• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Фарбеҳӣ ҳам беморист

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

 Дар 55 соли охир миқдори кўдакони фарбеҳ 10 маротиба афзудаст

Дар байни аҳолӣ рўз аз рўз шумораи одамони вазнашон барзиёд ё худ «фарбеҳ» меафзояд. Махсусан, миёни кўдакону наврасон ин ҳолат бештар ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи коршиносон, аз соли 1970 то имрўз теъдоди бачагони фарбеҳ 10 баробар (!) зиёд шудаст. Суҳбати мо бо Шаҳноза САМИЕВА, номзади илмҳои тиб, табиб-эндокринолог, диетолог маҳз доир ба ҳамин мавзўи мубрам сурат гирифт.

ДИГАР ДАР ХОНА ХӮРОК НАМЕПАЗЕМ?

— Фарбеҳӣ бемории ҷиддист ва он сарчашмаи пайдоиши дигар маризиҳо шуда метавонад. Он байни кӯдакону наврас ниҳоят афзудаст ва оқибати нохуш дорад. Аз ҷумла гирифтории барвақтӣ ба бемориҳои дилу раг ва ихтилоли равонӣ. Фарбеҳӣ ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Кӣ бештар мубталои “килограммҳои зиёдатӣ” мешавад? Он, аслан, натиҷаи бевоситаи риоя накардани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои нодуруст мебошад. Ирсӣ буданаш низ исбот шудааст.

Рушди технология ва истифода аз асбобҳои барқии замонавӣ анҷом додани корҳои рӯзгордориро осон ва фаъолияти ҷисмонии занҳоро хеле кам намудааст. Шустушӯи либос – мошини ҷомашӯӣ, рӯбучини хона — чангкашак, пухтани хӯрок – мултиварка! Хуллас, ҳар коре, ки бояд дар он нерӯи ҷисмонӣ масраф шавад, ба дӯши техника вогузор шудааст. Кор ба дараҷае расида, ки бисёр хонаводаҳо хӯроки шомро дар ошхонаю тарабхонаҳо тановул менамоянд ё бо “доставка” фармоиш медиҳанд. Яъне «анъанаи» дар хона таом пухтани занону духтарони тоҷик аз байн рафта истодааст. Дар ошхонаю тарабхонаҳо бошад, ғизои нодуруст, ба мисоли таомҳои серравған, бирён ё дуддода, фастфуди мӯдшуда пешкаши мизоҷон мегардад, ки ба саломатӣ зарар дорад.

УСУЛИ ОСОНИ МУАЙЯНСОЗИИ ВАЗНИ ИДЕАЛӢ

— Аломати фарбеҳии наврас ё одами калонсол зуд ба чашм мезанад, яъне худи намуди зоҳирияш гувоҳи ҳол аст…

— Дуруст. Фарбеҳӣ, пеш аз ҳама, дар зери манаҳ, қисми поёни шикам, паҳлуҳо ва рони пойҳо ба тари назаррас пайдо мешавад. Суст инкишоф ёфтани мушакҳо низ аломати дигари ин беморист, ки ба назар ноаён мемонад.

Барои аниқ кардани вазни идеалӣ формулаҳои зиёд ҳастанд. Роҳи аз ҳама осони муайян кардани вазни муътадили бадан ин аст: қадро чен карда, аз он 100-ро тарҳ кунед, вазни идеалӣ ҳосил мешавад. Масалан, қадатон 165 сантиметр. Аз он 100-ро мегирем, 65 мемонад. Яъне бо ин қад вазни идеалии шумо бояд 65 килограмм бошад. Агар кило бисёртар бошад, пас шумо ҳам…

— Бисёр осон будаст ин ҳисоб. Шаҳнозабону, дар боло фарбеҳиро ангезандаи дигар маризиҳо гуфтед. Метавонед, мушаххастар тавзеҳ диҳед? 

— Миқдори аз ҳад зиёди чарбу дар организм боиси бемориҳои дилу раг, безурриётӣ, диабети қанди намуди дуюм, остеоартрит, остеопороз, саратони ҷигару ғадуди зери меъда ва заъфи мушакҳо мегардад.

Дар занон аз ҳисоби фарбеҳӣ гирифторӣ ба саратони тухмдон, бачадон ва сина эҳтимол дорад. Дар организми мардҳо аз ҳисоби чарбуи ҳосилшуда тестостерон кам мешавад, ки оқибаташ безурриётист.

БА УМЕДИ “ДИЙЕТАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ” НАБОЯД ШУД

— Шумо бо ашхоси фарбеҳ бисёр сарукор гирифтаед. Бигўед, ки онҳо дар марҳилаҳои хатарноки сеюму чорум ба чӣ аҳвол меафтанд?

— Ҳар одам бояд ҳокими нафси худ бошад ва нагузорад, ки фарбеҳӣ ба ҳадди ниҳоӣ расад, зеро марҳилаҳои 3-4-ум хеле хатарнок буда, табобат то ҷарроҳӣ меравад. Аллакай дар марҳилаи 3-юм аломатҳои хоболудии аз ҳад зиёд, арақкунӣ, асабоният, қабзият, дилбеҳузурӣ, дарди буғумҳо ва пушт, номунтазамии давраи ҳайз дар занон, номуътадилии системаҳои нафаскашӣ, ҳозима, дил ва рагҳо ба миён меоянд.

— Пўшида нест, ки бисёр шахсони фарбеҳ барои харобшавӣ бидуни маслиҳат бо духтур бо таъсири рекламаҳо аз ҳар гуна парҳезу доруворӣ истифода менамоянд.

— Худтабобаткунӣ комилан норавост, зеро ин ҳама тавсияи интернетии парҳезшиносони навбаромад ба яке фоида кунад, ба дигаре суде намебахшад ё ҳатто зарар меорад. Чаро? Чунки ҳар организм хусусиятҳои худро дорост, ба хусус ҳангоми фарбеҳӣ.

Барои дарёфти илоҷи кор диетолог ё эндокринолог ҳаст. Вай аввал таърихи бемории ниёзмандро меомӯзад. Танҳо баъди ташхис (томографияи компютерӣ, ташхиси ултрасадоии шикам, таҳлили хун, санҷиши қабати чарбуи бадан ва ғайра) маълумотро дар бораи тағйирёбии вазн дар синну сол, реҷаи хӯрокхӯрӣ ва ирсияти бемор ҷамъ оварда, ниҳоят бо хулосаи амиқ беморро ба табобат фаро мегирад.

Бояд гуфт, ки дар ҳолати парҳез ва дасткашӣ аз хӯрдану нӯшидан дар буняи одам афсурдаҳолӣ афзуда, оби бадан кам мешавад. Баъди як муддат парҳез кардан ё хӯрдани ҷурғоту марҷумак дуюмбора ба истеъмоли хӯрокҳои серчарбу ва ширинию нонӣ оғоз мекунанд, ки натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Буняи одам ба ғизои солим, витаминҳо ва дигар элементҳои зарурӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, ҳама ғизо, сабзавотумеваро истеъмол ҷоиз аст, вале бо ҳадди меъёр.

АЗ ДОРУҲОИ ҲОРМОНӢ ТО 10 ҲАЗОР ҚАДАМЗАНӢ

— Ҳангоми ин ё он беморӣ дорувории «ҳормонӣ» истифода мешавад, ки гўё ба зиёдшавии вазн меорад. Шаҳнозабону, ин гумону пиндорҳо асос доранд?

— Собит шудааст, ки 95 дарсади фарбеҳӣ аз ҳисоби камҳаракатӣ ва истеъмоли ғизои носолим аст ва танҳо 5 дарсади онро мутахассисон ба бемориҳои эндокринӣ тавъам медонанд.

Истифодаи доруҳои ҳормонӣ вазни баданро зиёд менамояд, вале муваққатан, ин ҳам бошад, то 6-7 килограмм, на зиёдтар. Доруҳои «ҳормонӣ» иштиҳо оварда, таваҷҷуҳи бемор ба таомҳои серғизо меафзояд. Дар давраи хурӯҷи бемории ковид ин ҳолат дар бештари сироятшудагон мушоҳида мешуд.

— Пас, шумо ҳамчун мутахассиси соҳа чӣ тавсия медиҳед?

— Барои пешгирӣ ва ҳам бартараф намудани вазни зиёдатии бадан зарурати машқ дар толорҳои варзишӣ ё фитнесклубҳо нест, танҳо ҳаракати муттасил ё пиёдагардӣ басанда аст.

Одамоне ҳастанд, бахусус, калонсолон, ки дарди пой ё дигар беморӣ доранду пиёда гашта наметавонанд, вале ҷавонону наврасон, онҳое, ки қобилияти корӣ доранд, беҳтар аст, бештар пиёда роҳ раванд. Пиёдагардӣ қоидаи хос дорад. Ҳазор, ду ҳазор, се ҳазор қадам задан хеле кам аст, бояд қадамзанӣ то 10-12 ҳазор бошад.

Пеш аз хоб фосилаи хӯрокхӯрӣ 3-4 соат бошад ва баъдан, эҳсоси гушнагиро бо сабзавоту мева паст кардан муфид аст. Мутахассисон барои пешгирӣ аз бемории фарбеҳӣ, пеш аз ҳама, иродаи мустаҳкам, инчунин, хоби бароҳат, пиёдагардӣ ва истеъмоли хӯроки солимро зарур мешуморанд.

— Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳиб Паймонаи ҶОВИДОН,

“Даво”

Мақолаи гузашта

От почки до печенки сколько весят ваши органы?

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Фарбеҳӣ ҳам беморист

Фарбеҳӣ ҳам беморист

08.09.2026
От почки до печенки сколько весят ваши органы?

От почки до печенки сколько весят ваши органы?

05.09.2026
Давоҳои тақвиятбахши нури чашм

Давоҳои тақвиятбахши нури чашм

04.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ