Суҳбати ихтисосӣ бо духтури дараҷаи олӣ, урологи Беморхонаи «Мадади Акбар» ва муаллими кафедраи урологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктор Икром Рофиев
— Чаро дар гурда санг пайдо мешавад?
— Сабабҳои пайдошавии сангҳои роҳҳои пешобрав хеле гуногунанд ва пурра то ҳол муайан нашудаанд, аммо дар умум, ин сабабҳоро ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд:
— вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм;
— нуқсҳои анатомикии роҳҳои пешобрав;
— инфексия;
— идиопатикӣ — яъне сабабҳои номаълум.
1. Вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм
Гиперкалсиурия маъмултарин мубодилаи моддаҳо мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо он ба зиёд шудани ҷаббиши калтсий дар рӯда, дар баъзе ҳолатҳо ба таври зиёдатӣ резорбсия (баромадан)-и калтсий аз устухон (яъне ҳангоми бемории гиперпаратиреоз) ва дар баъзе ҳолатҳо ба нотавонӣ будани найчаҳои гурда алоқаманданд, ки калтсийро бо пешоб зиёд мебароранд, вобаста аст.
Аз ҳама бештар сабабҳои умумии бемории санги пешоб метавонад гиперкалсиурия, гипероксалурия, гиперурикозурия, гипоситратурия ва паст шудани ҳаҷми пешоб аз ҳисоби истеъмоли ками обанд.
2. Нуқсонҳои анатомикии роҳҳои пешобрав
Ҳамаи он нуқсонҳои модарзодии роҳҳои пешобрав, ки барои баста шудани роҳҳои пешобрав ва минбаъд ҷамъшавии пешоб дар гурда боис мегарданд риски пайдошавии сангро дар роҳҳои пешобрав ба вуҷуд меоваранд. Ин нуқсонҳо аксаран тангшавии роҳҳои пешоббароранд ва онро мебояд аввалан баратарф намуд, то ки ҷамъшавии пешоб дар гурда баратараф шавад ва санг пайдо нашавад.
- Инфексия
Сангҳои коралӣ ё шохгавазнии таркибашон струвитӣ (калтсий, магний ва фосфати аммоний) аз мочевина ба вуҷуд меоянд, ки аксаран ба инфексияи роҳҳои пешобрав вобаста мебошанд.4. Ташаккули сангҳои идиопатикӣ
Дар ин гурӯҳи одамоне, ки аксарият ягон нуқсони пайдошавии санг надоранд, дохил мешаванд. Аксаран ин намуди сангҳо сангҳои оксалати калстий мебошанд.
— Нишонаҳои бемории санги гурда кадомҳоянд?
-Беморони гирифтори сангҳои пешоб метавонанд бо дард, сироят ё гематурия муроҷиат кунанд. Сангҳои хурди гурдае, ки роҳи пешобро банд намекунанд, ба бемор ягон шикоят эҷод намекунанд ва танҳо баъзан вақт аломатҳоро ба вуҷуд меорад.
Санги гурда дар бемороне, ки як гурда доранд, метавонад ҳангоми банд кардани роҳи пешоб аз гурда, ба пайдошавии норасогии шадиди гурда оварда расонанд. Яке аз нишонаҳои маъмултарини санги гурда ин халадарди гурда мебошад, ки ҳангоми он бемор хеле дарди сахтро ҳис карда, аксаран он бо қайкунӣ ва дилбеҳузурӣ сурат мегирад. Бемороне, ки сангҳои калони гурда, ки бо номи коралӣ ё шохгавазнӣ маълуманд, аксар вақт бе нишона пайдо мешаванд ва беморро аксар вақт азият намедиҳанд, аммо аз ҳисоби сироят ва монеагии музмини пешоб дар гурда фаъолияти гурдаро оҳиста — оҳиста паст кунанд.
— Паёмадҳои ин беморӣ чист?
-Ин сирояти музмин ва шадиди гурда, васеъшавии ковокии гурда аз ҳисоби банд кардани санг, ки метавонанд паст кардан ва дар ниҳоӣ ба пурра гум шудани кори гурда оварда расонанд.
— Ин бемориро чӣ хел табобат мекунед?
-Табобати бемории санги пешоб ба андоза, ҷойгиршавии санг ва сабаби пайдошавии санг вобаста аст. Аксаран, сангҳои хурди гурда тавассути табобати доруворӣ табобат мешаванд, яъне худ меафтанд бо пешоб. Лекин дар баъзе ҳолатҳо, агар сангҳои хурд паёмадҳои сахт диҳанд, онро мебояд фавран ба намуди табобати эндоскопӣ табобат намуд. Дар ҷаҳони муосир то 98% сангҳои роҳҳои пешобрав, ки ниёз ба гирифтан доранд, тавассути усулҳои каминвазивӣ, яъне бидуни ҷарроҳиҳои кушода ва буриш ва агар буриш ҳам бошад, андозаи он на зиёда аз 1-2 см аст, гузаронида мешаванд. Ба ин усулҳо ҷарроҳиҳои эндоскопӣ — лазерӣ, сангшикании дистансионӣ, лапароскоӣ дохил мешаванд. Агар сабаби пайдошавии санг нуқсони анатомикии роҳҳои пешобрав бошанд, мебояд ҳангоми табобат он нуқсҳоро ҳамчунин бартараф намуд.
— Роҳҳои пешгирӣ аз пайдоиши санг дар гурда кадомҳоянд?
-Пешгирии пайдошавии санг аввалан ба муайян кардани сабаби он вобастагӣ дорад. Агар сабаби пайдошавии санг бартараф карда шавад, он метавонад хавфи пайдошавии сангро хеле паст кунад. Аммо то ҳол пурра пешгирӣ кардани пайдошавии санг мушаххас нест ва маъмултарин пешгирии санг ин зиёд кардани истеъмоли об то 2-2,5 литр дар як шабонарӯз аст. Ҳамчунин, аз рӯи маълумотҳои навтарин, барои пешгирии ҳама гуна сангҳои гурда доруи ситрати калий тавсия карда мешавад.
— Сипоси бепоён барои суҳбати пурмуҳтаво!
-Саломату сарбаланд бошед!
Мусоҳиб Шервони Умриддин



