• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Қанд»-е, ки ширин нест

от user
в Бемориҳои эндокринӣ
0

Диабети қанд бемории музмин буда, дар ҳолатҳое рух медиҳад, ки ғадуди зери меъда миқдори кофии инсулинро тавлид намекунад ё бадан наметавонад инсулини тавлидшударо самаранок истифода барад.

Инсулин гормонест, ки сатҳиглюкозаи хунро танзим мекунад. Оқибати маъмули диабети беназоратмонда гипергликемия ё баланд шудани сатҳи глюкоза (қанд) дар хун аст, ки бо мурури замон ба бисёр системаҳои бадан, хусусан асабҳо ва рагҳои хунгард зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар тибби муосир ду навъи дабети қандро ҷудо кардан маъмул аст.

Диабети навъи 1, ки онро диабети кӯдакон низ меноманд, зеро он, одатан, дар кӯдакон ва наврасон ташхис карда мешавад. Номи дигари он «диабети инсулинвобаста» мебошад. Зимни ба он гирифтор шудан ғадуди меъда барои истеҳсоли инсулин нотавон мегардад,бинобар ин гормон бояд доимо аз берун ворид карда шавад.

Диабети навъи 2 бошад, ҳамчун «диабети калонсолон» маълум аст, гарчанде ки вақтҳои охир ба он кӯдакон ё наврасон низ гирифтор мешаванд. Дар ин ҳолат мушкилоти азхудкунии глюкоза ба миён меояд. Истифодаи инсулин танҳо дар ҳолатҳои вазнин зарур аст, аксарвақт риояи парҳези дуруст, истеъмоли доруҳои пасткунандаи қанд, фаромӯш накардани фаъолиятиҷисмонӣ кофӣ аст.

Намуди алоҳида — диабети ҳомиладорӣ. Он дар занон ҳангоми ҳомиладорӣ рух медиҳад ва пас аз таваллуд бе табобати махсус рафъ мешавад. Ташнагии шадид, хоҳиши истемоли бештари моеъ, афзоиши пешоб, зиёд шудани ҳаҷми пешоб, бехобӣ, бад шудани биниш, афзоиши иштиҳо, пурхӯрӣ, хастагии зуд, паст шудани қобилияти корӣ, тағйироти номаълум дар вазни бадан, аз даст додани вазн ё афзоиши вазн, эҳсосидаҳони хушк ва сиҳатёбии захм дар муддати дароз аз аломатҳои маъмули диабети қанд ба шумор меравад. Бисёре аз аломатҳои номбаршуда метавонанд бемориҳои дигарро нишон диҳанд, аз ин рӯ ташхиси дифференсиалӣ талаб карда мешавад. Вай имкон медиҳад, ки ташхиси дақиқ ва сабабҳои диабети қандромуайян кунад.

Диабети қанд метавонад ба мушкилоти гуногун, аз ҷумла ретинопатияи диабетикӣ (зарар дидани торчаҳо), ки дар натиҷаи он хатари аз даст додани биниш ба вуҷуд меояд, нефропатия, ки боиси норасоии музмини гурда мегардад; стенокардия, инфаркти миокард — агар беморӣ ба рагҳои дил таъсир расонад ва полиневропатия (зарар дидани нахҳои асаби периферикӣ) оварда расонад.

Аз сабаби сатҳи аз ҳад зиёд баланд ё аз ҳад ками қанди хун бемор метавонад ба комаи диабетӣ афтад. Аввал ӯ заифии мушакҳо, ташнагиро эҳсос мекунад, сипас дарди меъда ва дил пайдо мешавад, биниш бадтар мешавад. Оҳиста-оҳиста инсон ба омилҳои беруна вокуниш нишон намедиҳад, рефлексҳо вайрон мешаванд. Агар саривақт кӯмак расонида нашавад, комаи диабетӣ боиси марг гардад.

Дар сурати мушоҳида кардани аломатҳои беморӣ ба духтури эндокринолог ҳатман муроҷиат кардан лозим аст. Мутахассис шикоятҳоро мешунавад, муоина мегузаронад, ба шумо мегӯяд, ки чаро диабети қанд пайдо шудааст, дараҷаи беморӣ чӣ гуна аст ва чӣ гуна таҳқиқот гузаронидан лозим аст.

Ташхиси лабораторӣ санҷиши хун ва пешобро дар бар мегирад. Хун бояд дар меъдаи холӣ дода шавад, пас аз он дар лаборатория сатҳи глюкоза, миқдори С-пептид ва гемоглобини гликатсияшуда муайян карда мешавад. Аз ин нишондиҳандаҳо мавҷудияти бемориро муайян кардан мумкин аст.

Агар мушкилоти биниш вуҷуд дошта бошад, ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим меояд. Имконияти пайдоиши диабети қандро аз ҳисоби фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ, назорати вазн, ғизои мутавозин ва гуногун, ки бояд чарбҳо, карбогидратҳо, сафедаҳо ва нахро дар бар гирад, метавон кам кард. Аз тамокукашӣ, нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ низ даст кашидан лозим аст.

Ба солимии худ ҳамеша таваҷҷуҳ кунед ва бемори қанд нашавед!

Лола Аҳророва,

табиби оилавии МСШ №5,

шаҳри Душанбе

Мақолаи гузашта

Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

Мақолаи навбатӣ

Чашми одам чаро «мепарад»?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Чашми одам чаро «мепарад»?

Чашми одам чаро «мепарад»?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Чашми одам чаро «мепарад»?

Чашми одам чаро «мепарад»?

11.06.2026
«Қанд»-е, ки ширин нест

«Қанд»-е, ки ширин нест

10.06.2026
Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

Аденома бе ҷарроҳӣ ҳам табобат дорад

09.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ