунин ҳолат зуд-зуд ва муддати тўлонӣ рўй диҳад, ба асабшинос муроҷиат кардан зарур аст. Зеро дар баъзе  ҳолатҳо  миокимия  метавонад аз нишонаҳои сарзании бемориҳои ҷиддӣ, масалан  Паркинсон бошад.

Тарки тамоку кардани занон мушкилтар аст

Занон дар қиёс бо мардон ду баробар камтар тарки тамокукашӣ мекунанд, навиштааст aif.ru.

Аз рўи маълумоти омор, шумораи занони тамокукаш нисбат ба мардон 1,5 маротиба камтар аст. Онҳо дар давоми рўз низ нисбат ба мардон камтар сигор мекашанд. Вале аз чӣ бошад, ки аз ин одати бад  дил канданашон душвор аст. Шояд бинобар он ки дар қиёс ба мардҳо бештар гирифтори афсурдаҳолӣ (депрессия) мешаванду никотинро василаи рафъи он мепиндоранд.

Шўрбои сабзавотӣ беҳтарин ғизои парҳезист

Солҳои охир шумораи ашхоси гирифтори фарбеҳшавӣ дар ҳоли афзоиш аст. Теъдоди ашхоси фарбеҳ дар қиёс бо соли 1990 дар ҷаҳон ду баробар бештар шудааст. Ҳар ҳаштумин сокини сайёра аз фарбеҳӣ ранҷ мекашад. Дар маҷмўъ бошад, беш аз 1 миллиард нафар дар ҷаҳон мубталои фарбеҳианд.

Яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ аз меъёр зиёд хӯрокхӯрӣ ва кам ҳаракат кардан мебошад. Таъсири дору, ирсият, гирифторӣ ба баъзе бемориҳо, нодуруст ғизо хўрдан аз дигар сабабҳои фарбеҳист.

Ба гуфтаи парҳезшиноси рус, номзади илми тиб Юлия Чехонина, тарбуз яке аз воситаҳои муфиди коҳишдиҳии вазн ба шумор меравад. Дар он ғозҳои набототӣ, моддаҳои минералӣ ва моеот зиёданд. Рўзе истеъмоли 1,5 кило тарбуз кофист. Аз болои он набояд об нўшид. Тарбузро шомгоҳон истеъмол накунед, ки хобатон нороҳат мешавад.

Дар давоми рўз ва пеш аз шом  истеъмоли  шўрбои сабзавотӣ (карам, лаблабу, сабзӣ, помидор) низ муфид аст. Парҳезшиносон шўрбои сабзавотиро беҳтарин ғизои парҳезӣ ва пешгирии фарбеҳӣ меҳисобанд.

Довучаи зардолу ҳам давост

Зардолу яке аз қадимтарин меваҳост, ки дар борааш дар мероси хаттии Чин ҳануз 2000 соли пеш аз мелод маълумот дода шудааст.

Онро дорухонаи табиӣ меноманд. Истеъмоли аксар меваҳо вақти хомӣ ба саломатӣ зиён дорад, вале меваи норасидаи зардолу (довуча, ғўра)-ро дар баъзе  ҳолатҳо метавон ба сифати даво истифода бурд. Табибон масалан ҳангоми қабзият (сахтшавии дарун) ва кам будани туршии шираи меъда хӯрдани довучаро тавсия медиҳанд.

Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА

 

 

Мақолаи гузашта

«Қанд»-е, ки ширин нест

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Чашми одам чаро «мепарад»?

Чашми одам чаро «мепарад»?

11.06.2026
«Қанд»-е, ки ширин нест

«Қанд»-е, ки ширин нест

10.06.2026
Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

09.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ