• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

ГЕПАТИТ ЧИСТ?

от user
в Бемориҳои эндокринӣ, Хабарҳо
0

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо муовини директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб Саодат Азимзода

Аз рӯи маълумоти омори Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ танҳо дар соли 2017 2 миллиону 850 ҳазор нафар дар ҷаҳон гирифтори вируси гепотит шудаанд.

Аз ин омор бармеояд, ки ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ҳудуди ҳашт ҳазор нафар дар ҷаҳон олудаи он мешаванд. Маргу мир аз вируси гепотит 1,4 миллион нафарро дар сол ташкил медиҳад. Ин рақамро агар ба 365 рӯз тақсим кунем, 3825 нафар дар рӯз аз он мефавтанд. 

-Гепотит чист?

-Гепатит як намуди вирусе мебошад, ки органи дӯстдоштаи он ҷигар аст. Бемориҳои гепотит илтиҳоби бофтаҳои ҳуҷайраи ҷигар буда, сабаби пайдошавиашон вирусҳои гуногун мебошанд. Вирусҳо ба бофтаву ҳуҷайраҳои ҷигар осеб расонида, гепотитро ба вуҷуд меоранд. Дар ҷаҳон зиёда аз 9 намуди гепатит вуҷуд дорад. Аз ҷумла, гепотитҳои A, B, C, D, I, F ва ғ. вуҷуд доранд, ки вирусҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳамчунин, роҳҳои сироятёбӣ, дармон ва табобати гуногуни худро доранд. Гепотити вирусӣ яке аз роиҷтарин бемориҳо дар ҷаҳон буда, дар беш аз 200 кишвари дунё сабт шудааст. Тибқи омори расмии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, гепотит аз лиҳози маргу мир дар байни бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон пас аз бемории сил дар ҷойи дуюм меистад.

-Аломатҳои бемории гепотитҳои вирусӣ гуногун ё якхелаанд?

-Аломатҳои бемории гепотитҳои вирусӣ вобаста ба намуди онҳо мебошад. Ҷараёни беморӣ ду намуд, шадид ва музмин мегузарад. Аломатҳои шадид дар аввал ба мисли бемории зуком буда, баъдан заҳролудшавӣ, хастагӣ, беҳолӣ, аз ҳисоби зиёд шудани миқдори билирубин дар хун зардӣ дар луопардаҳои чашм, сафедшавии наҷосат ва қаҳваранг шудани пешоб дар беморон бештар дида мешавад. Фарқияти аломатҳои гепотитҳои вирусӣ байнӣ худи вирусҳо ҳастанд, ки дар аломати клиникӣ дида намешавад. Мо танҳо бо озмоишҳо муайян карда метавонем, ки кадом намуди вирус аст, ки ба организм ё ҷигар осеб расонидааст. Танҳо бо воситаи озмоишҳои лабораторӣ навъи вирусро муайян карда, ташхис мегузоранд.

Гепатитҳое, ки бештар ба ҷигар зарар мерасонанд ин B, C ва D мебошад. Инчунин, дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон мо гепатити Е-ро ҳам муайян карда метавонем. Ин яке аз вирусҳоест, ки бештар дар даврони ҳомиладорӣ пайдо мешавад ва ба ҷигари бонувон зарар мерасонад.

—Њангоми сироят ба гепатит чӣ нишонаҳо дар бемор падид меояд?

-Нишонањои ин беморї дарњол зоњир намешаванд. Бемор метавонад бо нишонаҳои монанд ба бемории бруселлёз ба духтур муроҷиат намояд, яъне бо оризаҳои вазнин муроҷиат кунад. Мо дар пажӯҳишгоҳ як тадқиқот ҳам гузаронидем, ки дар як сол зиёда аз 30 фисади беморон  бо гепатит ё бруселёз якумин бор бо ориза меоянд. Вақте гепатит танҳо бо хун мегузарад, ягон нишона надорад. Њомиладорон зимни муоинаи духтури занона ва беморон пеш аз ҷарроҳӣ ҳатман ташхиси гепатитро мегузаранд.

Вақте  ки зан ё  ҷавонмарди хонадоршаванда гепатит дорад ва дар вақти ҳомиладории зан онро мо муайян накунем, дар ин сурат имконияти гузаштани беморї аз модар ба кӯдак вуљуд дорад. Бинобар ҳамин агар ҳар як беморӣ пешгирӣ шавад хубтар аст. Яъне, ҷавонзане, ки  дар оянда модар мешавад, то ҳомиладор шуданаш бояд муолиҷа гирад. Ва танњо тибќи нақшавӣ бояд ҳомиладор шавад. Гепатит зимни робитаи ҷинсӣ имконияти аз мард ба зан ё аз зан ба мард  гузаштанро дорад. Бинобар ин агар зимни ташхис  хонадоршаванда гепатити В бошад, мо ваксинатсия мекунем. Агар гепатити С бошад, роҳҳои пешгирии интиқол, инчунин роҳҳои табобати гепатитро пешниҳод мекунем .Дар ин сурат фоиз ва имконияти интиқол аз зан ба мард ё аз мард ба зан хело паст мешавад. Гепатитҳои музмин  назоратшаванда ва табобатшаванда мебошанд. Ин хело муҳим аст. Хусусан гепатити С табобатшаванда буда, ҳоло доруҳои табобатшавандаи дастрас ҳастанд. Пештар хело гаронарзиш ва дастрасиашон кам буд. Ҳоло бо тараќқї кардани соҳаи фармасевтика доруњо дастрасанд.Дар ин љода Вазорати тандурустӣ низ дасгирї менамояд.Гепатитҳои музмини вирусӣ дар бисёр ҳолатҳо бенишон мемонанд, лекин бисёр вақт дилбеҳузурӣ, зардшавии чашм, зардшавии пӯсти бадан, қайкунӣ, беҳаракатӣ, баландшавии ҳарорати бадан мушоњида гардида,гепатити шадид пайдо мешавад. Дар гепатити шадид баъд аз як ё шаш моҳ агар ҳамин нишонаҳо давом кунад ,вай ба шакли музмин мегузарад

-Роҳҳои сирояти ин вирус кадомҳоянд?

-Вирус танҳо аз одами бемор ба одами солим тариқи интиқоли хун мегузарад. Тариқи дастшӯӣ, якҷо нишаста сӯҳбат кардан ва  хӯрок хурдан гепатит намегузарад. Бештар сабабгори интиқоли вирусҳо табибони дандон ва гинекологон мешаванд. Бисёр вақт чӣ мардон ва чӣ занон метавонанд дар кошонаҳои ҳусн бо ҳамин вирус сироят ёбанд. Бинобар ин, ҳангоме ба кошонаи ҳусн меравед, албатта, талаб кардан даркор, ки ҳамон дастгоњҳое, ки истифода мекунанд, ҳамааш яккарата бошад. Ё ин ки дастгоҳҳои тамизгардонӣ коркард карда шуда бошанд. Мардҳо низ дар вақти ришгирӣ дар сартарошхонањо эњтиёт шаванд, то ба ин вирус сироят наёбанд.

-Мегўянд, ки аз ҳисоби ғизоҳои вазнин ҷигар равған мегирад. Оё ин њам минбаъд боиси сироятёбї ба гепатит мешавад?

-Бале. Њангоми аз ҳад меъёр зиёд хӯрок хӯрдан, фарбеҳ шудан, камҳаракатӣ ҷигари солиме, ки равғаннокиаш зиёд шуд, боиси пайдоиши бемории ғайриалкаголии ҷигар мешавад, ки он оќибат ба сирози ҷигар ва оризаҳои сирози ҷигар бурда мерасонад. Бинобар ин ҳозир дар Тоҷикистон барои пешгирии фарбеҳӣ ва бемориҳои ба он вобаста диабети қанд, фишорбаландӣ, дилу рагҳо, касалињои саратонӣ чорабиниҳои  зиёд  амалӣ шуда истодааст.

Дар тамоми дунё бемории фарбеҳї эпидемия шудааст. Дар Амрико ва давлатҳои Европа фарбењон ниҳоят зиёданд. Дар Тоҷикистон ҳам дар байни калонсолон ва хурдсолон фарбењї хело зиёд ба назар мерасад.

-Пас аз табобат эҳтимоли дубора пайдо шудани беморӣ вуҷуд дорад?

-Бале , шахси табобатгирифта метавонад бо дигар намуди беморӣ гирифтор шавад. Масалан, агар гепатити В бошаду қоидаҳои бењдоштиро  риоя накунад, метавонад гирифтори гепатити С шавад. Гепатити В бисёр вақт бо гепатити D пайваст аст. Яъне, интиқоли дигар бемориҳо ва пайдоиши дигар бемориҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ,  чї қадар бояд одам эҳтиёт шавад. Хусусан он шахсе ки гепатит дорад, бояд ҳаракат кунад, ки бемории дигари вирусӣ пайдо нашавад, ки ин равиши бемориро вазнин мекунад ва дубора хуруљ мекунад. Шумораи вирусҳо дар организм зиёд мешавад ва ба оризаҳои вазнин оварда мерасонад.

-Муолиҷа ва табобати бемориҳои мазкур чӣ гуна сурат мегирад?

-Муњлати табобати гепатити В дарозтар ва гепатити С-ро агар гузариш ба сироз набошад ҳамагӣ дар  се моҳ муолиҷа кардан мумкин аст. Агар гузариш бошад, табобат 6 моҳ аст.

Дар Тоҷикистон бештар гепатитҳои В ва С ва дар ҷойе, ки В ҳаст албатта мо D-ро низ мебинем.Нӯшидани шароб ва сигоркашӣ равиши бемориро вазнин мекунад. Баъди пайдоиши гепатити D табобати вай мушкилтар мешавад. Барои пешгирии гепатити В дар тамоми дунё ваксинатсияи гепатити В-ро ба роҳ мондаанд. Дар Тоҷикистон низ ин корҳо  шуда истодааст ва тавассути ҳамин пешгирӣ шумораи беморони В кам мешавад.Аз ин рў ваксинатсия — эмгузаронӣ кори асосии пешгирӣ ва табобати беморӣ ба ҳисоб меравад.

-Гепатити А-ро зарпарвин ҳам мегӯянд. Зарпарвин ҳам метавонад  ба дигар намудҳои гепатит замина гузорад?

-Зарпарвини гепатити А  сабук мегузарад. Он дар байни кӯдакон дар фасли тобистон ва тирамоҳ, ки  дар ҳавз оббозӣ мекунанд ва бехатариро риоя намекунанду  беназорат мемонанд ва бо дастони ношуста  ѓизо мехўранд, дучор меояд.Табобати он дар байни 21 рӯз гузашта меравад ва ягон ориза ба ҷигар намедиҳад. Бинобар ин гепатити А ҳам ваксинасия дорад, ки онро дар вақташ кардан даркор аст.

-Ғизои беморони гепатит чист?

— Бештар истеъмоли микроэлементҳо, истеъмоли савзавоту меваҷот, кабудиҳотавсия дода мешавад. Гӯшти гӯсфанд ва хӯрокҳои дуюм ба мисли сихкабоб, мурѓбирён, шакаробу қурутоб  барои ҷигар сарборї ва ташвиши зиёд меорад. Бинобар ин мо бояд аз ин хӯрокҳо даст кашем. Хӯроки дурусти серғизои витаминдор бояд истеъмол кард.

-Тавсияи Шумо ба хонандагони маҷаллаи “Даво”.

-Маҷаллаи “Даво” хеле хонданибобу шавќовар  аст. Бисёр мавзӯъҳои хуб ва диқатҷалбкунандро пайгирӣ мекунад. Аз ин рў ба тамоми мардуми Тоҷикистон тавсия мекунам, ки онро хонанд.Мо ҳамчун табиб ба хонандагон саломатӣ, хушбахтӣ ва эҳтиёткорӣ мехоњем. Пешгирӣ беҳ аз табобат аст. Дар як сол ҳадди ақал 1 ё 2 бор рафта аз ташхис гузаранд ва ба саломатии худ аҳамият дода, худро дӯст доранд. Доим саломату сарбаланд бошед!

Мусоҳибон:

Бибихонум Дарвешзода,

Шервони Умриддин,

“ДАВО”

Мақолаи гузашта

Дар соли нав саратон сафед намешавад, агар…

Мақолаи навбатӣ

ХУДРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

user

user

Мақолаи навбатӣ
ХУДРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

ХУДРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Шӯҳрат ва «Садафдандон»-и ў

Шӯҳрат ва «Садафдандон»-и ў

25.06.2026
Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

24.06.2026

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

23.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ