Гиёҳдармонии бемории лақва (каҷ шудани рўй, фолиҷ).
Сабаби бемории лақва рехта шудани хилти балғамӣ ва рутубӣ аст. Дар ин беморӣ даҳон ва лабҳо низ каҷ мегарданд, ки оби даҳон ба тарзи рост берун намеояд ва бемор нафаси чуқур кашида наметавонад.
— Хўроки беморро аз чагалдак ва гўшти паррандагон, хусусан, кабўтару гунҷишк мекунанд. Бемор бояд аз таомҳои туршу шўру тез парҳез кунад.
— Ҳалилаи сиёҳро куфта обашро хоида фурў барад, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Рўзе як адад ҳалилаи кобулиро бихояд ва оби онро фурў барад, то ҳалила дар даҳон тамом шавад, иншоаллоҳ рўйи каҷшуда ислоҳ мешавад.
— Гўшти заргўшро бо ташвия пўхта, бо обкома бихўранд, иншоаллоҳ, шифо ёбанд.
— Гўшти заргўшро бо ташвия ё кабоб карда, бо дорчин, мурч, хардал (горчица) ва тухми шибит, ки турш карда бошад, бихўранд, рўйи каҷ рост шавад.
— Ҳар рўз ду дона кучаларо бо қоидааш истеъмол намояд, иншоаллоҳ, шифо меёбад.
— Сиёҳдонаро як шаб дар сирко тар карда, субҳ гирифта, кӯфта дар бинӣ бирезанд, шифо ёбанд.
— Сабр (алоэ), сиёҳдона, танакори арманӣ, ҳамаро баробар гирифта, кӯфта, бехта бо оби лаблабу даромехта, баъд аз чор рўз дар бинӣ чаконанд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.
***
Муолиҷаи молихулиё (асабӣ, девонагӣ).
Аломати беморӣ: бисёр хавф мебарад ва метарсад, фаромўшхотир мегардад. Сабабаш он ки хилти савдо, рутубат бар ҷисми бемор ғалаба кардааст.
— Санои маккиро бо ҳар роҳе, ки истифода кунад, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Ҳар рўз ду дирам ҳалилаи кобулиро кӯфта, бо се чандони он асал сиришта бихўрад, молихулиёро нест мекунад.
— Ҳар рўз як мисқол қаранфули гарданро кӯфта, бихўрад, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Гўшти сагбачаро пухта бихўрад, молихулиёро дафъ кунад.
— Ҳар рўз ду дирам реша ва барги хушки чоқиларо кӯфта, бихўрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.
— Пиёзи анзурро дар ташвия пухта, бо шаш миқдори он намак даромехта, каме равған илова карда, аз ин маҳсул ба дили наҳор якуним мисқол бихўрад, шифо ёбад.
— Ҳашт дирам зарпечакро бо шири тозадўшида ва шакар бихўрад, давои хубест.
— Даҳ дирам зарпечакро дар ним литр шири навдўшида як рўз тар карда, бо понздаҳ мисқол сиканҷабин бихўрад ва то як ҳафта бо ин мудовимат намояд, иншоаллоҳ шифо меёбад.
***
Муолиҷаи бемории фолиҷ (фалаҷ)
Нимаи бадани инсон рост ё чап, аз тори сар то нарангушти пой шал ё карахт шуда, аз ҳаракат кардан мемонад. Сабаби ин маризӣ рехта шудани моддаи сарди тари кўҳнашуда ба саргаҳи асабҳои он нимаи бадан, ки дар мағзи сар аст. Моддаи тари балғам сабабгор буда, гоҳо аз ғалабаи хун низ ба вуҷуд меояд.
— Испанди тарро дар оташ гарм карда, бо мудовимат гузошта банданд, барои фалаҷ даво мешавад.
— Беморро дар пўсти нав аз бадани гург ҷудокарда печонанд, арақ меорад ва иншоаллоҳ шифо ёбад.
— Ҳар рўз як мисқол испандро бихўрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.
-Истеъмоли сир барои бемории фалаҷ давоест хуб.
— Гўшти заргўшро бо ташвия кабоб карда, бо дорчин, мурч, хардал ва тухми шибит, ки турш карда бошад, бихўрад, фолиҷро дафъ кунад.
— Пўсти беруни тозаи чормағзро ба мисли барги ҳино кӯфта, ба мабдои асабҳо гузошта банданд, фолиҷро ба ибро меорад.
— Ҳар рўз ним мисқол қаранфули гарданро кӯфта, бо об биёшоманд ва онро бўй карда гарданд, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Гўшти хорпуштро бе намак муҳарро пухта, бо мо-ул-асал бихўранд, фолиҷро шифо мебахшад.
— Мурчро кӯфта, бо оби барги зулф бихўранд ва бар он мудовимат намоянд, фолиҷро шифо мебахшад.
— Гўшти фохтак, кабўтар ва гунҷишк давои хубест барои дафъи фолиҷ.
— Кўршабпаракро дар равғани зайтун муҳарро пухта бихўрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.
***
Муолиҷаи саръ (припадка)
-Шаб пеш аз хоб миқдори нахўди хурд барин мўмиёро бо обе, ки дар он райҳон ҷўшонда шуда бошад, истеъмол кунад.
— Малҳами хардал (горчица)- ро бо лаблабу доимо пухта хўрад.
— Дар вақти хурўҷи беморӣ мўмиёро дар оби сирпиёз ҳал карда, як-ду қатра дар бинии мариз чаконед, иншоаллоҳ бо тезӣ ба ёд меояд.
— Ҳар саҳар 100 мл. шарбати зулфро бо каме асал омехта карда, ду дона мурчро кўфта бихўрад.
— Бо санои маккӣ ҷилоб кунад ва аз раги қифол хун гирад, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Рўзе 4- 5 гр. тухми исфандро кўфта, орд карда, бо об фурў барад.
— Гўшти заргўшро муҳарро пухта, бо мурч, хардал (горчица), тухми шибит ва дарҷим омехта карда бихўрад, иншоаллоҳ шифо меёбад.
— Қиёми ҷавдорро рўзе миқдори гандум истеъмол кунад ва дар оби гарм ҳал карда, бо равғани зайтун дар пешонӣ молад.
— Қаранфули гарданро доимо дар таги забон монда бимакад ва бўй кунад.
— Исфанд ва пудинаи лалмиро чун чилим бикашад.
— Аз ҳалилаи зард, кобулӣ ва ҳиндӣ истифода барад, беҳтарин ва аълотарин даво аст.
Ҳоҷи Муҳаммадрасул Иброҳимзода,
табиби мардумӣ, шаҳри Ваҳдат.