Санги гурда бо се равиш дармон мешавад: доруӣ, обзорӣ (дастгоҳӣ) ва ҷарроҳӣ.
Агар санги гурда хурд бошад, метавон бо роҳи дорудармонӣ, гиёҳдармонӣ ва парҳездармонӣ онро берун кард. Истеъмоли хўроки солим, доруҳо ва витанминҳои махсус ба пастшавии сатҳи асиди пешоб оварда мерасонанд, мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд ва инчунин сангҳоро бо роҳи пешоб берун мекунанд.
Аммо сангҳои бузургро бошад, танҳо бо роҳи абзорӣ ва амали ҷарроҳӣ метавон гирифт. Бо имконоте, ки имрўз пизишкони Бемористони Ибни Сино дар даст доранд, сангҳои бузурги гурдаро метавон бо амали ҷарроҳӣ бо кумаки дастгоҳҳои лапороскоп ва уретероскоп бисёр камосебу безахм берун кард. Яке аз усулҳои камосеб берун бароовардани сангҳои гурда ҷарроҳии PCNL маҳсуб меёбад.
PCNL чист?
PCNL таркиби кўтоҳшудаи англисӣ буда, шакли комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пўст дар гурда аст.
Суол ба миён меояд, ки ин равиш барои дармони кадом беморҳо ба кор бурда мешавад ?
Аз охири солҳои ҳафтодуми садаи бист ин усулро дар кишварҳои пешрафта ба таври васеъ ба кор мебаранд ва ин як амали каминвазивӣ ва камосеб барои гирифтани санги гурда дониста мешавад.
Тариқи анҷом додани ин усул чунин аст: дар аввал аз роҳи сурох кардани пўст ба андозаи як сонтиметр гурдаи бемор бо назорати нурҳои рентгенӣ, бо сўзани махсус сўрох карда мешавад ва бо раҳнамодастгоҳи нефроскоп ва проби сангшикан дохили гурдаи бемор шуда, амали сангшиканӣ анҷом мешавад.
Нишондод барои ин амал: санги бузурги гурда, санги бандкунандаи даҳони гурда ва сангҳои зиёди гурда мебошад.
Зиди нишондод ё мамнуъ: вазни аз ҳад зиёд, коогулопатия (бемории лахташавии хун), бордорӣ, истеъмоли антикоогулянтҳо, аритмияҳои мураккаб бо зарабони тези дил.
Суол ба миён меояд, ки механизми шикастани санг тавассути ин дастгоҳ чи гуна ба вуқуъ меояд? Оё ин дастгоҳ ба гурда ва дигар узвҳо зарар мерасонад ё не?
Тавассути фишори баланди мавҷӣ, ки дастгоҳ хориҷ мекунад, санг шикаста мешавад, аммо ба гурда ва бофтаҳои дигар, ки нарманд, осеб намерасад. Барои мисол, агар қанди сафедро дар даст нигоҳ дошта, дастгоҳро фаъол намоем, қанд мешиканад, вале ба даст осеб намерасонад.
Сангҳои хурдшуда бо мучинҳо (пинсетҳо)-и махсус чида гирифта мешаванд ва дохили гурда бо моеъи зиддиуфунӣ шустушўй карда мешавад. Сипас, дар утоқи амал тавассути дастгоҳи рентгенӣ акси назоратӣ гирифта мешавад ва пок шудан ё нашудани гурдаро мушоҳида мекунем ва бо ҳамин амали ҷарроҳӣ ба итмом мерасад.
Хушбахтона, ин амал дар Бемористони Ибни Сино аз тарафи мутахасисони кишварамон хуб анҷом дода мешавад ва корафтодагон метавонанд, ба ин бемористон муроҷиат намоянд.
Мубин Аминов,
мудири бахши урологии Бемористони Ибни Сино,
духтури дараҷаи олӣ, уролог — эндоуролог, андролог.
ГУРДАҲО ДАР ҶИСМИ МО ЧИ ВАЗИФАРО ИҶРО МЕКУНАНД?
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад. Вазифаи асоситарини он бартараф кардани пасмондаҳо тавассути пешоб мебошад. Дар як шабонарўз аз шаш то ҳашт литр хуни бадани инсон аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо гардиш мехўрад.
Яъне дар маҷмуъ, гурдаҳо қариб 180 литр хунро дар ҳар 24 соат филтр мекунанд.
Таркиби хуни мо бо сабаби истеъмоли хўрок ва нўшиданиҳо доиман тағйир меёбад. Хун ба гурдаҳо тавассути рагҳои шараёнӣ (артерия) ворид мегардад ва ин рагҳо шоха-шоха шуда, оқибат ба рагҳои тунуке мубаддал мегарданд ва бо нефронҳо, ки таркиби асосии дохили гурдаҳо мебошанд, мепечанд.
Дар ҳар гурда қариб миллион нефрон вуҷуд дорад, ки дар якҷоягӣ майдони пурзўри филтрҳо ва датчикҳоро ба вуҷуд меоранд, то хунро ба таври комил поксозӣ кунанд. Маҳз дар ҳамин ҳангом, то чӣ андоза нозук ва дақиқ будани ин систем маълум мегардад.
Барои поксозии хун ҳар нефрон аз ду абзори пурзўр истифода мекунад: яке таркиби саққомонанд аст, ки калобача ё ғунча (клубочек) ном дорад ва вазифаи аз элак ё ғалбер гузарондани хунро дорад. Дигаре найчаи дарози кашидашуда аст, ки ба он роҳча ё лулача (каналец) мегўянд ва танҳо моддаҳои муайяне чун минерал ва витоминҳоро мегузаронад. Дар натиҷа рагҳо шурўъ ба фаъолият мекунанд ва вазифаашон муайян намудани зарурати ин моддаҳо барои бадан мебошад. Агар онҳо барои бадан лозиманд, ба миқдори зарурӣ ҷаббида мешаванд ва ба ҷараёни хун ҳамроҳ мегарданд. Аммо дар хун на фақат моддаҳои фоидабахш мавҷуданд. Таркиби хун, инчунин аз пасмондаҳо низ иборат аст ва вазифаи нефронҳост, ки муайян мекунанд бо ин пасмондаҳо чи кор кунанд. Роҳчаҳо моддаҳои ба организм нодаркорро (масалан мочевина ё корбомид, партови мубодилаи сафеда дар организми одам) муайян намуда, онҳоро тариқи пешоб ба воситаи ду нойи дароз, яъне роҳи шоша (ё пешобгузар), аз гурда берун мекунанд. Оканаи ин роҳҳо ба масона мерасад ва аз онҷо ин пасмондаҳо барои ҳамеша бадани моро тарк мекунанд.
Агар дар хун об аз ҳад зиёд ҷамъ гардад, гурда онро низ тавассути пешоб ихроҷ мекунад. Аз тарафи дигар кам будани об дар хун гурдаҳоро маҷбур месозад, ки қисмате аз онро ба ҷараёни хунгард бозгардонанд. Он гоҳ миқдори оби пешоб камтар шуда ва ба ҳамин хотир рангаш зард мешавад.
Назорати ҳаҷми об дар гурдаҳо кумак мекунад, ки моеъоти бадан назм дошта бошанд. Гурдаҳо қобилияти аз ин бештар низ доранд.
Ин узвҳо инчунин қобилияти истифодаи витомини «D»- ро барои тарашшўҳи (секреция) ҳормони «Ренин», ки фишори хунро боло мебарад ва ҳоромони «Эритропоэтин», ки тавлиди зарраҳои сурхи хунро зиёд мекунад, доро мебошанд.
Бидуни гурдаҳо моеъоти бадани мо аз назорат хориҷ мешуданд. Агар гурда намебуд, хуни мо баъд аз ҳар истеъмоли ғизо, пур аз миқдори моддаҳои зараррасон мешуд ва баъд аз муддате ҷисми мо лабрези пасмондаҳо шуда, аз кор меуфтод.
Аз ин рў ҳар як гурда, ки на танҳо нозири миқдори моеъоти таркиби ҷисми мост, балки дар воқеъ нигаҳбони ҳаёти мо низ ҳаст. Ва чӣ хуб, ки ин лўбиёшаклони мўҷизаофар дар бадани мо на як, балки ду донаанд.
Абдусамад Абдувоҳидов,
мудири шуъбаи бистарии Бемористони Ибни Сино,
номзади илмҳои тиб, уролог — эндоуролог, андролог.
ҲОСИЛШАВИИ САНГ ДАР ГУРДАҲО АЗ ТАЪСИРИ ҲАРОРАТИ МУҲИТИ ЗИСТ.
Пўшида нест, ки ҳарорати муҳити зист барои рушди организм аҳаммияти хос дорад ва баъзан тағйирёбии он сабаби ба амал омадани ҳар гуна бемориҳо мегардад.
Ҳарорати муътадил ё ҳарорати меъёри муҳити зист барои рушди организм ҳудудан аз 18 то 24ос-ро ташкил мекунад. Ҳарорати дохилии организм ҳам ба сатҳи ҳарорати муҳит вобастагӣ дорад. Аз 36,5 то 36,6ос тағйирёбанда аст.
Бадани инсон ба тарзи аҷиб сохта шудааст ва ҳар як узв вазифаҳои махуси худро дорад, ки онҳо ба ҳам алоқамандии зич доранд. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва муҳити зист низ ба вазифаҳои онҳо бетаъсир намемонад. Аз ҷумла ба кори гурдаҳо ва узвҳои маҷрои пешоб.
Чи тавре, ки дар мақолаҳои пешин дарҷ гардида буд, яке аз сабабҳои пайдоиши санг дар гурда ва роҳҳои пешобрав — таъсири ҳарорати иқлим ва шароити геохимиявии ҷойи зист мебошад.
Аз рўи омори солҳои охир низ муайян шудааст, теъдоди касоне, ки аз бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб ранҷ мебаранд, сол то сол бештар мешавад, ки ин ба тағйирёбии иқлим ва норасоии миқдори кофии моеъ дар бадан вобастагии зич дорад.
Ин раванд чи тавр сурат мегирад…?
Ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво (аз 30с боло), гармии зиёд ба пўст таъсир карда, ғадудҳои арақбарор фаъол мегарданд. Дар натиҷаи зиёд арақ кардан (гипергидроз) моеъоти организм, аз қабили намакҳо, витаминҳо ва минералҳо ба миқдори зиёд аз организм дафъ мешавад ва организм камоб (дегидротатсия) мегардад. Аз сўи дигар миқдори нафаскашӣ зиёд гардида, ин низ як миқдор оби баданро хориҷ мекунад ва бадан камоб мешавад.
Ғайр аз ин дар вақти гармо миқдори бактерия ва уфунатҳо афзоиш ёфта, ба воситаи истеъмоли обу сабзавот ва меваҳо ба организм ворид шуда, кори системи ҳозимаро вайрон мекунад, ки дар пайи он бемориҳои уфунии дастгоҳи меъдаву рўда, аз қабили исҳол ба амал меояд. Дар ин маврид ҳам обу электролитҳо аз бадан шуста мешаванд ва организм ба камобӣ дучор мешавад.
Инчунин гурўҳи ашхосе ҳастанд, ки дар муҳити кушод ё дар саҳро кору фаъолият мекунанд: аз қабили деҳқонон, роҳсозон, куҳнавардон, ронандагон ва гайра, ки ин афрод низ ба гурўҳи хатар (риск) дохил мешаванд. Ин мушкилӣ дар атфол хеле кам дида мешавад.
Механизм ё раванди пайдоиши санг дар гурдаҳо.
Бар асари камобшавии организм, хун то андозае кам ва ғафс мешавад, ки дар натиҷа гардиш ва полоиш (филтрасия)-и он дар гурдахо суст гашта, ғилзат (консентратсия)-и пешоб баланд мешавад ва раванди булуршавии (кристализатсияи) пешоб шурўъ мешавад (ҷамъшавӣ ва ба ҳамдигар часпиши намакҳои таркиби пешоб). Дар сурати барқарор накардани моеъи талафёфта ё барқарор накардани ҳаҷми хуни бадан, ин раванд торафт ҷараён мегирад ва булурҳо ба якдигар ҷазб шуда, ядрои сангро ташкил мекунанд. Дар натиҷа булурҳои дигар низ ба ядрои санг часпида, сангҳо торафт бузургтар шудан мегиранд.
Сипас, дар пайи пайдоиши сангҳо дигар ихтилолҳо дар гурда ва роҳҳои пешоб сар мезанад. Бояд ҳушдор дод, ки ин ҳодисаи кимиёӣ дар ҷисми шахсоне, ки гурдаҳои онҳо сангсозанд, зудтар ҷараён мегирад!
Пешгирӣ аз ин ҳодиса.
Аз ин хотир ин афрод бояд, хусусан, дар фасли гармо дар шабонарўз на камтар аз 2000-3000мл (2-3л) моеъ нўшанд, то ки моеъи талафшуда барқарор шавад ва аз пайдоиши санг дар гурдаҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Тарзи дурусти истеъмоли ғизо низ метавонад сабаби пешгирӣ аз раванди сангҳосилшавӣ гардад, яъне истеъмоли барзиёди маҳсулоти гуштӣ, донагиҳои полезӣ, шоколод ва каҳваи сиёҳ низ тавсия дода намешавад. Чунки дар натиҷаи хўрдани ин маҳсулот муҳити пешоб асид пайдо карда, раванди сангҳосилшавиро метезонад. Муҳити пешоб (рН) бояд дар ҳудуди аз 6,0 то 7,0 карор дошта бошад.
Шахсоне, ки гурдаҳояшон сангсозанд, бояд дар фасли гармо ҳадиқалл ҳар моҳ аз муоинаи уролог гузаранд ва зери назорат бошанд, то ки аз сангҳосилшавии бармаҳал ҷилавгирӣ кунанд.
Тарзи ҳаёти солим аз ҳама гуна бемориҳо пешгирӣ мекунад!
Умар Азизов,
уролог — андролог, ҷарроҳи Бемористони Ибни Сино.