• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

ДЕР ХОБ РАФТАН АЗ АСАБОНИЯТ АСТ

от user
в Бемориҳои асаб
0

Суҳбати ихтисосӣ бо духтури дараҷаи олӣ, асабшиноси ҷавони Муассисаи давлатии Маркази тибии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмедов ва муаллими кафедраи «Бемориҳои асаб ва генетикаи тиббӣ»-и Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон доктор Абдумӯмин Файзуллоев

Инсон бе хоб зиста наметавонад, доктор лутфан бигӯед, ки вазифаи асосии хоб дар илми тиб чӣ гуна шарҳ дода мешавад?

Пеш аз ҳама ҳар як инсон ба хоб ниёз дорад. Барои он ки хоб чун ғизо ва об зарур аст, зеро инсон бе хоб фаъолияташро давом дода наметавонад. Вазифаи асосии хоб ин таъмини истироҳати инсон ва бадан аст. Инчунин хоб ба коркард ва нигоҳдории иттилоот мусоидат мекунад. Хоб аз ҷиҳати физиологӣ тақсим мешавад ба хоби суст ва хоби тез. Махсусан хоби суст ба муттаҳидсозии маводи омӯхташуда мусоидат мекунад. Дар вақти хоб хориҷ кардани моддаҳои нолозим аз ҳуҷайраҳои майна сар таъмин карда мешавад.

Баъзан мешунавем, ки мегуянд: “Хоб додари марг аст?”. Доктори азиз, то кадом андоза ин андеша дуруст аст?

Аз нигоҳ тиб ва илми муосир хоб додари марг нест. Вале инсон ҳангоми хоб аз олам фориғ мегардад. Ин мазмун (Хоб додари марг аст?) сарчашма мегирад аз китоби Қуръон, зеро дар сураи «Аз — Зумар» ояти 42 омада аст: «Худованд ҷонҳоро ҳангоми мурдан мегирад ва инчунин ҷони касеро, ки ҳанӯз намемирад (то марг фаро мерасад) дар хобашон» ва боз дар сураи «Ал — Анъом» ояти 60 омада аст: «Ӯст, ки Шуморо шабҳо ба хоб меандозад, ҷонҳоятонро аз баданатон берун мекунад ва медонад, ки рӯзона чӣ кор мекунед».

Барои инсони солим дар як шабонарӯз чанд соат хобидан  кифоя аст, ки ӯ тавонад қувваи худро барқарор созад?

Инсонҳо вобаста ба сину солашон ба хоб эҳтиёҷ доранд. Масалан кӯдакони аз 3 то 5 сола аз 10 то 13 соат, аз 6 то 15 сола аз 9 то 11 соат ва калонсолон аз 7 то 9 соат бояд хоб кунанд. Қайд кардан зарур аст, ки аз се як ҳиссаи умри одам дар хоб мегузарад. Ҳар кас, ки ин реҷаи хобро риоя намекунад хаста мешавад, парешонфикрӣ ҳис мекунад ва заъиф мешавад.

Дар баъзе ҳолатҳо шабона хоби кас то дер вақт намебарад, ин ҳолатро чӣ гуна рафъ кардан беҳтар аст, бо роҳи истифодаи дору ё ба қавли мардум “то ҳазор шуморидан”?

То дер хоби баъзе аз одамон набурданаш, ин вобастааст ба як чанд омилҳо. Масалан мондашавии рӯзона, асабоният, ташвиши зиндагӣ, манбаъҳои иттилоотии электронӣ аз қабили телефону компютеру телевизор ва бемориҳои гуногун, ки сабаби вайроншавии хоб мегарданд. Барои рафъи чунин ҳолат Сомнологҳо (духтури хоб) машварат медиҳанд, ки аввал методи ғайридоругиро истифода барем ва ҳангоми бе натиҷа будани ин методҳо баъд аз маводҳои доруворӣ истифода кунем.

Ба методҳои ғайридоругӣ дохил мешаванд:

  1. Барои хоб рафтан ва бедор шудан вақти мақсаднок таъин кардан.
  2. Хронотипи (реҷаи хобу бедоририи) худро ба назар гирифтан.
  3. Гигиена (тозагии) хуби хобро риоя кардан. Ҷои ором, торик, озода, қулайро интихоб кардан лозим аст.
  4. Бегоҳӣ барвақт ба хоб омода шудан зарур аст.
  5. Машрубот ва қаҳва нанӯшидан.
  6. Ба ҳавои тоза бароманад ва роҳгарди кардан аз 1 то 2 соат пеш аз хоб.
  7. Ҳамоми сабукӣ гарм кардан.
  8. Аз истифодаи дастгоҳҳои электронӣ худдорӣ кардан ва ғайра.
  9. Ҳангоми аз 10 то 15 рӯзи риоя кардани чунин қоидаҳо агар хоби инсон барқарор нашавад. Бояд ба духтури асаб зуд муроҷиат намояд оиди истифодаи маводҳои доруворӣ.

Баъзеҳо он чиро, ки дар хоб мебинанд, дар ёдашон нигоҳ медоранд. Аммо баъзе нафарон мегӯянд, ки онҳо умуман хоб намебинанд. Оё хоббинии доимиро беморӣ гуфтан мумкин аст?

Мо дар аввали суҳбат гуфта будем, ки хоб иборат аз «хоби суст» ва «хоби тез» аст. Вақте, ки инсонро мо дар марҳилаи «хоби суст» аз хоб бедор мекунем ӯ ҳамаро фаромӯш мекунад ва вақте ки мо иснонро дар марҳилаи «хоби тез» аз хоб бедор мекунем хоббини дар хотири ӯ мемонад. Ин асоси физиологии мураккаб дорад. Хоббинӣ ин ҳолати физиологии ҳар як инсони солим аст. Тамоми одами дунё хоб мебинад, вале хобҳои тарснок, зишту тунд, ки сабаби бедоршудан ва нороҳати инсон мешавад ба гурӯҳи бемориҳои “Парасомния” дохил мешаванд, ки ба машварат ва табобати духтурон эхтиёҷ доранд.

Барои он, ки хоби кас дуруст бошаду ба солимии инсон фоиданок, ҳамчун духтури асаб, чӣ маслиҳат медиҳед?

Барои хоби дурусту бароҳат инсон бояд гигиенаи (тозагии) хобу бедориро риоя кунад. Давомноки хоб аз 7 то 9 соат барои инсонҳои солими калонсон ҳамист, қоидаҳои дар боло зикршудаи ҷавоби саволи чорро ҳатман риоя карда шаванд.

Сипосгузорам барои суҳбати олӣ ва посухҳои пурмӯҳтавои бисёр ҷолибу омӯзанда!

Саломату сарбаланд бошед, Шервони азиз!

Суҳбати

Шервони Умриддин

Мақолаи гузашта

Даргузашти профессор Юсуф Нуралиев — идомадиҳандаи мактаби тиби Сино

Мақолаи навбатӣ

БЕМОРИИ санги ГУРДА: ПАЙДОИШ ва роҳҳои ТАБОБАТУ пешгирӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
БЕМОРИИ санги ГУРДА: ПАЙДОИШ ва роҳҳои ТАБОБАТУ пешгирӣ

БЕМОРИИ санги ГУРДА: ПАЙДОИШ ва роҳҳои ТАБОБАТУ пешгирӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ