Ғафсшавии хун барои инсон хатари ҷиддӣ дошта, бинобар бо суръати суст аз рагҳо гузаштанаш боиси тромбоз мешавад. Омилҳое, ки боиси ғафсшавии хун мегарданд, инҳоянд: беобшавии организм дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавии шадиди рўда, баландшавии сатҳи холестерин, майпарастӣ, тамокукашӣ, камҳаракатӣ, таъсири вирусҳо, камшавии витамину микроэлементҳои зарурӣ, аз қабили селен, рўҳ ва витаминҳои С, В12 дар организм. Хоболудӣ, сустӣ, беҳолӣ, оҳиста ҷоришавии хун ҳангоми ҷароҳатёбӣ ва нафастангӣ нишонаҳои ғафсшавии хун буда метавонанд.
— Ба як истакон 5 дона барги пудина андохта, ба болояш оби ҷўш резед. Панҷ дақиқа дам дода, як қошуқча асал ва ё шакар (беҳтараш, найшакарӣ) илова намоед. Чойи мазкурро ним истаконӣ рўзе ду бор (субҳу шом) ним соат пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати табобат як моҳ.
Баъди ду ҳафтаи танаффус метавонед табобатро такрор кунед. Ментоли таркиби пудина пайдошавии уқдаи гиреҳҳоро пешгирӣ мекунад.
— 15 грамм газна (крапива)-и хушкро ба як истакон оби ҷўш андохта, як соат дам диҳед. Як қошуқӣ рўзе 3-4 маротиба аз ин даво нўши ҷон намоед. Газна дар баробари тунук кардани хун фишори шараёниро низ паст месозад. Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.
— Тахач (талхшувоқ, явшон, полынь), беди алафӣ (кипрей, иван чой) ва пудинаро ду қошуқӣ гирифта, хуб омехта кунед. Як қошуқ аз ин омехтаро ба докае андохта, аз болояш як литр оби ҷўш бирезед. Баъди 2 соат дам додан давои мазкурро ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз хўрок давоми як ҳафта истеъмол намоед. Давои мазкур аз моддаҳои даббоғӣ ва қатронӣ ғанӣ буда, боиси тунукшавии хун мегардад.
— Як қошуқӣ юнучқаи зардак (юнучқаи бухорӣ, донник) ва барги хушки маҷнунбед (белая ива) -ро ҳамроҳи се қошуқча гули шоҳбулут (конский каштан) гирифта, ба болояшон 500 мл оби ҷўш бирезед. Баъди 40 дақиқа дам додан аз дока гузаронида, рўзе 4 маротиба ним истаконӣ як соат пеш ё баъд аз ғизохўрӣ истеъмол намоед. Барои беҳтар шудани таъми даво ва самаранокии он ду қошуқча асал ҳамроҳ кунед. Муҳлати муолиҷа се моҳ.
— Ду қошуқӣ дўлона, решаи нардсунбул (валерианка), юнучқаи зардак, «арўси чаманзор» (таволга, филипендула) ва нозбў (мелисса)- ро омехта намоед. Аз ин омехта ду қошуқчаро гирифта, ба болояш ду истакон оби ҷўш бирезед. Даворо 3-4 соат гарм нигоҳ доред. Давои мазкурро 50- 75 милилитрӣ рўзе 4-5 маротиба истеъмол намоед.
— Тути хирс (клюква)-и хушкро бо асал як ба як омехта, рўзе як қошуқчаӣ се маротиба аз он истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 10 рўз.
— Як қошуқча барги хушки юнучқаи зардакро дар як истакон оби ҷўш андохта, 10- 12 соат дам диҳед. Сипас, даворо аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе ду бор истеъмол намоед.
— 30 грамм гули юнучқаи зардакро ба як литр оби ҷўш андохта, 10- 15 дақиқа дам диҳед. Аз ин даво як истаконӣ рўзе ду маротиба истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 2 ҳафта.
— Як қошуқ пўстлохи майдакардаи бедро ба як истакон об андохта, 30 дақиқа дам диҳед. Онро полонда, ним истаконӣ рўзе ду бор нўши ҷон кунед.
— Як қошуқ баргу пояи майдакардаи ширинбияро ба як истакон оби ҷўш андохта, 15 дақиқа дам диҳед. Баъди аз дока гузаронидан ним истаконӣ рўзе ду бор онро истеъмол намоед.
— Ду қошуқӣ «арўси чаманзор» (таволга)- ро бо чойи сиёҳ омехта кунед. Аз ин омехта як қошуқ гирифта, дар чойникчае бо ним литр оби ҷўш андозед. Болояшро гарм пўшонида, ним соат дам диҳед. Аз чойи мазкур як истаконӣ рўзе се маротиба бинўшед.
— Дорчин яке аз беҳтарин антиоксидантҳои табиии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ним қошуқчаи онро дар як коса шўрбо ё мастоба омехта карда, истеъмол намудан дар баробари беҳтар намудани ҳазми ғизою мустаҳкам гардонидани иммунитет боиси тунук гардонидани хун мешавад.Дорчин нишондиҳандаи оксиди нитрогенро, ки дар хун ҷамъ шуда, боиси вайроншавии фаъолияти мағзи сар, бемориҳои онкологӣ ва дил мегардад, кам менамояд.
— Зардчўба (куркума) аз ҷумлаи адвиёте ба ҳисоб меравад, ки девораи рагҳои хунгардро мустаҳкам сохта, тромбозро пешгирӣ мекунад. Ин зиравории хушбў хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, хунро ғафсшавӣ намемонад. Куркумини таркиби зардчўба антиоксиданти пурқувват буда, хунро тунук ва пайдошавии тромбоситҳоро пешгирӣ менамояд.
— Сирпиёз (чеснок) сабзавотест, ки хосияти тунуккунии хунро дорад. Илман асоснок шудааст, ки сирпиёз хавфи пайдошавии атеросклерозро паст карда, тромбоситҳоро кам, хунро тунук, сатҳи холестеринро паст ва эҳтимоли ғафсшавии хунро кам менамояд. Ҳар рўз 1-2 донача истеъмол намудани сирпиёз масуниятро қавӣ, дилро солим ва хунро муътадил нигоҳ медорад.
— Нўшидани оби тоза боиси солимии инсон, аз ҷумла пешгирии ғафсшавии хун мегардад. Субҳи барвақт як истакон ва дар давоми рўз 6 истакон об нўшидан хунро тунук нигоҳ медорад.
— Истеъмоли мунтазами помидор, гулкарам, пиёз, чормағз, бодом, писта, ангур, анор, ғуҷуммеваҳо (қулфинай, марминҷон…), гулмоҳӣ, чойи сабз, шарбати ангур, шоколади сиёҳ ва шарбати ананас боиси тунукшавии хун мегардад.
— Як қошуқ коснӣ (чачараскул, цикорий) — ро дар ним литр об андохта, ним соат гарм пўшонида, дам диҳед. Як истаконӣ рўзе се маротиба аз ин даво истеъмол намоед.
— Ду қошуқча хокаи занҷабил (имбирь)- ро дар як литр оби ҷўш андохта, ба он ду қошуқ асал, як дона лиму, се дона қаланфури гардан (гвоздика) ва мувофиқи табъатон шакар ҳамроҳ кунед. Болои зарфро гарм пўшонида, ним соат дам диҳед. Сипас онро аз дока гузаронида, рўзе ним истаконӣ се бор нўши ҷон кунед.
— Ҳар рўз як қошуқӣ истеъмол намудани равғани хоми зағир ё зайтун боиси тунукшавии хун мегардад.
— Истеъмоли моҳии камравған, гўшти мурғ ва харгўш низ муфид аст.
Ҳушдор:
— Агар хун ғафс бошад, аз истеъмоли маҳсулоти ширии серравған, наск, марҷумак, банан, киви парҳез бояд кард.
— Ҳангоми истифодаи давоҳои гиёҳӣ аз истеъмоли дору худдорӣ кунед. Зимни ҳомиладорӣ, ширмаконӣ, гирифторӣ ба бемориҳои илтиҳобии меъдаю рўда, гастрит, захми меъда ва рўдаи дувоздаҳангушта, диатез, лейкоз ва ҷигар истифода аз давоҳои зикршуда мамнуъ аст.
— Барои ашхосе, ки хунашон ғафс гаштааст, истеъмоли давоҳо аз чойкаҳак (зверобой), барги зулф (подорожник), настаран (шиповник), пуганак (пижма) ва бўимодарон (тысячелистник) тавсия дода намешавад.
Асадулло АМИНОВ, гиёҳшинос, шаҳри Душанбе