ХУДРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо терапевт — духтури умумӣ ва мудири шуъбаи муолиҷавии
Маркази тиббии Шифо Моҳчеҳра Ғуломова
— Зуком чӣ беморӣ аст?
— Зуком ин бемории вирусӣ буда, бо роҳҳои ҳавои қатравӣ аз як одам ба дигар одам ҳангоми паст будани системаи иммунӣ мегузарад. Тирамоҳи заррин дар баробари полизи пурғановат, меваҳои лазиз ва анборҳои пурфайзаш бо худ баъзе касалиҳои мавсимиеро меорад, ки мо, одамонро нороҳат месозанд. Яке аз чунин бемориҳои дар фасли поиз авҷгиранда зуком аст, ки ҳам калонсонлон ва ҳам хурдтараконро азият медиҳад.
— Чӣ гуна ин беморӣ бояд пешгирӣ шавад?
— Пешгирӣ танҳо як роҳ дорад. Иммунитедро боқувват кардан: хӯрокҳои серғизо хӯрдан, бештар дар ҳавои тоза пиёда гаштан ва тозагиро риоя кардан аст.
— Чӣ авориз ба бор оварда метавонад?
— Оризаҳои зуком бронхит, пневмония, сил, астма ва илтиҳоби шушро ба бор оварда мерасонад.
— Табобати зуком чӣ гуна аст?
— Табобати зуком ин реҷаи дурусти хоб, нӯшокиҳои зиёд ва хӯрокҳои серғизо истеъмол кардан лозим аст.
— Ин рӯзҳо теъдоди гирифторони сулфа хеле зиёд шудааст. Сабаби инро шумо ҳамчун мутахассис дар чӣ мебинед?
— Ҳар як фасл бояд мавсими худро дошта бошад. Зимистонҳои Тоҷикистон гарм мешавад. Дар зимистон бояд барф борад, лекин барф кам ба назар мерасад ва аз ҳамин сабаб грипп, сулфа ва зуком зиёд мешавад. Одатан сулфа бо сабаби шамолкашии узвҳои болоию поёнии нафас зимни бемориҳои сироятӣ, аз қабили зуком, бронхит, пневмония, сил, астма, тромбоэмболияи артериалии шуш ва саратони шуш сар мезанад. Бемориҳои лорингит, фарингит ва ренит низ боиси сулфа кардани инсон гашта метавонанд. Баъзан бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, норасоии кори дил, аллергия ва касалиҳои асаб ҳам касро ба сулфа гирифтор месозанд.
— Аслан сулфа дар байни як ҳафта ё даҳ рӯз шифо меёбад, вале баъзан аз як то ду моҳ тӯл мекашад. Сабабаш дар чист?
— Аз рӯйи давомнокиаш сулфаро ба 3 намуд ҷудо мекунанд: сулфаи шадид, ки маъмулан дар 1 — 2 ҳафта мегузарад, сулфаи тӯлонӣ, ки то ду моҳ тӯл кашида метавонад ва сулфаи куҳнашуда (хронический). Дар сурати бо қабули доруҳои сулфа ҳам паст нашудани шиддати сулфаи бемор ва беш аз ду ҳафта тӯл кашидани беморӣ ҳатман ба табиб муроҷиат карда, аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст, чунки сулфаи давомдор метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад.
— Барои табобати сулфа аз дорухона доруи сулфа харида хӯрдан кифоя аст ё ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард?
— Барои табобати сулфа ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Барои он ки сулфа метавонанд гуногун бошад. Табобати сулфа нозукиҳои худро дорад. Сабабҳои сулфа ҳам гуногун шуда метавонад. Сулфа хушк, намнок ва давомнок мешавад. Ҳар яки ӯ табобати худро дорад. Ман ҳамчун табиб бе иҷозати духтур дору харида хӯрданро маслиҳат намедиҳам, чунки доруҳои худсарона қабул кардаи бемор ба ҷойи фоида баръакс зарар расонида метавонанд. Барои табобати дуруст аввал сарчашмаи бемориро аниқ кардан лозим аст, бинобар ин, ман ҳамчун табиб маслиҳат медиҳам, ки ба духтури терапевт ё пулманолог муроҷиат карда, аз ташхис гузаранд. Табиб аз рӯйи натиҷаи ташхис ва аломату нишонаҳои беморӣ доруҳои пасткунандаи шиддати сулфа ва балғамбарор мефармояд. Баъзеҳо одат кардаанд, ки аз чанд доруи фармудаи табиб танҳо 2 — 3 тоашро мегиранд. Ин кор хато аст. Барои натиҷаи хуб додани табобат доруҳои фармудаи табибро ба пуррагӣ гирифтан лозим аст.
— Сулфаро бо гиёҳҳо ва давоҳои мардумӣ ҳам табобат карда мешавад?
— Сулфаро бо гиёҳҳо, давоҳои мардумӣ табобат кардан мешавад. Лекин баъди табобати асосии духтур. Табобати асосӣ ин бо доруҳо мебошад. Ба духтур муроҷиат мекунӣ, духтур ба ту таъинот мекунад баъд аз он ба гиёҳҳою давоҳои мардумӣ табобат карда шавад. Дар ҳақиқат гиёҳҳои табиӣ дар табобати сулфа таъсири хеле хуб мерасонанд. Шахсоне, ки аз сулфаи хушк азият мекашанд, агар аз кокутӣ, пудинаи куҳӣ ва раҳдавак барои худ давои алафӣ тайёр карда нӯшанд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад.
— Чӣ бояд истеъмол кунем, ки иммунитет баланд бошад!
— Барои баланд кардани иммунитет хӯрокҳои серғизо, нӯшокиҳои зиёд, яъне об зиёд истеъмол кардан даркор аст. Тақрибан 2 ва 3 литр дар як рӯз, дар ҳавои тоза пиёда гаштан, гигиенаи шахсиро риоя карданд. Вақте аз берун меоед бояд дасту рӯятонро бо собун ҳатман шӯед.
— Кӯдаконро чӣ гуна дар фасли зимистон эҳтиёт кунем?
— Дар фасли зимистон ҳатман кӯдаконро либосҳои гарм пӯшонидан лозим аст. Оби хунук ва хӯрокҳои хунук умуман додан лозим нест. Лекин либосҳои гарм пӯшонида дар ҳавои тоза ҳатман бояд сайру гашт кард, ҳатто барф ҳам борида бошад.
— Ҳоло мавсими грипп рафта истодааст, дар бораи пешгирӣ ва муолиҷаи грипп чӣ бояд кард?
— Пешгирии мавсими грипп чунин аст: бештар дар ҳавои тоза гаштан ва вақте аз берун меоед бояд дасту рӯятонро бо собун шӯед. Оби хунук нанӯшед. Яке аз роҳҳои беҳтарини мубориза бо грипп ва дигар бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ мебошад. Ваксинатсия шуморо аз вирусҳои навъи А ва В муҳофизат намуда, хатари гирифторшавӣ ба ОРВИ-ро чандин маротиба камтар месозад.
— Дар арафа соли нав қарор дорем, чӣ маслиҳатҳо барои саломатӣ медиҳед, то рӯзҳои соли навро хуб гузаронем?
— Одам як бор ба дунё меояд ва зиндагиро бояд ҳамин хел гузаронед, ки дар охир ҳаёт пушаймон нашавед. Дар зиндагӣ худро дӯст доштан лозим аст. Вақте, ки худро дӯст медоред, худро эҳтиёт мекунед. Эҳтиёт мекунед, бемор намешавед ва бемор шавед зуд солим мешавед.
Мусоҳиб Шервони Умриддин
“Даво”
МАЪЛУМОТНОМАИ “ДАВО”
Ғуломова Моҳчеҳра Улуғбековна 7 — уми декабри соли 1985 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2002 бо тариқи гузариш яъне аз синфи 9 ба синфи 11 гузашта, мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кард.
Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорида, соли 2008 бо дипломи сурх хатм кард. Баъд аз хатми Донишгоҳи мазкур соли 2008 ба ординатура дохил шуда, онро соли 2010 бо сари баланд ба итмом расонид.
Баъд аз хатми ординатура духтури одӣ шуда, дар Маркази тиббии Шифо фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд.
Ғуломова Моҳчеҳра Улуғбековна айни замон духтури умумӣ — терапевт ва мудири шуъбаи муолиҷавии Маркази тиббии Шифо дар шаҳри Душанбе мебошад.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.




