Дарди гулў.
-Як қошуқӣ баргҳои хушки сапали шутур (мать и мачеха), тамашк (малина), мармарак (шалфей)- ро якҷоя намоед. Аз он ду қошуқашро ба термос андохта, ба болояш ним литр оби ҷўш андозед. Баъди ду соат дам хўрдан онро ширгарм намуда, аз дока гузаронед. Рўзе 3 — 4 маротиба бо ин даво гулўро чайқонед.
-3 грамм решаи тару тозаи каҳзак (хрен)- ро ба як истакон об андохта, ду соат дам диҳед ва рўзе якчанд маротиба гулўро чайқонед.
-Як қошуқ гиёҳи (чистотел)- ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 15 дақиқа дам диҳед. Сипас каме ширгарм намуда гулўро чайқонед.
— Ба 50 милилитр (чоряк ҳиссаи истакон) шарбати турб як қошуқ асал ҳамроҳ карда, гулўро чайқонед ва онро фурў баред. Барои кўдакон як қошуқ оби турбро бо як қошуқ асал омехта карда, ба бодомакҳои гулўяшон бимолед. Ин амалро 2 ҳафта ҳамарўза анҷом бояд дод.
-Барои гирифторони тонзиллити музмин (хронический тонзиллит) дар фаслҳои зимистону баҳор як қошуқӣ гули бобунаву баргҳои мармаракро якҷоя намуда, ба термос андозед ва ба болояш ним литр оби ҷўш резед. Баъди як соат бо он гулўро чайқонида, дар давоми рўз ширгарм намуда, мисли чой бинўшед.
-Рўзе 3- 4 маротиба як қошуқӣ оби пиёз нўшидан дарди гулўро таскин медиҳад.
— Як дона пиёзро майда реза кунед. Ба болояш ним литр об андохта, дар оташи паст 5 дақиқа гарм кунед. Баъд аз оташ гирифта, ду соат дам диҳед. Ба он 2 — 3 қатра равғани мармарак ва ё як қошуқча равғани ангат (облепиха) ҳамроҳ кунед. Рўзе 3- 4 маротиба бо он гулўро чайқонед.
-Тирамоҳу баҳор ба бодомакҳои гулў як қошуқ шарбати сабр (алоэ)- ро бо ду қошуқ асал бимолед. Ду ҳафта ҳамарўза ва сипас ду ҳафтаи дигар рўздармиён ин табобатро идома диҳед.
— Бо каме оби пиёз гулўро чайқонидан дарди онро таскин мебахшад.
— Асалро дар оби ширгарм ҳал карда, каме даҳонро ғарғара карда, сипас бинўшед, захму ҷароҳати ҳалқро бартараф мекунад.
— Хўрдани зардии тухми мурғ барои софу равшан кардани овоз муфид аст.
— Агар гулў варам карда бошад, орди ҷаву оби кашнизро омехта, аз берун банданд, варамро паст мекунад.
— Пораи лимўро бо пўсташ ба асал омехта карда хўрдан, чой бо асалу лимў нўшидан ва бо он гулўро ғарғара намудан ҳам муфид аст.
— Ба як истакон шарбати лаблабу як қошуқ сиркои себӣ ҳамроҳ намуда, рўзе 3- 4 маротиба гулўро чайқонида дар охир аз он як қурт фурў бурдан давои дарди гулў мебошад.
БЕМОРИҲОИ БИНӢ.
— Пучоқи берунии тухми мурғро майда карда, хокаи онро ба бинӣ кашидан илоҷи бемориҳои бинист.
— Оби анори туршро то ғафс шудан ҷўшонда, ба бинӣ рехтан захми дохили биниро сиҳат мекунад.
— Хардал (горчитса)- ро кўфта, бо асал ба пешонӣ моланд, бемориҳои биниро шифо мебахшад.
— Дорчинро кўфта, чанги онро ба бинӣ кашидан ва 10 грамм дорчинро истеъмол кардан низ давои бемориҳои вобаста ба бинист.
— Қаранфул (гвоздика)- ро кўфта, хокаи онро ба бинӣ кашидан иллатҳои биниро ба ибро медарорад.
— Оби испандро ба бинӣ рехтан хунравиро бозмедорад.
ДАРДИ ГЎШ (ОТИТ).
— Як сирпиёзи миёнаҳаҷмро гирифта, қима карда, шарбати онро ҷудо намоед. Ба як ҳиссаи шарбати сирпиёз се ҳисса об ҳамроҳ кунед. Ин амалро рўзе се бор такрор намоед. Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.
— Агар дарди гўш бо сабаби шамолкашӣ бошад, хиштеро гарм карда, онро бо ягон латта печонда, ба болояш гўши дардмандро гузоред, дард пас аз муддате бозмеистад.
— Чаконидани равғани гармкардаи бодом (ду- се қатра) дарди гўшро таскин медиҳад.
— Ду- се донача сирпиёзро қима карда (кўфта), ба он як қошуқ равғани зағир ё кунҷид андохта кобед. Сипас онро гарм карда ба гўш чаконед, давои дарди гўш мешавад.
— Ба дохили чойники сирнок ду- се қошуқ мармарак андохта, онро ҷўшонед. Сипас аз болои плита (оташдон) гирифта, боэҳтиёт гўши дардмандро дар буғи он гарм кунед. Пас аз муддате дарди гўш таскин меёбад.
— Оби райҳонро ҷафида, як- ду қатраашро ба гўш чаконидан иллатҳои гўшро барҳам медиҳад.
— Ҳангоми дар гўш захм будану аз он зардоб баромадан чаконидани як- ду қатра оби барги зуф (подорожник) ва ё мушхор (лопух) муфид аст.
-Як – ду қатра равғани бодоми талхро ба гўш чаконидан бисёр иллатҳои гўшро рафъ намуда, шунавоии онро хуб мекунад.
— Чаконидани шири зан дарди гўшро таскин медиҳад.
— Ду- се қатра равғани донаи кадуро ба гўш чаконидан вазнинии гўшро рафъ менамояд.
— Агар ба гўш ҷонвар (магас, хомўшак)-е даромада бошад, ба он заҳраи гов ва ё оби пудинаро бирезанд, берун мекунад.
— Райҳонро хуб соида, бехта, аввал се қатра равғани каду ва сипас ордаки райҳонро каме ба гўш пошанд, кариро рафъ месозад.
— Ду- се қатра заҳраи говро ба гўш чаконидан омадани риму зардобро бозмедорад.
— Агар ду- се қатра заҳраи гўсфандро ба гўши вазнин чаконанд, шунавоӣ беҳтар мешавад.
— Заҳраи бузу говро омехта карда, ду- се қатра ба гўшҳо чаконанд, кариро рафъ менамояд.
Меъроҷиддин АЗИЗОВ,
гиёҳшинос, деҳаи Арҷинаки шаҳри Ҳисор.